Дигар дар маркази шаҳру навоҳӣ арчаҳои солинавӣ оро дода мешаванду шабонгаҳ ва рӯзҳои ид хурду калон ба тамошо ва сайругашт мебароянд. Бахусус, кӯдакону наврасон ва ҷавонон чунин маҳфилу сайругаштро дӯст медоранд. Ин шеваи истиқболи Соли Нав ҳанӯз аз замонҳои Ҳокимияти шӯравӣ анъана шуда буд ва то имрӯз ба гунаи хос идома дорад. Ин хеле хотирмону зебо аст, истиқболи Соли Нави милодӣ, аммо зикри ин мавзуъ аз ин ҷониб ба чанд масъалаи дигар бастагӣ дорад, ки маншаъ мегирад аз оинҳои қадима ва муосири Соли Нави милодӣ. Манзури мо боз ҳамон баргузории шабнишиниҳо, оташакзаниҳо, маҳфилу зиёфату нӯшбодиҳои идона, ки саршори шодию нишотанду аммо гоҳе паёмадҳои нохуш ҳам меоранд.
Маҳфили дӯстон
Маҳфили дӯстон ишора ба ҳамон нишастҳои ҳамкорону ёру дӯстон аст, ки дар арафаи Соли Нав ва гоҳе шаби фарорасии он баргузор мегарданд. Воқеан, хеле зебою бофароғат ҳастанд онҳо, аммо баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд ғайриинтизор ва ислоҳнопазир. Чун гуфтем, ки ин ҷашнро бештар қӯдакону наврасон ва ҷавонон меписанданд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаводиси нохуш ба волидон, омӯзгорон ва масъулони бахши тарбия чанд паҳлӯи муҳими ин масъаларо бозгӯ мекунем. Аввалан, фарзандони мову шумо хоҳу нохоҳ бо ҳамсабақону рафиқонашон нақша мекашанд, ки Соли Навро дар маҳфили хосе истиқбол гиранд. Мо ва шумо гоҳе монеъ ва гоҳе розӣ мешавем, аммо намедонем, ки ин маҳфил чӣ гуна сурат мегирад. Аксар медонем, ки солҳои қаблӣ дар ин гуна шишастҳо ва сайругаштҳои шабона ҳодисаҳои нохуш рух додаанд. Авбошӣ буд, дуздию ғғоратгарӣ буд ва ҳатто куштор. Кӣ кафолат дода метавонад, ки имсол чунин ҳодисаҳо рух намедиҳанд? Кафолат, ба андешаи аксар, дар дасти волидон, омӯзгорон ва масъулон аст, аммо чӣ гуна? Мо наметавонем сайругашти идона ва маҳфилу нишастҳои онҳоро билкул манъ созем, аммо метавонем дар баргузории маҳфилу нишастҳои онҳо дар доираи меъёр ва низом мусоидат кунем, маслиҳату дастур бидиҳем ва роҳнамо бошем, то анҷоми ҳамааш хуб бошад. Бахусус, волидон дар ин рӯзҳои ид пайваста фарзандонашонро зери назорат бигиранд. Ба куҷо рафтану бо кӣ нишастану ба чӣ шуғле даст задани онҳоро бояд донанд. Агар тавонем, дар рӯзҳои ид фарзандони ноболиғи худро аз канори худ дур насозем ва модоме ин идро иди хонаводагӣ медонад, бигузор шомгоҳон дар гирди дастурхони идона аҳли байт якҷо бошем. Ин беҳтар аст, ба андешаи мо, аз сайругаштҳои шабона дар кӯчаҳо. Ва агар майлу рағбати сайругашт ҳам пайдо шавад, ҳамроҳу ҳамнишини фарзандон бошем. ..
