– Аз лаҳзаи эҳсоси фарзанд дар батнам, то ҳангоми таваллуд ва шабҳои бедорхобӣ бари гаҳвора дуои тансиҳативу дарозумрии ӯро доштам, - бо буғзи гиря дар гулӯ иқрор мекард модар. - Эй кош, хабари маргашро мешунидаму ин кирдорашро не…
Ба гоҳи наззора дар оинаи пешорӯи ронанда чеҳраи ғамзадаву заъфаронии модари ҷигархуне намудор шуд, ки умқи чашмони обиаш андуҳи бузургро нуҳуфта медошт. Аз саъйи лаҳзае ба ҷойи ӯ худро тасаввур намудан, эҳсоси сарду торике вуҷуди касро фаро мепечид. Модар хабари ба созмони экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайвастани муҳоҷирбачаашро шунидан баробар ба сароҳат мегуфт: «Ҳеҷ кас аз хато эмин нест, аммо бо террористон пайвастану даст задан ба қатлу даҳшатафканӣ гуноҳи кабир асту нобахшиданӣ…»
Мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, алайҳи ин вабои аср дар кишвари мо низ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Баъде, ки Сарвари давлат аз омилҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаравидани баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ карданд, инъикосу баррасии ин мавзӯи доғ дар ВАО-и кишвар, аз ҷумла матбуоти даврӣ, ба таври густурда ба роҳ монда шуд.
Гурези маънавӣ ё…
Мутаассифона, мушоҳида мешавад, ки дар баробари сатҳи пасти маърифатнокии сокинон фаҳму фаъолияти масъулони дастгоҳи маънавии шаҳру навоҳӣ низ дар самти пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин раванди хатарзо ҷавобгӯи замон нест. Гурези масъулони соҳаи маънавиёти навоҳӣ аз суҳбат атрофи ин мавзӯи асабхор доираи қишрҳои ҷомеаро, ки таҳаммулу қабули оилаҳои осебпазирро надоранд, фаротар ба намоиш мегузорад. Ҳазару канораҷӯии атрофиён аз аҳли оилаҳои гирифтори ин вабо сабаби дархудрафтагӣ, пинҳонгардию худдории онҳо аз муносибатҳои ҷамъиятӣ ва печидатар гаштани ин уқдаҳои иҷтимоист. Чаро ки оилаҳои осебпазир аз тарси ба қавле ангуштнамои мардуму радди маърака нашудан, ба ҷойи чора андешидан баръакс, гумроҳшавии фарзанди худро аз ҷомеа паноҳ медоранд. Моро низ лозим омад, ки танҳо ба шарти ифшо накардани исму насаби мусоҳибон, дар як ҳайати суҳбат-вохӯриҳои «Хона ба хона» ба суроғи як оилаи осебпазири вилояти Хатлон раҳ бубарем.
Дар кӯчаҳои печидаву ороми маҳалла ба ҷуз кӯдакони бозигар нафаре аз бузургсолон наменамояд. - Ҳама дар коранд, - гӯён писарчаи 10–12 - солае бо лики дасташ сӯи хонаи раиси маҳалла ишора намуд. Ҳамин тавр, бо раҳнамоии раиси маҳалла мо озими яке аз манзилҳои ин ҷо гардидем. Дару дарвозаҳои кушода, саҳни ҳавлии ба тозагӣ обзадаву рӯфта аз одату омодагии соҳибхона ба омаду рафти одамон дарак медод. Бонуи зоҳиран азодоре даст пеши бар моро истиқбол намуда, болои кати оҳанин нишонд. Ин лаҳза сарвари хонавода ҳам аз обмонии сабзавот баргашта, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд.
Эҳтиёҷ, доми бало…
- Писарам ҳунарманд буду дар авҷу ривоҷи касбу кор якбора аз ҳама чиз дилмонда шуд. Шабу рӯз саргарми телефонбозӣ буд. Аз куҷо донам, ки ин телефон балои бузургро ба сараш меорад, - ба дард гирист модар. - Очаҷон, ту беҳтарин модарӣ дар дунё, гуфта, лутф мекарду меҳрубонӣ ва ман худро хушбахттарин одами замину замон эҳсос мекардам. Намедонам, ба доми фиреби кӣ уфтод, ки ҳаёти худу зиндагии осудаи ҳамаи моро барбод дод.
