Натиҷа чунон аст, ки насли наврас ва ҷавон аз тарбияи макотиби мухталифи хонаводагӣ ва маънавиёти кам ва ё беш ба мактаби умумӣ ворид мешаванду дар руҳу равонашон ихтилоф ё инқилобе рух медиҳад. Ин ҳолатҳо ҳам ба манфиати камолоти минбаъдаи онҳост ва ҳам баъзан бар зарарашон аст.Чаро? Имрӯз, ки шеваи тарбияи хонаводагӣ мухталиф аст, насли наврас ҳангоми ба ҷамъия ворид шудан ба талаботу қавоиди яксони ҷомеа зуд одат карда наметавонад, зеро дар мафкураи ӯ дарси адаб ва ахлоқ аз мактаби волидон ҷойгузин аст. Ва онҳо дар муҳити оила бо ҳар шева дарси адаб омӯхтаанд ва ё наомӯхтаанд. Шогирдони ин мактаб ба гунаи фарзандони тарбиятдида ва ҳам душвортарбия ба мактаби дигар шомил мешаванд, ки он ҷо талаботи вижа барои ҳама яксон аст. Ин омил боис мешавад, ки тарбия дар камолоти минбаъдаи онҳо ба душворӣ ва ё саҳл сурат мегирад. Дар ин қибол баъзе волидон, ки ба ҳайси устоди аввалини фарзанд шинохта мешаванд, умеди тарбияи минбаъда ва камолоти руҳию маънавии фарзандони худро дар мактаб мебинанд. Аз як нигоҳ ин андеша дуруст ҳам ҳаст, аммо хилофи рисолату масъулият маънидод мешавад.Тарафи дигари масъала гаравидани аксари волидон ба масоили иқтисодӣ, тиҷорат ва таъмини шароити моддӣ ва ё рӯзгузаронии аҳли байт аст. Дар ин ҳолатҳо бештари волидон андеша доранд, ки фарзандон бо мурури вақт донишу савод меомӯзанду рафтору ахлоқашон хуб хоҳад гашт. Чунин таваккал кардан канора ҷустан аз рисолати худ аст…
Мактаб
Мактаб дар ҷомеа манзалати худро дорад. Дар зинаи аввал таълим қарор мегирад ва сипас тарбия. Раванди таълиму тарбия дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ борҳо исбот кардааст, ки шогирдони аз мактаби хонаводагӣ бо заминаи хуби ахлоқию маънавӣ омада, зуд вориди мактаби ҳамагонӣ мешаванд ва омӯзиши илму дониш ҳам барояшон хуб ҷараён мегирад, аммо барои шогирдони дигар, ки барояшон дар оила барномаи тарбиявиро хеле кам таълим додаанд, душвориҳо пеш меоянд. Устодон заҳмат мекашанд, то ин тоифа шогирдонашон аз нигоҳи ахлоқу маънавиёт камол ёбанд, аммо ин шева имрӯз на дар ҳама макотиби умумӣ риоя мешавад. Гуфтем, ки мактаб вазифаи аслии худ-таълимро мутобиқи барнома пеш мебарад, аммо дар мавриди ахлоқ на ҳама вақт таваҷҷуҳ ҷиддист. Мактаби умумӣ ҳама ноҷӯриҳои ахлоқиро ба сари оила бор мекунад ва даъво дорад, ки агар муҳити тарбия дар оила хуб набошад, мактаб дар тарбияи минбаъдаи фарзандони ин ё он оилаи ба истилоҳ «носолим» оҷиз хоҳад монд. Хуб, ин як таҳлили маъмулӣ ва назари умумӣ буд. Дар воқеият коршиносон мегӯянд, ки коста шудани сатҳи ахлоқу маънавиёти насли наврас дар муҳити мактаби ҳамагонӣ ин камбуди омӯзгорон аст. Баъзе саварони мактабҳо аз шеваи муносибат, усулҳои тарбия, иртибот бо оилаҳо ва талаботи илмҳои педагогикаю психология фарсахҳо дуранд. Ҳамзамон ба мактаб баъзан муаллимоне ҷалб мешаванд, ки аз нигоҳи ҳирфаӣ ҷавобгӯи талаботи замон нестанд. Омили асосиро коршиносон дар ҳавасманд набудани мутахассисон медонанд, яъне кор ҳасту ҳавсмандию таваҷҷӯҳ нисбат ба омӯзгорон сарсарист. Имтиёзҳое, ки ба омӯзгорони ҷавон ва ё собиқадор мансуб ҳастанд, баъзан сарфи назар мекунанд. Ва омили аз ҳама муҳим худомӯзию бозомӯзӣ ҷавобгӯи талаботи замон нестанд. Аз ин паҳлӯ метавон арз кард, ки мактаб ҳам рисолати худро то ба сатҳи зарурӣ анҷом намедиҳад.
