Симои ин бону аз филми шабакаи телевизионии кишвари ба мо ҳамсояву ҳамзабон, ки ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда буд, дар ёдам нақш баст. Ӯ бо забони сода ва равони халқӣ, вале бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ, аз нигоҳи як шаҳрванди одӣ ва ҳунарманд оид ба Истиқлолият, Сулҳ, Ваҳдат сухан мегуфт.
Табъи шоирона дорад, рӯйдодҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, рангорангиҳои табиати биҳиштосои Ватан, амали хайр ва некукории инсон дар ашъораш бадоҳатан бозтоби хешро пайдо мекунанд. Эҳтироми самимии сокинони ноҳияи Рӯшон ба Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пазироӣ аз қалби модаронааш бо забони шеър бадоҳатан садо дода, бо мавҷи кафкӯбиҳои мардум даромехт:
Пешво хуш омадӣ, хуш бош дар Рӯшони худ,
Омадем бар пешвозат бо дили ҷӯшони худ.
Дидани Сардори давлат ид дар Рӯшонзамин,
Хуш барафрӯз, ай хирадманд, чеҳраи хандони худ.
Ниёзмо мактаби олиро хатм накардааст, аммо Худованд, ту гуфтӣ, ӯро аз гили ҳунар сириштааст. Сурудҳои халқии «Даргилмодак», «Лалайик» ва «Дувдувик» -ро вақтҳои пеш қариб ҳар бонуи хона медонист. Айни ҳол хонандагони ин сурудҳои маросимӣ дар ҳудуди деҳоти мазкур ангуштшуморанду Ниёзморо беҳтарин сарояндаашон мешуморанд, ки ӯ бо маҳорати махсус дар маъракаҳо онҳоро иҷро менамояд. Дар Бадахшон фоли нек мешуморанд, агар арӯс ба хонаи домод бо намади гарму гулранги бо дастони модар тайёркарда равад. Ҳангоми намадмолӣ дар деҳоти гирду атроф аз ҳунарманд ёд мекунанд ва ӯро, албатта, даъват менамоянд, чаро ки дар гулпартоӣ беҳамтосту намадҳои ҳафтранга, ки маҳсули тахайюли ин наққоши мардумианд, писандидаи ҳар гуларӯси нозанинанд. Барои сухандону сухансанҷ будан ва овози хушу ширадораш иддае аз соҳибони тӯйи арӯсу домодӣ ӯро ба сифати баранда даъват мекунанд. Пухтани ҳалворо, ки арӯс ҳамчун рамзи бахти сафед ва умри ширин бо худ ба хонаи ояндааш мебарад, сокинони деҳа ба ӯ бовар мекунанд, чаро ки агар пазанда хуб набошад ва қанд ё равған кам ё зиёд шавад, ҳалво хуб намеояду бо чунин дастовез ба хонаи домод рафтан фоли бад дониста мешавад.
Ниёзмо бофандаи чирадастест, ки маҳсулоти мӯинаи зебояш ба мисли ҷӯробу пакол ва ҷемперу шол серхаридоранд. Вақтҳои охир бархе аз бонувон тарки ресандагӣ мекунанд ва дар тайёр намудани маҳсулоти дастӣ аз риштаи синтетикии воридотӣ истифода мебаранд.
-Ранги ҷилодори чашмфиреб асту дер намепояд, вале баҳои асосиро харидор ба моламон аз рӯйи нишонаҳои сифат медиҳад. Моли аз риштаҳои маҳаллӣ тайёршуда гарму бадошт аст ва агар зебо дӯхта шавад, назир надорад, - мегӯяд ин ҳунарманди соҳибсабк.
Ниёзмо аз ҳунармандон дар ҷамъомади ноҳиявӣ, ки дар пайи эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт, иштирок дошт.Дар ин ҳамоиш оид ба дурнамои рушди соҳаҳо сухан рафт.
Ба бовари коршиносон ҳамасола тоннаҳои пӯсту пашми чорвои вилоят бинобар мавҷуд набудани имконияти саноатии коркард мепӯсанд ва ё бо нархи ночиз ба соҳибкорони бурунмарзӣ фурӯхта мешаванд. Айни ҳол, бештари пашм дастӣ коркард мешавад ва агар бонувони ҳунарманд ба далели заҳматталаб будани ресандагӣ барои бофтани маҳсулоти гуногун ба риштаҳои сунъии воридотӣ бартарӣ диҳанд, ин боз нишонаи касодшавии як соҳаи муҳими ҳунармандӣ аст ва аз ин раванд бояд ҷилавгирӣ шавад.
