Норасоии оби ошомиданӣ аз муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, таъмини сокинони минтақаҳои гуногуни сайёра бо оби нушокӣ сол аз сол мушкилу печидатар мегардад. Новобаста аз он ки Тоҷикистон дорои манбаҳои бузурги обҳои мусаффо буда, сокинони он аз норасоии об мушкилӣ надоранд, аммо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Пешвои миллати офарандаи андешаҳои бузурги башардӯстона, дар ҳалли масоили глобалии сайёра нақши пешоҳангӣ доранд. Интизорӣ меравад дар доираи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар самти таъмини оби нӯшокӣ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон иқдомҳои ҷадиде баҳри беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва истифодаи сарфакоронаи об рӯи кор оянд.
- Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар мушкили норасоии оби ошомиданӣ вуҷуд надорад, - бо боварӣ изҳор менамояд сариқтисодчии Корхонаи давлатии фаръии обу корезии шаҳри Бохтар Мамлакат Аминова. – Корхонаи мо 53 дарсади аҳолии шаҳрро бо оби ошомиданӣ тамин менамояд. Боқӣ сокинон дар хонаҳои заминӣ сукунат дошта, аз манбаҳои ҷорӣ, яъне, рӯду дарёҳои аз канору ҳудуди шаҳр гузаранда истифода мебаранд.
Ба гуфти Мамлакат Аминова аз шумори умумии истифодабарандагони оби нӯшокии шаҳри Бохтар 16 ҳазору 881 нафар муштариёни имтиёздор мебошанд. Аммо вазорати молия танҳо 30 фоизи ҳаққи истифодаи оби онҳоро пардохт мекунаду халос. Маблағҳои боқимондаи муштариёни эҳтиёҷманд ба қарзҳои дебитории корхона илова мегарданд, ки ба имрӯз маблағи умумии он ба 3 миллион сомонӣ расидааст.
Мушкили дигари Корхонаи обу корези шаҳри Бохтар, ин талафоти оби истеҳсолшуда мебошад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 17,2 дарсад аз ҳаҷми умумии оби истеҳсолшударо ташкил додааст. Масъулони муассисаи мазкур сабаби талафоти оби нӯшокиро ба беаҳамиятии муштариён, хоса кадбонуҳо рабт медиҳанд, ки тарзи истифодаи сарфакоронаи оби нӯшокиро риоя намекунанд. Ба андешаи Мамлакат Аминова сариқтисодчии корхонаи мазкур сарфакории об ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он ки ба беҳбудии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳа ва боло рафтани сатҳи хизматрасонӣ равона гардидааст, аз ҳар нафар муштарӣ ба хусус, кадбонуҳои хонавода вобастагӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол, бонувони хонашини манзилҳои бисёрошёнаи шаҳри Бохтар иддао доранд, ки мушкили харроҷоти беҳудаи оби нӯшокӣ танҳо бо назорати ҷуммакҳои обии муштариёни воқеӣ ҳалли худро намеёбад. Балки як омили талафоти оби нӯшокӣ дар шаҳр ин муайян набудани омори воқеии истеъмолкунандагон аст, ки бо роҳҳои гуногун аз пардози ҳаққи истифодаи об озоданд.
Фазила Худойдодова, як тан сокинони шаҳри Бохтар дар суҳбат бо мо иқрор омад, ки ба хароҷоти беҳудаи об, сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи об ва дигар қонунвайронкуниҳо аслан оилаҳои иҷоранишин роҳ медиҳанд, ки дар қайди шаҳр ва рӯйхати муштариёни хизматрасониҳои коммуналӣ номнавис нашудаанд. Ба андешаи ин бону роҳи ягонаи таъмини шаффофият ва беҳбудии сатҳи хизматрасонии соҳа ва риояи сарфакории оби нӯшокӣ, ин таъмини истифодабарандагон бо ҳисобкунакҳои обӣ мебошад.
Мутаассифона, корхонаи обу корезии шаҳри Бохтар ҳамаи муштариёнро бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин карда наметавонад. Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Мамлакат Аминова, сариқтисодчии КДФ обу корези шаҳр иброз дошт, дар айни замон ҳамагӣ 30 дарсади муштариён бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин карда шудаанд. Манзилу нуқтаҳои обрасоние, ки ҳисобкунандаи обӣ надоранд, ҳаққи истифодаи оби нӯшокиро аз рӯи шумораи аъзоёни оила ва ё теъдоди истифодабарандагон мепардозанд.
- Ҳаққи моҳонаи истифодаи оби нӯшокӣ барои як сокини манзилҳои бисёрошёна 13,5 сомониро ташкил медиҳад. Сокинони манзилҳои якошёнаи дорои воситаҳои обпарто (канализатсия) 15,66 сомонӣ ва дар хонаҳои бидуни паспартов бошад, ба сари як одам 10,48 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Албатта, нархи имрӯзаи оби нӯшокӣ барои сокинон қиммат меафтад, аммо ин нархнома аз ҷониби Кумитаи зиддиинҳисорӣ муқаррар карда шудааст, - мегӯяд сариқтисодчии Корхонаи обу корезии шаҳри Бохтар.
Хулоса, тақозои замон аст, ки ба хотири ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, пеш аз ҳама мушкилоти ҷамъоварии бонизоми ҳаққи истифодаи об ва риояи сарфакории ин неъмати бебаҳоро ба роҳ бояд монд. Зеро иҷроиши муқаррароти мазкур аз ҷузъиёти муҳими Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-208» аст, ки ба хотири ҳалли мушкилиҳои об дар сайёра равона гардидааст. Дарвоқеъ, зарфиятҳои табиӣ ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар дар самти истифодаи самараноки манбаҳои бузурги обӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил дод. Бо дарназардошти ин таҳлилҳо Сарвари давлат ҳанӯз чанд сол қабл зимни як суханронии хеш гуфта буд: «Қиммати об аз нафт, газ, ангишт ва дигар намуд сӯзишворӣ ва манбаҳои барқӣ камтар нест. Ин масъала солҳои охир ба мадди аввал баромада, тамоми низоми муносибатҳои минтақаро дар тӯли даҳсолаҳои асри 21 муайян хоҳад кард».
Пӯшида нест, ки дар ояндаи наздик кишварҳои дорои манбаҳои бузурги обу барқ ва заминҳои паҳновари кишоварзӣ ба мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пурқудрат табдил мегарданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи онҳост.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН