«Дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон ҳаргуна матоъе, ки хоҳӣ пайдо карда метавонӣ, аммо талаботи бозорҳои мо дигар аст. Он ҷо бештар либосҳои аз нахи пахта омодашударо харидорӣ менамоянд. Як чизро бояд қайд намуд, ки нарху наво дар бозорҳои ин ҷо арзон аст. Аз ин рӯ, ман бо ҳамроҳии бародарам аз бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе матоъҳои пахтагин харидорӣ намуда, ба ватанамон бурда мефурӯшем. Хуб, ки роҳҳо боз ва дӯстии мардум барқарор шуд».
Рухшона Комилова,
шаҳрванди Ӯзбекистон
«Бо кушода шудани сарҳади Ӯзбекистон сафи харидорони молҳои мо зиёд шуданд. Онҳо бештар аз матоъҳои пахтагини арзон харидорӣ менамоянд. Алакай 4-5 муштарии доимӣ дорам, ки омада аз молҳои ман ба ватанашон мебаранд. Шукронаи замони осоиштагӣ ва тинҷии ватан, ки ризқамонро озод ёфта мехӯрем».
Саид Нуров,
фурӯшандаи матоъҳои пахтагин
Таҳияи Ф.Восеева