Ороиши манзил
Дар Соли Нав ҳама манзилҳои худро бо маводи гуногуни солинавӣ оро медиҳем. Бахусус, арча ва чароғакҳо, аммо дар ин мавридҳо ҳам қоидаҳои бехатарӣ ҳатман бояд риоя шаванд. Вақте чароғакҳои солинавиро ба қувваи барқ пайваст мекунему то дер онҳо фурӯзон меистанд, гоҳе аз ноогоҳӣ ва беназоратии мо ҳодисаҳои нохуш рух доданашон аз эҳтимол дур нест. Ҳодисаҳои сӯхтор дар шаби Соли Нав зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Паҳлӯи дигари масъала завқи зиёди кӯдакон ба тамошои арча ва чароғакҳост. Онҳо хоҳу нохоҳ ба арчаҳои зебо даст мерасонанд ва чароғакҳоро низ палмосида тамошо мекунанд ва гоҳе бе иштироки волидон худ арчаҳоро оро медиҳанд. Фаромӯш накунед, ки ин амалҳо хатарноканд. Ҳангоме, ки кӯдакону наврасон бо барқ сарукор мегиранд ва аз пеши худ чароғакҳоро ба барқ пайваст мекунанд, хатари рух додани ҳодисаи нохуш зиёд мегардад. Ин нуктаро ҳамеша ба фарзандони хурдсоли худ бояд фаҳмонд, то «ихтироъкорӣ» накунанд. Ҳангоми оро додани арчаи солинавӣ масъалаи бехатарии сӯхторро ҳатман бояд риоя кард. Назди арча ва дар шохчаҳояш гузоштану овехтани маводи оташгиранда қатъиян манъ аст. Ҳангоми хоб ҷогаҳи кӯдакон аз арчаи орододашуда бояд дур бошад ва шабона ҳатман чароғакҳоро аз қувваи барқ хомӯш кардан лозим аст. Истифодаи шамъ ҳам бо ҳамин минвол бояд зери назорат бошад. Баъзеҳо дар назди арчаҳо ва ҳатто шохчаҳои он шамъҳои хурдро фурӯзон мекунанд, ки ин амал ҳам хатар дорад. Гумон наравад, ки мо ба шумо ба ҳайси як шахси масъул дастур медиҳем. Ин маслиҳати дӯстона ва хайрхоҳона аст. Ҳастанд падару модароне, ки нисбат ба ин масъалаҳо бепарвоянд. Мо ба хотири болидаруҳ сохтани фарзандон арчаро оро медиҳем ва ба фарзандон меҳрубонӣ мекунем. Ин хуб аст, вале ҳамааш дар доираи меъёр, назорат ва тартибот буданаш кафолати амнияти аҳли байт ва дурӣ аз ҳодисаҳои нохуш аст. Дар баъзе хонаводаҳо арчаро оро намедиҳанд ва танҳо як нишасти идона доир месозанд, ки ин услуби истиқболи Соли нав ҳам қобили қабул аст. Модоме ин иди оилавӣ аст, метавонем бо ҳар навъ истиқболаш гирем. Муҳим кайфияту руҳияи мо хуб ва идона бошад.
Хлопушка
Масъалаи дигари нигаронкунанда истифодаи хлопушкаҳо мебошад. Ҳарчанд солҳои охир воридот ва фурӯши чунин мавод қатъиян манъ шудааст, аммо бо вуҷуд бо ҳар роҳе кӯдакону наврасон ва ҷавонон ҳам онро дастрас мекунанду истифодааш мебаранд. Садои гӯшхарошу даҳшатноки хлопушкаҳо ҳанӯз қабл аз оғози Соли Нав дар подъездҳои биноҳои истиқоматӣ, роҳраву кӯчаҳо ва пасу пеши роҳгузарон ногоҳ баланд мешаванд. Ин амали бемаънӣ маҳсули тарбияи падару модар аст. Агар мо, волидон, мусоидат накунем, фарзандон аз куҷо хлопушкаҳоро пайдо мекунанд? Айб дар онҳо нест, айб дар мост! Айбу гуноҳи мост, ки пеши роҳашонро намегирем ва баъзан бо ҳар роҳу восита барояшон хлопушка пайдо мекунем. Аксари шумо медонед, ки хлопушка ҳам маводи таркандаи хатарнок аст ва ба инсон зарар мерасонад. Ҳолатҳои захмӣ шудани қӯдакон аз хлопушка кам набуданд. Аз тарс бемор шудани занону духтарон ва роҳгузарон ҳам ҷой доштанд, аммо ин ҳама то ҳанӯз ба баъзеҳо сабақ нашудааст. Мутобиқи дастури ҳуқуқӣ ворид кардану фурӯши чунин мавод ва истифодаи он ҳукми махсус дорад. Ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ҳам оид ба ин масъала барррасӣ шудаанд, аммо ҳеҷ не ки хлопушкаро фаромӯш созем. Фаромӯш насозед, ки шахсони воридкунанда, фурӯшандаҳо, волидон ва истифодабарандагони хлопушкаҳо минбаъд ҳам мутобиқи санади ҳуқуқӣ ҷазо мегиранд. Пас, хеле хуб аст, ки дар арафаи Соли Нав ва шабу рӯзҳои он мақоли «Аз бало ҳазар»-ро фаромӯш накунем.
Соли наватон мубораку нек бошад, ҳамдиёрони азиз!
Р.Камол