Ҷомеа
Самти дигари секунҷаи маъмулӣ ҷомеа аст, ки фарогири ду шохаи болоист. Агар низоми тарбия дар хонавода хуб бошаду муҳити ҷомеа нозозгор, хоҳу нохоҳ ба мафкура, ахлоқ ва маърифати тарбиятгиранда латма хоҳад зад. Баъзан гурӯҳеро иҷборан ба муҳити худ мекашад ва олудаи ҳама гуна равандҳои солиму носолим месозад. Дар ин мавридҳо низоми тарбия, муносибат, тафаккур, иқдом ва арзишҳои мактаби хонаводагӣ коҳиш меёбанд. Ҳарчанд, ки волидон талошу заҳмат мекашанд, аммо муҳити ҳаргунаи ҷомеа фарзандонашонро дар мактаби худ ба таври дигар фаро хоҳад гирифт. Раванди бесомони ин мактаб дар зеҳну тафаккури насли наврас фарҳанги дигарро тарбия медиҳад, ки баъзан ба хостаҳо ва ормонҳои мактаби хонаводагӣ дар ихтилоф аст. Ҳамин гуна мавқеъ ба мактаби асосӣ ҳам бетаъсир нест. Вақте масъулони таълиму тарбия дар симои омӯзгорон тарбияро ба дӯши волидон ҳавола мекунанду ҷараёни тағирхӯрии муҳити ҷомеаро нодида мегиранд, насли наврас ва ё тарбиятгиранда миёни ин секунҷа роҳгум мезанад. Ихтилофи назарҳо, услубу шеваҳои тарбия, сатҳи маърифат ва ахлоқу маънавиёти бошандагони ин шохаҳо омилҳои дигари нигаронкунандаро дар самти тарбияи насли наврас тавлид месозанд. Аниқтараш мо худамон онҳоро эҷод мекунем. Ҷудо кардани мактабҳо барои кӯдакони болаёқату белаёқат маҳсули дасти ҷомеаи муосир аст.Бо ин васила ҷомеа дар зеҳни як насли ҳамсол нисбати ҳамдигар бухлу кина ва бадбиниро бедор месозад. Ҳар нафари доранда метавонад фарзандашро дар беҳтарин мактаб ба таълиму тарбия диҳад, аммо оилаи миёнаҳол ин қудратро надорад, ҳарчанд фарзандаш аз нигоҳи донишу малака аз дигарон кам нест. Ин эҳсос ва хубу бад гуфтанҳо ба иззати волидон ҳам сахт мерасад ва дар замири фарзандон ноумедию нотавониро ҷой медиҳад. Зуҳури амалҳои номатлуб,ҷараёнҳои носолим ва густариши иттилооти пурихтилофу ҳангомаангез ҳам таъсири хеле амиқи манфиро дар зеҳну тафаккури насли тарбиятгиранда гузошта метавонад, ки ин ҳам аз муҳити ҷомеа бармехезад. Пас, рисолати ҷомеа ҳам имрӯз нокомил асту масъулияти аслии худ-тарбияи насли солиму комилро уҳдабаро нест. Муҳимтар аз ҳама тарқиш ва дурӣ миёни ин се шохаи асосӣ бузургтар мешавад. Ба истилоҳи дигар, ҳар тарафе ба ҳоли худ асту ба ҳукми худ фаъолият дорад. Агар аз имрӯз ин дурию бегонагиро барҳам назад, шояд фардо зӯрамон барои баҳамоӣ дер шавад.
Р.Камол