Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Украина, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шаҳрвандони зиёде барои таъмин хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати меҳнатии мавсимӣ ё чандсола мераванд, ки он дар рушди иқтисодиёти ин кишварҳо саҳми бориз дорад ва ҳамзамон чанд масъалаи мубрами рӯз аз тариқи муҳоҷирати меҳантӣ ҳаллу фасл мегардад.
Дар баробари ин, муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлуҳои манфии зиёде дорад, ки он ҳам ба маърифати пасти мардум иртибот дорад. Яке аз сабабҳои манфии он ба бахши маориф рабт мегирад. Баъзе хонаводаҳо писарони худро баъд аз хатми синфи 9 –ум ва 11-ум ба Русия мефиристанд. Аксар бачаҳои русто забони русиро хуб намедонанд ва дар ин кишвар ба мушкилиҳои зиёди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Иловар бар ин, аксар муҳоҷирони меҳнатӣ тахассуси муайяне надоранд, бинобарин дар Русия баъзан моҳҳою солҳо овораю сарсон мегарданд. Надонистани забони русӣ, надонистани ҳуқуқҳои худ ва надоштани бимаи пизишкӣ барои аксар муҳоҷирони меҳнатӣ мушкил эҷод менамояд.
Дар баробари ҷавонон ба Русия ва Қазоқистон мардони миёнсолу солхӯрда ва занон низ мераванд. Ҳоло, агар масоили марбут ба кишварҳои корфарморо канор гузорем, муҳоҷирати меҳнатӣ ба оилаи дар Тоҷикистон будаи муҳоҷирони меҳнатӣ низ зарарҳои зиёд меорад ва мо дар ин нигошта ба чанде аз онҳо ишора хоҳем кард.
Коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки оилаҳои дар ватан будаи муҳоҷирони меҳнатӣ маблағҳои ирсолнамудаи фарзандону ҳамсарони худро ба таври дуруст ва муассир истифода карда наметавонанд. «Қисме аз онҳо баъди ба даст овардани маблағ онро барои хариди зару зевари нодаркор ва сифатан паст истифода мебаранд. Аксар модарону ҳамсарон бо маблағҳои ирсолшуда ба бозор рафта, пироҳанҳои синтетикии гаронарзиш харидорӣ менамоянд ва ба ҷойи фоида гирифтан, ба саломатии худ зарар мерасонанд. Ё баъзе ҷавонон зимистон ба хона баргашта бо маблағҳои бар ивази саломатӣ ба дастовардаи худ мошинҳои гаронарзиш мехаранд ва баъд аз чанд моҳ барои рафтан маблағ наёфта, онҳоро бо нархи арзон мефурӯшанд», – мегӯяд ӯ.
Бояд бо ин маблағ фарзандонро бояд ба мактабу литсейҳои хуб бурд, то дар оянда тахассус гиранд, ибрози назар месозад сиёсатшинос. Аммо акаср оилаҳо на танҳо ин корро намекунанд, балки ба мактаб рафтану дарс хондани бачаҳо ҳам аҳамият намедиҳанд. Дар натиҷа онҳо ба ҷойи дарс хонадан дар кӯчаю хиёбонҳо мегарданд ва ниҳоят ба гурӯҳе ҳамроҳ шуда ба корҳои ношоям даст мезананд.
Тоҷиддини Толиб, омӯзгори ботаҷриба, дар ин маврид чунин назар дорад: «Баъзе волидон солҳо дар Русия муздурӣ карда, барои таҳсил ва касби тахассуси фарзандон маблағи калон мефиристанд. Аммо фарзандони онҳо аз тарбия дур монда, ба донишгоҳ намераванду вақти супурдани имтиҳонҳо ба баъзе муаллимони ҳақношинос иртибот барқарор сохта, бо маблағи муайяне баҳои худро мехаранд. Дар натиҷа, баъди 5 соли таҳсил маълум мегардад, ки писар диплом дораду ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонад. Оқибати кор ҳамин мешавад, ки падар саломатӣ ва 5 соли ҳаёту натиҷаи заҳмати миёншикани худро беҳуда аз даст медиҳаду он маблағи бо азоб ба даст омадаро фарзанди бетарбия бар ивази баҳо ба муаллими фосиқе ҳадя месозад. Ниҳоят, фарзанди бесавод маҷбур аст, барои ба даст овардани қути лоямут ҳамроҳи падар ба Русия равад».
Рустами Ашӯр, собиқадори меҳнат, ёдовар мешавад, ки дар муҳоҷират ба муддати зиёд мондани падарон, дар тарбияи фарзандон нақши манфӣ бар ҷой мегузорад. Аксар модарон маърифати казоӣ надошта, ба тарбияи фарзандон чандон аҳамият намедиҳанд. Барои онҳо муҳим нест, ки писар аз субҳи содиқ то нисфи шаб дар куҷо мегардад ва бо кӣ ошноӣ дорад. «Аз ҳамсояи худ мисол меорам, - мегӯяд ӯ. Дилшод (соҳибхона) 20 сол боз дар шаҳри Санкт Петербург ронанда шуда кор мекунад. Ду писари калон дорад. Баро таҳсили онҳо ҳар моҳ пул мефиристад. Аммо онҳо маблағро аз модар гирифта, аз субҳ то нисфи шаб дар сақохонаҳо вақти худро сипарӣ месозанд. Дар натиҷа, маблағи таҳсил дар давоми чанд рӯз дар қимор меравад. То имрӯз надидаам, ки модари бачаҳо боре аз онҳо пурсида бошад, ки чаро ба донишгоҳ намеравед, ё барои чӣ дар ягон ҷо кор намекунед? Умуман, ба масъалаи тарбия аҳамият намедиҳад. Худаш бошад, дар хараки назди хона то нисфи шаб бо чанд зани дигар нишаста семечка мехӯраду ҳамсояҳоро ғайбат мекунад. Аз чунин модарони бемаърифат чиро интизо шудан мумкин аст?», – бо суол посух медиҳад ӯ.
Ниҳоят, масъалаи дигари доғ ин аз тарбия дур мондан ва ба кӯча рӯ овардани духтарону занони ҷавон аст. Зафар Валиев, пизишки ботаҷриба аз шаҳри Душанбе, мегӯяд: «Баъзан барои ба қайд гирифтани «шабпаракҳо» бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои якҷоя мегузаронем. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар духтарону занони шабгард аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Гурӯҳе, агар мушкили моддӣ дошта бошад ва барои таъмини оила аз минтақа ба пойтахт омада, ба корҳои ношоям даст занад, қисме аз костани ахлоқ ба танфурӯшӣ машғул мегардад. Вақте падар солҳои тӯлонӣ дар хона нест ва модар ба тарбия аҳамият намедиҳад, баъзе духтарон таҳти таъсири занони бадахлоқ қарор гирифта, ба танфурӯшӣ машғул мешаванд. Онҳо одитарин қоидаҳои беҳдоштиро намедонанд ва дар натиҷа баъд аз чанд вақт ба маризиҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд. Илова бар ин, қоидаи табобатро риоя накарда, баъд аз каме беҳ гаштани саломатӣ аз истифодаи дору ва гирифтани сӯзандору даст мекашанд, ки он ба музмин гаштани ин беморӣ мусоидат мекунад».
Дар ҳар сурат тамоми мушкилиҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба тарбия иртибот мегирад. Бинобар ин, хуб мешуд, агар барои рафъи бемаърифатӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши занони хонанишин барномаҳои вижа таҳия ва ба тасвиб мерасид, зеро шахси бесавод ба кӯр мемонад ва роҳи рафтаи худро намебинад.
Фароруни Сабзқадам