Тибқи маълумоти коршиносон тайи 40 соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳими захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк коҳиш хӯрдааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб ҳазораш тамоман аз байн рафтааст. Обшавии босуръати пиряхҳоро донишмандон ба ҷараёни гармшавии иқлим рабт медиҳанд. Тавре онҳо мегӯянд, танҳо пиряхи бузургтарини минтақа Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб раҳо додааст.
Ҳангоми суханронӣ дар Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани ҷараёни обшавии пиряхҳо дар кишвари асосии таъминкунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ бо об, яъне Тоҷикистон, изҳори ташвиш намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани чораҳои фаврии манфиатбахш дар самти пешгирии билофосилаи гармшавии глобалии сайёра даъват карданд. Ҳамчунин, бо дастури Президент дар таркиби Академияи илмҳои мамлакат Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфта, мутахассисони соҳа мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддан ба роҳ мемонанд. Дар доираи дастурҳои Роҳбари давлат ва ҳам татбиқи босамари Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2030 масъулони Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар қаторкӯҳҳои водии Рашт мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронданд.
МУШОҲИДА ВА НАТИҶА
- Мушоҳидаҳои аэровизуалии ҳамасола, баъди ба охир расидани мавсими асосии боришоти зимистонаву баҳорӣ гузаронда мешаванд. Ҳадаф аз ин амал муайян кардани меъёри боришот ва таъсири он ба сарчашмаҳои обии мамлакат, яъне пиряхҳо ва қабати барфии кӯҳҳо мебошад. Имсол боришот нисбат ба соли гузашта қариб то 40 фоиз камтар буд. Мушоҳидаҳо низ собит сохтанд, ки танҳо дар иртифои бештар аз 2700 -2800 метр барф ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ҳатто дар соли камбориши гузашта ҳам он забонаҳои барфу пиряхҳо хеле поинтар то 2400 ва 2500 метр баландии сатҳи баҳр мушоҳида мегардиданд. Муайянкунии захираи барфро дар се усул, тавассути шабакаҳои ҳавосанҷӣ, чархбол ва шеваи пиёда мегузаронем. Имсол нисбат ба соли гузашта барф хеле кам аст. Мувофиқи пажӯҳишҳо дар ҳавзаи Қизилсу, Ёқсу, Вахш, Оби Хингов, Сурхоб, Кофарниҳон ва минтақаҳои марбут ба он 41,3 % захираи барф вуҷуд дошт, - мегӯяд директори Агентии обуҳавосанҷӣ Ҳомидҷон Расулзода.
Тавре масъулон иброз намуданд, гузарондани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ чор самтро дар бар гирифт. Муайян кардани захираи барф, зичӣ ва обнокӣ, омилҳои атмосферӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон.
- Мо тавассути чархбол мутахассисони ҷавонро низ ба ташхис ва назорати аэровизуалӣ ҳамроҳ бурдем. Зеро донишкадаҳои мо мутахассисони соҳаи яхшиносиро омода намекунанд, – бо таассуф иброз медорад Ҳомидҷон Расулзода.
Намунаҳое, ки коршиносони соҳа аз пиряхи Гармо гирифтанд, нишон доданд, ки обнокии барф 0,41 грамм сантиметри мукааб мебошад. Яъне баҳори имсола 15–20 рӯз пештар расидааст, ки таъсираш, албатта, ба пиряхҳо манфӣ хоҳад буд. Агар имрӯз мо обшавии пиряхҳоро ба партофти газҳои гулханӣ рабт диҳем, сабаби дигар ин таркиби газҳои атмосферӣ ба мисоли хокбориш мебошад,- иброз медоранд коршиносон.
- Хокборише, ки рӯзҳои аввали моҳи апрели соли ҷорӣ бо таъсири фишори сарди атмосферӣ, ки аз ҷониби Урал ба давлатҳои ҷануб - Эрону шимоли Афғонистон ворид гардид, аз ҳисоби сатҳи болоии замин гардолудшавии фазо мушоҳида шуд. Ҳамаи гарди фазо оқибат болои барф мешинад ва суръати обшавии онро боз ҳам метезонад.
