Ноҳияи Данғара соли 1932 таъсис ёфта, масоҳаташ 2000 км мураббаъро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 165623 нафар. Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Данғара мебошад.
Шуғли мардум аслан кишоварзӣ буда, дар заминҳои деҳқониаш пахта, ғалладона, картошка, сабзавот, полизӣ кишт шуда, боғҳову токзорҳо бунёд шудаанд. Дар ҳудуди ноҳия 1553 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад. Қисмате аз мардум ба парвариши чорвои калон машғул. Ҷавонон ба асппарварӣ тарҷеҳи бештар медиҳанд.
Ноҳия тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан обод гардида, шаҳраки Данғара дар муқоиса бо солҳои пеш ба ҳадди ношинохтанӣ тағйир ёфтааст. Дар ин ҷо иншооти ҳаётан муҳим ба таври муосиру замонавӣ бунёд мешаванд. Биноҳои баландошёна, марказҳои тандурустиву фарҳангӣ, чойхонаву тарабхона, ҷойҳои дилхушӣ, қасри бошукӯҳи варзишӣ қомат афрохта, иморатҳои зиёде дар ҳоли сохташавӣ қарор доранд.
Дар Данғара 1 мактаби президентӣ, 1 гимназияи ҷумҳуриявӣ, 1 литсейи тамоюли техникӣ ба номи «Афлотун» амал мекунанд. Дар шаҳраки Данғара 2 кӯдакистони зебо тоза ба истифода дода шуд.
Аввалин коргоҳи Президент ё биное, ки таърихӣ унвон мешавад. Ҳоло дар ноҳия сохтмони калонтарин маркази фарҳангӣ бо суръат идома дорад. Бино дар заминаи идораи собиқ совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара, маконе, ки Пешвои миллат қадамҳои аввалинро чун роҳбар гузоштааст, бунёду азнавсозӣ мегардад. Сокинон ба хотири эҳтироми Пешвои муаззами кишвар мехоҳанд шакли таърихии бино нигоҳ дошта шуда, он ҳамчун макони дорои аҳамияти таърихӣ барои насли нав ва меҳмонони ноҳия муаррифӣ бишавад.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара». Он дар масофаи 100 км аз шаҳраки Данғара, 8 км дуртар дар роҳи байналхалқии Бохтар-Данғара ҷойгир аст. Аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» то наздиктарин нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ ба Афғонистон 160 км, то сарҳади Ӯзбекистон 200 км, то Покистон 500 км, то Қирғизистон 400 км, то Чин ба воситаи Помир 1100 км мебошад ва ноҳия бо ҳамаи ин давлатҳо мустақим бо роҳҳои байналхалқӣ пайваст аст. Инчунин, аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ роҳи байналхалқии автомобилгард ва роҳи оҳан мегузарад. Дар минтақаи озоди иқтисодӣ 26 субъект ба қайд гирифта шудааст. ҶДММ «Ю и Ф Сервис» оид ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ҶДММ «Космос» оид ба хариду фурӯши техникаҳои калонҳаҷми сохтмонӣ, ҶДММ «Тоҷи Осиё» (Эрон) оид ба истеҳсоли маводи шустушӯӣ, ҶДММ «Грин голд» оид ба коркарди мева ва меваи хушк, ҶДММ «Ростоҷторг» оид ба истеҳсоли лӯлаҳои пластикӣ ба истеҳсолот оғоз намудаанд. Сохтмони корхонаҳои коркарди нафт (ҶДММ «ТК Ойл»-Хитой), корхонаи истеҳсоли семент (ҶДММ «Хуасин Ғаюр Данғара семент»-Хитой), корхонаи конструксияҳои металлӣ (ҶДММ «Ауфэн-Хитой), корхонаи коркарди намак (ҶДММ «Саддаҳо» Тоҷикистон»), корхонаи маҳсулоти оҳану бетон (ҶДММ «Детйен бетон»-Хитой), корхонаи истеҳсоли хишт (ҶДММ «Сохтмон-11» Хитой) ва ғайраҳо ҷараён дорад. Дар нақша аст, ки дар соли 2018 ду корхонаи бузург- корхонаи коркарди нафт ва корхонаи истеҳсоли рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои ороишӣ ба истифода дода шаванд.
