Солҳои охир омилҳои зиёди иҷтимоию равонӣ боиси коҳиш ёфтани хулқу одоби мардум ва фарҳанги муошират дар ҷомеа гардида, ҷойи дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, некию накӯкорӣ ва покию қаноатпешагиро бухлу ҳасад, фиребу фассодкорӣ ва дигар кирдорҳои ношоям гирифта истодааст. Гарчанде нисбат ба солҳои гузашта дар моҳи Рамазони имсола болоравии нарху навои маҳсулоти ғизоӣ чандон ба назар намерасад, вале беадолатию мардумфиребӣ дар кори савдо ривоҷ ёфта истодааст. Бунёди бозору марказҳои тиҷоратӣ барои бисёр бонувон шароити кор муҳайё месозад. Масъалаи дигар ин одоби муошират дар тиҷорат аст, ки на ҳама ба он риоя мекунанд. Чанде қабл ба хотири хариди маҳсулоти ғизоӣ ба яке аз мағозаҳо ворид шудам, ки болои дараш навиштаҷоти зерин дошт: «Супермаркети Сафар ба фарорасии моҳи Шарифи Рамазон ба ҳамаи мизоҷон 5% тахфиф мекунад». Албатта, эълони инчунин иқдомот таваҷҷуҳи мардумро ба ин мағозаву фурӯшгоҳҳо зиёд мегардонад. Вале зимни мушоҳидаи нарху навои мағозаи мазкур маълум шуд, ки нахру навои маҳсулоти ғизоии ба фурӯшгузошта шуда, нисбат ба дигар мағозаҳои шаҳри Душанбе баланд аст. Ба суоли мо, ки «Чаро эълони даромадгоҳи мағоза ҳақиқат надошта, баръакс нарху навои ғизо нисбат ба дигар фурӯшгоҳҳо 10 дарсад қиммат менамояд?» корманди мағоза посух дод: «Эълони тахфиф ба маҳсулоти ширӣ тааллуқ надорад». Аммо вақти ҳисобӣ кардан маълум шуд, ки арзиши нӯшокию дигар маводи ғизоии серхаридор ҳам дар «Супермаркети Сафар» нисбат ба дигар мағозаҳо баландтаранд. Тӯли чанд рӯзи мушоҳида аз фурӯшгоҳҳои пойтахт маълум шуд, ки нархи маводи ғизоӣ аз Супермаркету дигар марказҳои замонавии тиҷоратӣ дида, дар дукону мағозаҳои хурди назди биноҳои баландошёна арзонтар аст. Шамсия Вайсиддинова, сокини шаҳри Душанбе иброз медорад, ки хариди маҳсулот аз баъзе мағозаҳои бо ном «Супермаркет» ҳамёни мардумро бебаракат мекунад. Дар мисол як навъ нӯшокӣ дар мағозаҳои оддӣ 5 сомонӣ, дар «Супермаркет»-ҳо 5,4 сомонӣ арзиш дорад. Мардум, ки дар ҷайб дирам намегардонанд, вақти хариди нӯшокӣ 6 сомон мепардозад. Фурӯшандаҳои фурсатталаб ба ҷойи 60 дирами бақия ба онҳо ду дона сақич ё дигар навъ шириниҳои қоғазпеч медиҳанд, ки ин майдачӯйдаҳо арзиши 60 дирамро надоранд. Шояд масъулони чунин марказу мағозаҳои замонавӣ хабар надоранд, ки кормандонашон аз ҳисоби бақияпулии муштариён майда-майда даромади иловагӣ ба даст меоранд. Феълан, мардум аз ин кирдори фурӯшандаҳо норозиянд, вале аз шарму ҳаё ва ё баръакс аз ҳисси ғурур даъвои дирам намекунанд, гарчанде маблағи кӯчак ҳам бошад, бояд онро талаб намоянд.
Фоида аз бақияпулӣ фиреби кучакест, ки дар чашм наменамояд, аммо ин кирдори нангин дар бисёр нуқтаҳои фурӯш мушоҳида мешавад. Ин хӯйи бад ҳатто дар баъзе ҳоҷатхонаҳои пулакии ҷойҳои ҷамъиятӣ низ мушоҳида мешавад, ки кассир-фарроши ҳоҷатхона ба ҷойи 50 дирам бақия ба роҳгузарон ширинию сақичҳои ба қавле чинӣ медиҳанд. Боре шоҳиди баҳси сокинон бо коргари ҳоҷатхонаи истгоҳи нақлиётии шаҳри Қӯрғонтеппа шудем. Мӯсафеде зимни ба ҳоҷатхона даромадан 1 сомонии пардохта, бақияи пулашро интизор шуд. Вақте дарбон ба ҷойи 50 дирами бақия сӯйи ӯ ду дона сақич дароз кард, пирамард норозиёна хитоб намуд:
-Хоҳар, ба ҳоҷатхона барои сақичхойӣ намедароям, ба ман бақияи пуламро диҳед.
-Пули майда надорем, агар маъқул набошад, марҳамат ба дигар хоҷатхона равед, - бешармона иброз дошт фаррошзани ҳоҷатхона.
- Фиребу тамаъкорӣ ҳам ҳадду канор доштагист, наход ба ин ҳад бетамиз бошем, ки дар ҳоҷатхона ҳам ба ҷайби мардум дасти тамаъ дароз шавад, - гӯён пирамард аз баҳри бақияи пулаш гузашт. Аз бастаи сақичу дигар шириниҳо, ки дар кассаи ҳоҷатхонаҳои омаввӣ пайдо шудаанд, фаҳмида мешавад, ки ин маҳсулот дар шароити хонаҳо истеҳсол шудааст. Он лаҳза шоҳиди ҳол будем, ки навраси 9-10 солае низ сақичҳои ба ҷойи бақия сӯяш дарознамудаи дарбони ҳоҷатхонаро рад намуд. Ба пурсиши мо, ки чаро бақияи пулашро талаб намекунад, писарбача гуфт: «Модарам таъкид кардаанд, ки аз сақичу қандакҳои сарироҳӣ эҳтиёт намоям, зеро маризиҳои захмию хоришҳо аз ҳаминҳо пайдо мешаванд. Фарроши ҳоҷатхона сабаби надоштани дирам барои пардохти бақияпулии одамон ва аз куҷо дастраст намудани сақичҳои бесифатро шарҳ намедод. Аммо ошкор намуд, ки ду адади онро ба ҷойи 50 дирам бақия ба муштариён медиҳад ва аз ин ҳисоб ҳам барояш кам-кам фоида мемонад.
Хулоса, фиребу қаллобӣ дар кори савдо ва ҷанбаҳои гуногуни зиндагӣ ба ҳадде зиёд шудааст, ки баъзе одамон дигар луқмаи ҳалолро аз ҳаром фарқ намегузоранд. Ҳатто баъзе савдогарзанон дар мавриди тарозуҳои корношояму азоби виҷдон фикру андешаҳое доранд, ки аз шунидани он ношунидан беҳтар аст. Ва боиси таассуф аст, ки бархе савдогарзанон мизони нодурустро роҳи ягона фоида аз кори бозор дониста, пешбурди зиндагӣ ва дарёфти қутти лоймутро бидуни ҳиллаву фиреб имконнопазир дониста, боз ҳам ҳикматҳоеро бо фаҳми худ ташреҳ медиҳанд: «…Ки бе ангушти каҷ аз кӯза равған барнамеояд»
Ҷамолиддин Сайфиддин