Бародари рӯзноманигор! Ту худ ҳама хубу бади дунёро мефаҳмӣ, аммо, агар ба доми ҷодугару соҳир биафтӣ, ба ҳадде аз худ меравӣ, ки чӣ кор карданатро нахоҳӣ донист…, - дар идомаи суханони ҳамсараш таъкид дошт сарвари хонавода. - Он ҳизбу ҳаракатҳои манфур ҳам ҷавононро бо ҳамин роҳҳо ба худ ҷалб мекунанд. Сад афсӯс, ки аз гирифтории бачаҳоямон вақте огоҳ мешавем, ки аллакай дер шудааст.
Мард бо дидаи ашкбор ба атрофи ҳавлӣ назар афканда, мекӯшид гиряи гулӯгирашро фурӯ нишонад… «Дар сари суд иқрор гашт, ки чӣ тавр зери таъсири ғояҳои экстремистӣ-террористӣ мондааст, ки ҳатто вақтҳои охир моро ҳам намешинохт. Вақте ақлу ҳуш ба сараш зад, бовараш намеомад, ки чунин амали зишту нобахшиданиро анҷом додааст. Душманони башар аз зишттарин роҳ чун сипар истифода бурдани ҷавонони содаву гумроҳ, кор мегиранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ насли ҳамсоли моро ба худ ҷалб карда наметавонанд, зеро мо заҳри ҷангу фитнаи душманони миллатро як бор чашидаем».
Ҷаҳонишавӣ ва ҷавоншавии хатарҳои ҷаҳонӣ
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми мамлакатҳои олам маҳз қишри ҷавони ҷомеа ба равияҳои ифротӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин мояи нигаронӣ аст, - иброз медорад Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. - Симои ҷавон гирифтани ифроту терроризм метавонад ба пойдории амнияту суботи кишварҳо латмаи сахт ворид карда, паҳншавии ин равияҳои харобиоварро тақвият бахшад. Аз ин лиҳоз, истифодаи неруи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хавфноки ифротӣ нишонаи костагии мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои низоми сиёсиро тақозо менамояд.
Оид ба роҳҳои пешгирӣ аз гароиши занону мардон ба гурӯҳҳои ифротӣ фикру андешаҳо гуногунанд. Фаъолони ҷомеа дар ин самт ба роҳандозии чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ дар миёни мардум афзалият медиҳанд. Аммо, зодмандоне, ки фарзандонашон қурбони гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд, хоҳони маҳдудсозӣ ва баста шудани сомонаҳое мебошанд, ки ҷавононро ба роҳи бад кашидаанд. Хулосаи афкори умум вобаста ба ин мавзуи доғ ба мазмуни зер натиҷагирӣ мешавад: «Дар ҳоле созандагони идеяву равандҳои ҷаҳонишавӣ дар мубориза бо ифротгароӣ фаъолияти дастаҷамъона нишон намедиҳанд, давлатҳои осебпазирро мебояд, ки аз имконияту неруҳои дохилӣ истифода бурда, ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеаи хеш мустақиман иқдом бигиранд».
Овози дард
Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки айни замон фаъолияти соҳаву сохторҳои деҳоту навоҳӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои хатарзо беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло ки душманони башар аз тариқи воситаҳои муосири муошират ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд, дастгоҳи идеологии шаҳру навоҳиро мебояд, ки дар ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи суботу осоиштагӣ аз таҷрибаи суҳбат, вохӯриҳои инфиродӣ ё ба қавле гуфтугӯи «як ба як» бо мардум истифода намоянд, ки таъсири бештару натиҷаи беҳтар дар пай хоҳанд дошт. Чаро ки аз гуфтаи баъзе зодмандони хонаводаҳои осебпазир, бештари наврасону ҷавонони имрӯз аз лиҳози равонӣ душвортарбия ба ҳисоб мераванд. Лекин, волидон ба хотири обрӯи хонавода ё аз хавфи бадном нашудан ин воқеиятро нуҳуфта медоранд. Дар мисоли он модари бадбахту парешонҳол, ки гаҳе изҳори пушаймонӣ аз таваллуду ба воя расондани чунин насли нохалаф дошта, гоҳе дигар ба таъкид мегӯяд: «Ягона роҳи наҷоти ҷавонписарон аз доми гурӯҳҳои ифротгаро идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ асту ҳам адои хизмати ҳарбӣ, ки дар ин сурат ба корҳои беҳуда вақт наёбанд. Агар пойи равону ҷону дармон медоштам, то вопасин лаҳзаи умр хона ба хона мегаштам, то ин ки модарони Тоҷикистонро таъкид намоям, ки фарзандонро лаҳзае бидуни назорат нагузоранд, то ҳаёту мамоти худу аҳли башарро барбод надиҳанд».
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон