- Мулоқоти сарони ду кишвари бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле хурсандибахшу хотирмон буд. Билохира, баъди таваққуфи тӯлонӣ умедворам, ки дар Ӯзбекистон тадрис дар макотиби миёна барои тоҷикони бумии ин кишвар бо забони тоҷикӣ аз нав ба роҳ монда мешавад ва дар воситаҳои ахбори омма дар радифи забони давлатӣ забони тоҷикӣ низ садо бидиҳад ва баръакс, дар кишвари мо ӯзбекони муқимӣ тавонанд бо забони модариашон ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Рӯзиев Неъматулло,
сокини ш.Душанбе
- Бениҳоят хурсандам, ки марзҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд. Ин ба муносибатҳои иқтисодии кишвари мо метавонад таъсири мусбат расонад. Шахсан ман дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Хоруғ фаъолият мекунам ва эҳтиёҷоти асосии мо – ин дастрасӣ надоштан ба орди арзону босифат аст. Бо арзиши 200 сомонӣ орди Қазоқистонро харидорӣ мекардем ва умедворам, ки бародарони ӯзбек орди хубро бо нархи нисбатан арзон ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.
Нигина Алиёрова,
сокини шаҳри Хоруғ
- Сафари Президенти кишвари ҳамсояи мо Шавкат Мирзиёев ва пазироию меҳмоннавозии ӯ аз ҷониби Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро аз хушбахтарин рӯйдодҳои ҳаёти худ мешуморам. Зеро барқарорсозии дубораи муносибатҳои ду кишвар, ки аз орзуву ормонҳои чандинсолаи мо буд, имкон медиҳад, то ба дидори зодгоҳи падариам - Даҳбеди Самарқанд ва хешовандону пайвандони шаҷараи аҷдодиамон мушарраф гардам.
Дар ин рӯзҳо чӣ қадар мардумони ин ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ашки шодӣ мерезанду дар ҳаққи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дуо мегӯянд.
Сулаймон Даминов,
деҳаи Шомшаи деҳоти Шайдони ноҳияи Балҷувон
- Шод шудем, ки омадурафти мардуми ду кишвари дӯст мисли солҳои пешин барқарор гардид. Сайру саёҳати шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ва зиёрати мавзеъҳои таърихии Ӯзбекистон, фатҳу тамошои кӯҳу қуллаҳо ва табиати зебоманзари Тоҷикистон чӣ барои мо ва бешак, барои бародарони ҳамсоя шавқовар аст.
Ҳунармандону пешоварони тоҷику ӯзбек барои рушди соҳаи косибӣ, эҳёи ҳунарҳои қадимии мардумӣ ва бозёфти ҳунарҳои нави дастӣ ба ҳам ёвар хоҳанд шуд. Акнун адибону зиёиёни тоҷику ӯзбек бо таҳлил, тарҷума ва интишори асарҳои суханварони классику муосир риштаи дӯстии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд, ки басо гуворост.
Малика Амонова,
омӯзгори мактаби №3 д. Миёнаду, ноҳияи Сангвор
- Соли 2014 ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафари сайёҳӣ доштам. Ростӣ, гаронии нархи раводид ва тафтишҳои беасос дар марз табъи мо, сайёҳонро, хира карда буд. Бар замми ин дар шаҳри Ангрени Ӯзбекистон хешовандони мо кору зиндагӣ доранд, ки аз дидорашон маҳрум будем. Чун марз кушода шуд, баъди чандин соли дурии маҷбурӣ хешу таборонамон аз Ангрен меҳмони хонадони мо шуданд ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ гардидем. Ташаккур ба сарварони ду кишвари бародар!
Мағфират Дадобоева,
сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт
- Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо ва консерти идонаи «Шоми дӯстӣ»-ро бо ҳаяҷон тамошо кардам. Хушҳолам, ки сарварони ду кишвар ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифтанд. Марзҳо кушода шуданду мардуми муштоқи дидори пайвандон аз ҳузури якдигар шоду масрур гаштанду ашки шодӣ рехтанд. Умед дорам, ки ин дӯстиву рафоқат безавол хоҳад буд.
Худойдодова Фарангис,
сокини ш.Душанбе
- Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мо, ӯзбекони ноҳияи Спитамен, озодона ва хушу хурсандона кору зиндагӣ мекунем ва шукри тақдир мекунем, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари азизамон мебошем. Вақти ифтитоҳи гузаргоҳи марзии «Ҳаштяк», ки ноҳияи моро бо ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд мепайвандад, маро ҳам даъват карданд. Бо дидани дӯстону хешовандон баъди ҷудоии чандинсола ашки шодӣ рехтам ва бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ҳеҷ қуввае наметавонад садди дӯстии халқҳои бузурги тоҷику ӯзбек шавад.
Каромат Маҷнунова,
ноҳияи Спитамен, раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳайдарқулота»
- Боиси хушнудист, ки ба шарофати дурандешии сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар муносибатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон сатҳ ва сифати нав касб намуданд. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз таворуми тарафайни молу маҳсулот боз монда буданд, акнун метавонанд бе ягон монеа маҷмӯи чизҳои истеҳсолнамудаашонро ба якдигар воридоту содирот намоянд.
Интиқоли неруи барқ ва алюминии тоҷик ба Ӯзбекистон, дар ҳамбастагӣ татбиқи лоиҳаҳои нав ва азими энергетикӣ, воридоти трактору мошинолотҳои истеҳсоли Ӯзбекистон, даромаду баромади саду як молу маҳсулоти дигар, ки ба манфиати мардумони ин давлатҳост, боиси хушнудист.
Худойдод Зайниддин,
сармуҳаррири рӯзномаи «Оинаи Рашт»
Баҳори бистуҳафтуми соҳибистиқлолӣ барои халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дӯстию решапайвандиашон аз қаъри асрҳо об мехӯрад, пайки шодию нишот, ҳамбастагию ҳамдилӣ овард. Насими фараҳбахши наврӯзӣ абрҳои аҳриманиро, ки беш аз ду даҳсола фазои ду кишвари дӯсту ҳамҷаворро печида буданд, ба дуриҳои дур бурд. Роҳбарони ду давлат Пешвои миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мулоқоту суҳбатҳои дилпазири хеш яхи 25 солаи кинаву бадбинии таҳмилиро шикастанд ва қалбҳои бо меҳру вафо лабрези ду бародарро боз бо ҳам пайваст карданд. Аз он ки дӯстию рафоқати ду халқи бародар боз чун ҳалқаҳои занҷир бо ҳам пайваст, рӯҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва шоири зулисонайн Алишери Навоӣ шод гашт. Чуноне шоири ширинсухан Муҳаммади Ғоиб аз шодию фараҳмандии ду халқи бародар ба ваҷд омада мегӯяд:
Насими дӯстии мо вазон аст,
Баҳори ошноён бехазон аст.
Нарзулло Хайруллоев,
журналист, ВМКБ