- Апа, раиси калон маро назди Шумо фиристонд. Сарварии як хоҷагии деҳқониро ба уҳда гирифтаам, вале аз танқисие азият мекашам, то ҷое ки намедонам, корро аз куҷо сар гирам? Дар ҳудуди хоҷагиам лӯлаҳою пойгоҳҳои обкашии замони шӯравӣ кайҳо фарсудаву корношоям гаштаанд. Заҳбуру заҳкашҳо ламоламанду селпарто надорем,- гилаву гузор пеш овард сарвари хоҷагӣ.
Фотима Ҷумъаева лаҳзае хомӯш монду сипас аз хоҷагидор маслиҳатомезона пурсид: «Мо метавонем дар ҳамдастӣ ин мушкилро бартараф созем?»
Сарвари хоҷагии навбунёд розӣ шуд, ки тамоми камбудиро дар самти обёрӣ намудани заминҳояш ва ҳатто бо об таъмин кардани хоҷагиҳои гирду атрофи маҳаллаи Чоргултеппаро бар дӯши худ гирад.
-Хоҷагидорони хайрхоҳу савобҷӯро тайи чанд соли кориам зиёд дидаам, ки онҳо бо иқдоми некашон на танҳо мушкили худро осон мекунанд, балки заминҳои наздиҳавлигии аҳолиро бо нову нам таъмин менамоянд, - мегӯяд сармутахассиси раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Ҷумъаева.
Вобаста ба раванди татбиқи ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ӯ тасмим гирифтааст дар байни мардум, бахусус хоҷагидорон, ки истифодабарандагони асосии об маҳсуб меёбанд, маъракаи фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад. Ҷиҳати масраф нашудани об д?? ар даҳ ассотсиатсияи хоҷагидорон дарбанди маҷрои об монда шудааст, ки аҳолии ноҳия бо навбат барои шодоб намудани заминҳояшон аз он истифода менамоянд.
- Ҳолате рух медиҳад, ки зироат дар нумӯъ асту мушкили нарасидани об пеш меояд, бад-ин сабаб ниҳолакони пахта дар саҳро аз беобӣ хушк мешаванд ё дигар маҳсулоти ниёзи аввали мардум талаф меёбад. Ин лаҳзаҳои ба дараҷае ҳассосанд ва то роҳи ҳаллу фасли худро ёфтан, шахс нафас кашиданро ба худ ҳайф медонад. Мусаллам аст, ки ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ мебошад, ки асосан мардумонаш ба кишоварзӣ машғуланд ва аҳолии шаҳри Душанберо бо маҳсулоти хушсифати полизию обчакорӣ таъмин менамоянд. Рӯсурхию шиками серамон аз арақи ҷабину обилаи дастони деҳқон аст. Аз ин рӯ, ба хотири пешравии кори онҳо бо ёрдами аҳолӣ аз маблағҳое, ки аз истифодабарандагони об ҷамъ мешавад, барои тоза намудани заҳбуру ҷӯйборҳо масраф мегардад ё бо ҳамдастӣ лӯлаҳою пойгоҳҳои обкашии нав васл ва таъмир мешаванд. Кормандони идораи оби ноҳия ва миробҳо ҳамеша бо мо дар алоқаанду дар ҷараёни пешбурди кори хоҷагиҳои деҳқонӣ мадад мерасонанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Фотима Ҷумъаева беш аз даҳ сол ба ҳайси сарвари Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти пурсамар дошт. Вале бо авҷ гирифтани бемории қалб бо хоҳиши худ аз баҳри роҳбарӣ гузашт ва тасмимаш ин буд, то муддате фориғ аз ҳама гирудори зиндагӣ бошад. Ҳамагӣ моҳе табобат гирифту хонанишиниро ихтиёр кардан хост. Таҷрибаи комил, кордонию ташаббускорӣ ва мушкилкушои аҳолии ҷамоат буданаш роҳбарияти мақомоти ноҳияро водор сохт, то масъулияти дигареро ба зиммааш гузорад.
- Раис даъват карда гуфтанд, ки назорати хоҷагиҳои деҳқониро дар таъмини об фақат Шумо уҳда метавонед кард. Ростӣ, кор дар ин самт хеле мушкил аст, вале бо дарназардошти эҳтирому эътиқоди роҳбарону мардуми ноҳия «не» гуфта натавонистам. Мардонавор масъулиятро ба дӯш гирифтам, - иқрор меояд апаи Фотима.
Кор бо аҳли деҳот осон набуд…
Фотима Ҷумъаева замони сарвари ҷамоат буданашро низ ҳамчун давраи серташвишию пуркориаш ёд мекунад. Чаро ки чун рӯзгори феълӣ бо аҳли деҳот дар ҳама мушкилоташон ҳамдаму ҳамроз буд. Бахусус, бо баҳонаҳои ночиз баъзе хонаводаҳои ҷавон пош мехӯрданд ва ин ҳолат ӯро бетараф гузошта наметавонист. Ҷангу хархаша ва лату кӯби хушдоману келини бархе аз хонадонро ҳам бо чашми сар дидааст. Онҳоро то ҳадде тавонист ба ифоқа оварду чандин оилаҳоро аз вартаи беҳамӣ наҷот дод.
- Ба ҳам овардани оилаҳои носоз ва дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ мушкили асосии аҳолии деҳот буд ва имрӯз ҳам ҳаст. Бо оби тоза таъмин кардан, ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ё сохтмону таъмири биноҳои заруриро бо ёриву дастҷамъии мардум бартараф кардан мумкин аст, вале ҳалли масъалаҳои хонаводагӣ ниҳоят мушкил мебошад. Зеро он ҳама камбудиҳои хонаводаро меҳру муҳаббати самимӣ ва ҳамдигарфаҳмию қадршиносии аъзои он метавонад бартараф созад, - иқрор меояд Фотима Ҷумъаева.
Чанд ҳарфе дар хусуси ӯ…
Фотима Ҷумъаеваро муҳаббат ва шавқу рағбат ба китобхонӣ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода овард. Муддате дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият бурд ва баъдан бо дарёфти таҳсилоти олии иқтисодӣ дар шуъбаи шиносномадиҳии ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Сарикиштӣ ва Навобод, бахши бойгонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси роҳбар ифои вазифа намудааст. Чор фарзандаш таҳсилдида буда, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа кор мебарад.
- Дар ҷои кор роҳбар будам, дар хона модар ва барои мардуми маҳаллааму ҳаққу ҳамсояҳо апаи Фотимааму фармонбардори бузургони хонадонам. Эҳтирому хизматашонро ба ҷо меорам. Зеро дастгириашон буд, ки дар ҷомеа мартаба ёфтам, - бо ҳарорат мегӯяд дар фарҷом Фотима Ҷумъаева.
Қутбияи Неъматулло,
ноҳияи Рӯдакӣ