Ҳар гоҳе камбудиҳои рӯзгор ба ҷангу ҷанҷоли зодмандонаш оварда мерасонид, падар ҳамон суханҳои нӯги забониашро такрор мекард, ки; «То ба кай ман ҷон канда, шуморо мехӯронам». Модари Мушарраф низ ҷавобан ба таънаҳои шавҳараш мегуфт: «Ман ҳам нонхӯри зиёдатӣ нестам, кор мекунам» Аз ин ҳама таънаву маломатзаниҳои зодмандон Мушарраф, ки фарзанди бузурги оила буд, худро дар ҳолати ногувор эҳсос мекард.
Ӯ дигар тоқати шунидани ин суханонро надошт, ки рӯяшро дар болишти ашколуди рӯи панҷаҳояш зер менамуд, то мафҳуми нонхӯри зиёдатиро аз зеҳнаш дур созад. Охир дар оила ба ҷуз ӯ, ки аз модар маъзур ба дунё омада, бе кӯмаки асобағал роҳ рафта наметавонад, дигар неруи бе ҷойи кор нест. Аз тифлӣ рӯзҳоро ба интизори бозгашти зодмандонаш аз кор сипарӣ менамояд, зеро хоҳару бародарони кӯчакаш машғули дарсу мактабхонӣ ба дарди ӯ барнамехӯранд. Аммо баъзе муноқишаҳои оилавӣ, ки аз норасоиву мушкилиҳои иҷтимоӣ маншаъ мегирифтанд, ба захмҳои дили навраси маълул намак мепошанд. Маҳрумият аз таҳсилу дигар имкониятҳои ҳаётӣ худ мушкили доимиест, ки ӯро аз гирдоби ғаму андӯҳ раҳо намекунад. Имшаб ҳам мисли дигар шабҳо ӯро бо гиря хоб бурду субҳи барвақт сардии болишти аз гиря намгирифта хобашро шикаст. Ӯ осемасар либосҳояшро пӯшида, ба асобағалаш такякунон роҳи маркази шаҳрро пеш гирифт. Ҳарчанд дар қадаммониаш Мушарраф дакка мехурду тамоми андомаш меларзид, аммо гӯӣ роҳи қафо баргаштан надошт, ки калавида – калавида сӯйи пеш ҳаракат мекард.
Саҳари баъди ноништо падари Мушарраф сару ашёҳои пойафзолтозакуниашро наёфта, ғур-ғуркунон аз хона берун шуд. Дар роҳ гумону шубҳаҳои гуногуне оид ба куҷо рафтани писари маълулаш ӯро ба ташвиш овард, аммо аз пайдо шудани афтобус дар роҳ фикрҳояш парешон шуду сӯйи истгоҳ шитобид.
Аввалин мизоҷе, ки ӯ пеши пояш дузону нишаста, пойафзолашро тоза мекард, ҷавони тануманде буд, ки бо як такаббури аблаҳона дуди тамокуи даҳонашро берун меафканд. Барои он ки мизоҷон аз ӯ канораҷӯйӣ накунанд, Мушарраф пойҳои маъюбашро пинҳон намуда, сари зону менишаст. Ӯ гӯё ашёи қимматбаҳоеро тоза мекарда бошад, аз ҳаяҷон панҷаҳои нозукаш болои пойафзоли мизоҷи нахустинаш меларзиданд. Баъди чанд лаҳзае пойафзоли он ҷавони роҳгузар ҷило пайдо карду табассум дар лабони Мушарраф гул кард. Гарчанде мизоҷи аввалинаш пулашро баъд мегирӣ гӯён кӯдаки пеши пояш сари зону нишастаро ноумед карда бошад ҳам, он рӯз Мушарраф аз пойафзолтозакунии роҳгузарон якчанд сомонӣ даромад ба даст овард.
