Ҳар як ҷомеаро маҷмуи оила ташкил медиҳад. Агар оилаҳо солим бошанд, ҷомеа низ солим гашта, ба рушди бештар ноил мегардад. Дар сурати аз ҳад зиёд шудани оилаҳои носолим ахлоқи ҷомеа рӯ ба харобӣ оварда, боиси носуботӣ мегардад. Дар ҷумҳурии мо аз се нафар якеаш дучори зуроварии хонаводагӣ мешаванд. Мутаасифона, ҳанӯз иддае аз рӯи ақидаҳои «занро зан, намурад, бо табар зан», «Дарахти макри зан сад реша дорад», «Зана худаш кию гапаш чӣ» гуён дар оилаҳо қурбони зӯроварӣ оилаҳо мегарданд.
Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Беҳтарини Шумо касест, ки бо занаш рафтори хуб кунад». Баъзеҳо бо андак камбудии ночиз ҳамсари худро зери дашному лату куб қарор медиҳад. Ҳол он, ки агар ҳамсарашон як ду айб дошта бошад, сад ҳунари фазилати дигар дорад.
Аз таълимоти ислом бармеояд, ки мард бо ҳамсари худ муносибати хуб дошта бошад, агарчи аз ягон хислаташ норозӣ ҳам бошад. Бояд адолатро риоя намуда, бо занаш бо эҳтиром муомила кунад. Занон то зуҳури ислом ингуна муносибатро дар ёд надоштанд. То пайдоиши ислом иддае аз мардуми ҷоҳил ба дунё омадани дахтарро нанг дониста, тифли бегуноҳро дар регзор гӯр мекарданд: Ҳарчанд аз зуҳури ислом 1400 сол гузашта бошад ҳам, имрӯз бархе аз ашхоси пастмаърифат аз таваллуди духтар мисли афроди замони ҷоҳилият ор мекунанд. Ҷавононе ҳастанд, ки бо сабаби таваллуди духтар ҳамсарашонро зарбу лат мекунанд ва ё ҷудо мешаванд. Ҳол он, ки духтар ҳам фарзанд буда, доди Худост. Баъзеҳо умуман фарзанддор намешаванд. Пас чаро таваллуди духтар айб будааст? Дигар ин ки аз нигоҳи тиббӣ таваллуд шудани духтар ё писар аз зан дида ба мард вобастагӣ дорад.
Миёни ҷавонон ақидае ҳаст, ки рӯзҳои аввал мард бояд «алови чашм»-и занро гирад. Баъзеҳо дидаю дониста ба ҷавонон чунин маслиҳати хато дода, духтари бечораро зери мушту лағати ҷавони таҷрибаи зиндагӣ надоштаю мағрур мегузоранд. Магар худи онҳо духтар надоранд? Охир келин, янга, арӯс низ духтари шахсе ҳаст. Вақте дар ҳақи касе зулм кардем, сазои амаламонро ҳатман хоҳем дид.
Вақте ҷавон (домод) бо арӯси худ дуруштию дағалӣ ва зуроварӣ мекунад, он шуълаи муҳаббат ва орзуҳое, ки арӯс дар дил дошт, хомӯш мешавад. Инсони дорои ақли солим бояд дар ҳолати хашму ғазаб худро ба даст гирифта тавонад.
Чанд сол боз дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии зуроварии хонаводагӣ бо дастгирии молиявии Раёсати Шветсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ Лоиҳаи «пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» роҳандозӣ шудааст, ки он аз ҷониби ташкилоти олмонӣ амалӣ мешавад.
Кормандони лоиҳа дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бо 5 шарик аз ҷумла ТҶ «Ҳамроз», ТҶ «Дилафрӯз» ва Маркази бонуфузи бонувони «Ғамхор» кор бурда истодаанд. Кормандони ташкилотҳои мазкур дар баробари кӯмакҳои равонию ҳуқуқӣ имом-хатибонро ба ҳамкорӣ ҷалб намуда, дар бораи пешгирии зуроварии хонаводагӣ ба мардум суҳбатҳо доир мекунанд. Агар ин таҷриба дар дигар ноҳияҳо низ амалӣ мешуд, теъдоди қурбониёни хушунат ва ҷудошавии оилаҳо кам мегардид. Зеро вақте мардон гуноҳ будани зуроварӣ ва зулм ба ҳасару духтарро дарк мекунанд, муносибаташон дар оила дигар хоҳад шуд. «Зиндагӣ бидуни зуроварӣ зебост» мегуяд, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фатима Табарова.
Зебо Давлатова, хабарнигори
«Бонувони Тоҷикистон»