КАМОБӢ ДАР НАЗАР АСТ
- Вазъи ногувори обу ҳавои зимистон ва баҳори соли 2018 боиси аз меъёри муқаррарӣ кам будани боришоти барф ва дар ин замина коҳиш хӯрдани майдон ва захираи он дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ шудааст. Ғафсии қабати барф дар баландиҳои 2900–3200 метр аз сатҳи баҳр дар ҳавзаи дарёи Қизилсу аз 80 сантиметр то 110 сантиметр мерасад, ки ин миқдор 56 % меъёри муқарраргардида мебошад. Дар ҳавзаи дарёи Ёқсу бошад, қабати барф дар баландиҳои 2650 – 2700 метр то 35 - 40 сантиметр ва дар иртифои 3200 ба 80–160 сантиметр мерасид, ки ин нишондод 35 - 40 % аз меъёри муқаррарӣ кам мебошад. Ҳамасола ҳангоми мушоҳидаҳо дар минтақаи Оби Хингоб ва Сағирдашт овезаҳои барфӣ ба назар мерасиданд, ки имсол тамоман мушоҳида нагардиданд. Дар водии Оби Хингоб то минтақаи Сангвор барф умуман нест. Аз сабаби захираи ками барф дар болооби дарёҳои ҷумҳурӣ дар айёми вегетатсия камобӣ дар назар дошта шудааст, ки метавонад ба кори кишоварзон таъсири манфӣ расонад, - мегӯяд Абдурашид Тағойбеков, сардори маркази яхшиносии Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ.
МАРКАЗИ ЯХШИНОСӢ
Дар ҳайати Агентии обуҳавошиносӣ дар қатори дигар соҳаҳо Маркази яхшиносӣ низ фаъолияти серҷабҳа дорад.
Дар доираи Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо барои солҳои 2010–2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2014, № 38 Маркази яхшиносӣ таъсис дода шуд. Айни ҳол ин марказ пурра фаъолият намуда, дар он зиёда аз 10 нафар мутахассиси соҳибкасб кори пурсамар дорад.
Маҳз мутахассисони Маркази яхшиносӣ дар ҳар гуна вазъияти обу ҳаво дар кӯҳсор, мавзеъҳои сербарфу доманакӯҳҳо қарор дошта, ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, таркиби яхпораҳо, обу бод ва борон машғуланд. Дар ин соҳа мутахассисоне кор мекунанд, ки таҷрибаозмудаанду ба иҷрои ҳар супориши таъҷилӣ омодаанд. Кормандони он таҳқиқи гидрографии ҳавзаи дарёҳо, омӯзиши махсуси низоми пиряхҳо, қабати барф, маҷрои об, харитасозии тарма, пешбинии сел, андозгирии барф дар кӯҳҳо ва корҳои геодезӣ дар пиряхҳоро ба уҳда доранд.
Ҳамасола кормандони марказ намудҳои махсуси мушоҳида гузаронда, дар пиряху дарёҳо ҷадвалҳои обу барфченкунӣ насб карданд, ки аз рӯи онҳо бо чархбол қабати барфу сатҳи обро муайян мекунанд. Онҳо муоинаи ҳаракати пиряхҳо, кӯлҳо, тармаю барф ва аксбардории онҳоро анҷом медиҳанд. Мутахассисони марказ мекӯшанд, ки дар омӯзиши қонунияти тақсимоти барф, пиряхҳо, кӯлҳои рахнашаванда, минтақаҳои селраву тармафаро ва пешрафти соҳа саҳмгузор бошанд.
-Дар чандин пиряхҳои азими Тоҷикистон таҷрибаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, аз ҷумла дар пиряхи Федченко, гузаронда шуданд. Вақте мо дар пиряхҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарем, инчунин, ташхиси геологиву равандҳои геофизикии минтақае, ки пирях дар он воқеъ мебошад, пеш меояд. Ташхиси қабатҳои пирях бо воситаи бур (дастгоҳи пармакунӣ) ва дигар таҷҳизот то 3–4 метр барои муайян кардани гардиши дохилии пирях гузаронда мешавад. Дар адабиёти соҳавӣ шумораи пиряхҳои Тоҷикистон гуногун арзёбӣ мегардад ва имрӯз зарурат пеш омадааст, ки теъдоди онҳоро дақиқ созем. Вале маблағе, ки дар як сол барои мо ҷудо мешавад, барои анҷоми пурраи корҳо намерасад. Як соати парвоз тариқи чархбол 4,5–5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, - мегӯяд Абдурашид Тағойбеков.
Хулоса, мушоҳидаи аэровизуалии кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат дар минтақаи Рашту Дарвоз ин навбат хушнудкунанда набуд. Ҳар ҷое, ки мушоҳида мешуд, камшавии сарчашмаҳои об, яъне пиряху барф ба назар мерасид. Шиддат гирифтани суръати обшавии пиряхҳо низ боиси нигаронист. Чанд сол пештар, агар забонаи пиряхҳо дар як сол тақрибан 9 метр кӯтоҳтар мешуд, аз рӯйи мушоҳида ва пешгӯии мутахассисон имсолу солҳои баъдӣ ин суръат боз ҳам зиёд мешавад.
Ин тамоюл на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Бо дарки ҳамин мушкил Сарвари муаззами давлати мо иқдоми наверо дар мисоли барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ба хидмати ҷомеаи ҷаҳонӣ арза намуданд.
С. Далер