Бегоҳӣ замоне, ки дар роҳрави асосии бозори шаҳр охирин роҳгузарон сӯйи хонаҳои хеш мешитофтанд, Мушарраф низ ашёҳои пойафзолтозакуниро дар ҷайбаш пинҳон намуда, аз ҷой бархостанӣ шуд. Аммо дарди ширине зонувонашро фаро гирифта, ба ӯ имкон намедод, ки аз рӯи қолинчаи дар замини сард густурдааш бархезад. Ӯ ба дарди пойҳо ва миёнаш аҳамият надода, сӯйи хонаашон мешитобид, то аз даромади имрӯзааш падару модарашро хурсанд намояд.
Гарчанде, ки панҷаҳои пойҳои Мушарраф як тараф қад бошанд ҳам, ӯ қоматашро рост гирифта бо сари баланд, сӯйи хонаашон роҳ мерафт. Дар даромадгоҳи хона волидони интизори Мушарраф бо дидани ӯ хурсанд шуда, аз ӯ тавалло доштанд, ки дигар ҳаргиз онҳоро ба ташвиш нагузорад.
Мушарраф киссаҳояшро саросема таку рӯ карда, пулҳои ба фоида овардаашро пеши падар, ки рӯйи кат менишаст, гузошт. Ин лаҳза аз бағалаш хамира ва чӯбдасти пойафзолтозакунӣ афтоду зодмандон гунаҳгорона сӯйи ҳамдигар нигаристанд.
- Очаҷон ман имрӯз пул кор кардам, - гӯён аз чӣ бошад, ки гиря гулӯгираш намуду, худро ба оғуши модар афканд. Модару писар дар оғӯши ҳамдигар мегиристанду падари дар хиҷолат уфтода дигар тоқати тамошои ин манзараи ҳузноварро надошт, ки рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшида, ба сукут рафт.
Баъдан ҳарчанд зодмандонаш хоҳиши онро надоштанд, ки ҷигарбанди маълулашон бо чунин роҳҳо даромад оварад, аммо ӯ дигар аз ин раъяш барнагашт.
Рӯз то рӯз теъдоди муштариёни Мушарраф афзуда, шавқу рағбаташро ба тозакунии пойафзол зиёд мекард. Ӯ тамоми ҳастии худро ба ин шуғл бахшида, барои заҳмати хушсифаташ ҳам музду ҳам таҳсину ташаккур мешунид. Ин аст, ки рӯз то бегоҳ мизоҷон пеши ӯ навбат истода, лаҳзае ӯро бекору ба фикру андеша рафтан намегузоранд. Шояд роҳгузарон намедонанд, наврасе, ки дар пеши пойи онҳо сар хам намуда, гарди пойафзолашонро пок мекунад, ниёзмандест, ки пойҳои дардманд дорад.
Мушарраф орзу дошт, ки дар оянда дукони пойафзолдӯзӣ кушода, боз чанд нафар мисли худ ҳамсолони эҳтиёҷмандро бо кори доимӣ таъмин намояд. Агар орзуҳоям амалӣ шаванд, - мегуфт ӯ, моҳона ва як қисми даромади дуконамро бо хонаи кӯдакони маъюб хайр мекунам.
Зиндагиро орзуҳои зебо, мубориза барои расидан ба мақсад рангину ширин мегардонад. Агарчанде на ҳамаи орзуҳояш амалӣ мешаванд, вале ӯ худро дар зиндагӣ хушбахт ҳисобида, боварии комил дорад, ки дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа пайдо хоҳад намуд. Ва барои расидан ба орзуҳои хеш пайваста саъю кӯшиш дорад.
Аз шикасту рехти зиндагӣ ва ноомадиҳо дар кораш ноумед намешавад, зеро мақсадаш аз зиндагӣ машғули касбу коре будан асту бас. Иродаи матину нерӯи хастанопазираш ӯро ба қуллаи орзуву умедҳояш хоҳад расонид. Умр боқӣ бошад, рӯзе мерасад, ки он ҷавони бо ору номусро аз зумраи обрӯмандони маҳаллу шаҳри сукунаташ бубинем. Ба қавли худ он фурсати зиндагие, ки дар ихтиёр дорад, мисли мӯрон рӯз то бегоҳ заҳмат кашиданро дӯст медорад. Шараф дорад Мушарраф!
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