Бо ибтикори Ниёзмо бонувони ҳунарманди деҳот тасмим доранд, ки анъанаҳои фаромӯшшудаи наврӯзиро эҳё намоянд. Фалсафаи ин анъанаҳо ба гиромӣ доштани ҳамбастагии инсон бо табиат, тозаву озода ҳифз намудани муҳити деҳа ва гирду атрофи он, анҷом додани амалҳои нек ва эҷодкориву бунёдкорӣ вобаста аст.
Хонаводаи Лашкарбек Давлатбеков ва ҳамсараш Ниёзмо дар деҳот намунавӣ маҳсуб мешаваду онҳо 5 фарзанд калон кардаанд. Чун модар ва тарбиятгари фарзандони хуб, бонуи ҳунарманду суханвар барояш шарафи бузурги ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии «Модари сол» иттифоқ уфтоду соҳибҷоиза гардид.
Журналист Лутфишоҳи Қиматшоҳ он лаҳзаҳои пурҳаяҷони дар назди ҳакамон ва мухлисони зиёд дар Кохи Борбад баромад кардани модар ва бонуи ҳунарманд Н. Басидиҷоваро ба хотир оварда, мегӯяд, ки бо тамкин ва салобати ба худ хос, нишон дода тавонистани ҳунари волои модарӣ ва кадбонугиаш ӯ тавонист ба яке аз чеҳраҳои маҳбуби ин озмун табдил шавад.
Мегӯянд, ки «модар чӣ гуна, духтар намуна». Ниёзмо муоширати хуб ва ҳунарро аз модараш Аввалмо омӯхт, ки солиёни зиёд ба ҳайси хаткашон бо ҳисси масъулиятшиносии бузург ба мардум нома ва матбуоти давриро сари вақт дастрас мекарду зани пурҳунаре ҳам буд, ки дар маъракаҳо ҳамеша ба хизматаш ниёз доштанд ва хислатҳои меҳнатдӯстиву омӯзандагӣ ва устои касб шудан аз модар ба духтар интиқол ёфту Гулсара - ҷигарбанди Ниёзмо ҳам, ки касби пизишкиро ихтиёр кардааст, бо ҷидду ҷаҳдаш дар такмили касбу забономӯзӣ ба модару бибӣ монанд шудааст.
Инак, боз арӯси сол - Баҳор ва Наврӯз дар кишвар қадам мезананду хурду бузург шодӣ доранд. Бо зиндадилӣ, хайру баракати панҷаҳои пурҳунараш вай дар ҳалқаи фарзандон шуълаҳои шамъи зиндагиорои давомдор ва ҷовиди хонаводаашонро пос медорад. Писараш Орзу ормони падарро бароварда сохту Донишкадаи политехникии шаҳри Душанберо хатм намуд ва дар деҳаашон коргоҳи хурд таъсис доду ба таъмири афзору олоти барқӣ ва мошинҳо машғул аст ва чун устои гулдаст ном баровардааст.
Ниёзморо сари замин дидан мумкин аст, ки арақи ҷабини деҳқонӣ мерезад. Боғу мазрааҳояш сарсабзу пурборанд. Ӯ бо фарзандонаш аз меваву сабзавоти дастранҷи хеш ризқу рӯзии хонаводагиро фароҳам месозаду маҳсулотро ба бозор ҳам мебарорад. Бо ин ҳама пуркорӣ бонуи ҳунарманд ва соҳибзавқ ҳамеша вақт меёбаду Ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшонро дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ бо фаровардаҳои дастии рангорангу босифат ва дастагули шеъру суруд намояндагӣ мекунад:
Гар садо аз гул барояд дон, ки Рӯшони ман аст,
Чашмае аз санг резад, ин Бадахшони ман аст.
Гар садо бо мавҷи пуртуғён мехезад зи дил,
Дон, ки он Ниёзмо аз мулки Рӯшони ман аст.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Рӯшон