Донишгоҳи давлатии тиббии вилояти Хатлон. Донишгоҳ соли 2016 дар шаҳраки Данғара ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳоло барои донишгоҳ бинои замонавӣ дар ҳоли қоматафрозист. Бино дар масоҳати 23 га замин сохта мешавад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, 4 бинои таълимӣ, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён, 1 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, толорҳои лексионӣ, ошхона, толор, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу афзор ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Бинои асосии донишгоҳ, ки иборат аз 9 ошёна аст, соли оянда бояд ба истифода дода шавад. Дар бинои асосӣ ҳуҷраҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои гуногун, толорҳои лексионию баргузории конфронсҳо, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ, маҷлисгоҳ бо фарогирии 1000 ҷойи нишаст бунёд хоҳанд шуд.
Маҷмааи варзишӣ. Бинои 4-ошёна барои мухлисону ҳаводорони соҳаи варзиш дар сатҳи олӣ бунёд шудааст. Дар ҳар қабати бино аз 5 то 10 ҳуҷраи махсусгардонидаи варзишӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозими тамрин барои хоҳишмандон фароҳам мебошад. Дар ошёнаи дувуми бинои мазкур як майдончаи футболи хурд сохтаанд. Марказ ҷавобгӯ ба баргузории тамоми намуди мусобиқаҳои байналмилалист. Қисмати калони истифодабарандагони толори варзиширо занон ташкил медиҳанд.
Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил». Моҳи майи соли 2016 мардуми Данғара ҷашн доштанд. Дар ноҳия калонтарин коргоҳи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Маҷмааи нассоҷӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он навтарин технологияи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ширкатҳои шуҳратманду ҷаҳонии ИМА, Италия, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин васлу насб шудааст.
Корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дӯзандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар буда, дар сурати фаъол гардидани корхона бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Гуфта мешавад, ки танҳо барои ба кор андохтани марҳалаи аввали маҷмааи истеҳсолии имрӯза 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, 600 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.
Айни замон барои фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ашёи хом, яъне пахтаи коркардшуда аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа дастрас карда мешавад.
Дар назди корхона барои кормандони сохтмонӣ 4 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ ба назар гирифта шудааст, ки ҳоло 2 - тоаш мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.
Шифо Шарифова соли сеюм аст, ки дар ин корхона фаъолият мекунад. Ӯ давраи коромӯзиро дар Чин гузашта, имрӯз аз рӯи суръату сифати корҳои иҷрошаванда дар сех назорат мебарад.
- Бо баробари ба кор шурӯъ кардани ин корхона бонувони зиёди бекор бо шуғл таъмин шуданд. Дар сехе, ки ман фаъолият дорам, наздики 270 зан кор мекунад. Агар ба ҷамъи умумии кормандон назар андозем, 70 фоизро занҳо ташкил медиҳанд. Бонувон дар се баст фаъолият мебаранд. Маоши миёна дар ин ҷо 1200 сомонӣ аст. Худи ман ба ҳайси нозир моҳе 1700 сомонӣ маош мегирам, - мегӯяд Шифо.
Ҳамсуҳбати дигари ман Нодира, корманди ташхисгоҳ мебошад. Вазифаи ӯ санҷиши сифати риштаҳои тайёр ва ба давраи бастабандиву тамғагузорӣ омода кардани маҳсулот буда, ҳамчунин, донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Данғара аст. Гарчанде риштаи интихобнамудааш бо рӯзноманигорӣ пайвандие надорад, ин духтараки зебоандому резапайкар дар суҳбат иқрор мешавад, ки орзуи рӯзноманигор шуданро дар дил мепарварад. Барояш дар ин ҷода муваффақият таманно намуда, баҳраш гуфтем, ки интизори аввалин навиштаҳояш хоҳем буд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Данғара-Душанбе