„ Ақлу тадбири мо сохтаи тарбияти руҳе ва маълумоте аст, ки то имрӯз андӯхтаем: агар бихоҳем бар ақлу тадбири худ биафзоем, бояд аз фардо тарбият ва маълумоти беҳтар ва бештаре касб кунем“
Муҳаммади Ҳиҷозӣ
Бовару эътиқоди мардум ба муъҷизаҳо, ба қувваҳои баду нек ва таъсири онҳо ба руҳу равону рӯзгорашон буду ҳаст ва хоҳад монд, аммо хеле ками инсонҳо ба қувваю неруи азалӣ ва ақлу заковати худ такя месозанд. Онҳое, ки нобарориҳо, ихтилофҳо, мушкилу ноҷӯриҳои зиндагии хеш бо чашми ақлу заковат менигаранду таҳаммулу тадбир меҷӯянд, ҳамеша комгору комёр ҳастанд, аммо нафарони дигар, ки кушоиши кору мушкили хешро аз дигар манобеъ меҷӯянд, боз ҳам муддатҳо мувоҷеҳи нобарориҳо ва нокомиҳо хоҳанд шуд. Манзури мо аз зикри ин манобеъ олудагии чунин ашхос ба хурофот аст.
Хурофоте, ки асрҳо домангири ақлу заковати мост ва намегузорад бо чашми ақл ба дунё нигарему худ ба мушкили худ тадбир биҷӯем.Дар ин маврид бузурге фармудааст: он ки некбахтии худро ба дасти дигаре медонад, басе нокомӣ хоҳад кашид.
Фол ва фолбинӣ
Аз қадим ин русум роиҷ аст ва инсонҳое ҳастанд, ки воқеан неруи ноаёни пешгӯйӣ ва экстрасенсӣ доранд. Дар ҷомеаи муосир ҳатто аз хизмати экстрасенсҳо ҳам истифода мебаранд. Олимони соҳа бар он боваранд, ки ҳамаи одамон дар худ чунин неруро доранд, аммо на ҳама онро истифода бурда метавонанд. Масъалаи экстрасенсҳо баҳсангез ҳам ҳаст. Баргардем ба муҳити худ, ки ин ҷо нақши чунин одамони фавқулоддаро фолбинҳо мебозанд. Ва фолбинҳо миёни занон чанд соли охир зиёд шудааст. Бозори эшон ҳам гарм аст. Сабаб? Чаро ниёз ба фолбинҳо зиёд гаштааст? Ва чаро боз занҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд? Ҳадаф маблағ ба даст овардан бошад ё хидмати беминнат ба ниёзмандон? Чун аксар мегӯянд, ки агар фолбинӣ накунанд, бемор мешаванд ва он қувваи фавқулоддаи худро бояд ба фолкушоӣ сарф намоянд. Ин шуғли поку ҳалол бошад ё фиребу найранг? Саволҳо зиёданд ва шояд шумо ҳам савол гузоред, ки фолбинҳо ба кӣ зарар оварданд? Мо ба шумо савол медиҳем, ки чаро ба назди фолбинҳо меравед? Аз нотавонӣ, ноилоҷӣ ва боз чӣ? Дини мубини ислом ба назди фолбину ҷодугарон рафтанро гуноҳи азим меҳисобад. Пас, агар сарнавишту инони зиндагии шумо ба ҳукми офаридгор бошад, оё фолбин метавонад онро тағйир бидиҳад? Баъзе психологҳо мегӯянд, ки баъзе фолбинҳо то ҷое руҳшиносу равоншинос ҳам ҳастанд ва вобаста ба ваҷоҳати ниёзманд, вазъи руҳии ӯ хулоса мекунанд ва тадбирҳои анъанавию шаклгирифтаи худро тавсия медиҳанд. Боз равоншиносон мегӯянд, ки шахсони ба худ нобовар, сустирода ва тарсу бештар ба назди фолбинҳо мераванд. Инсоне, ки ба ақлу заковат, донишу таҷриба ва иродаи худ эътимод дорад, ҳеҷ гоҳ ба фолбин муроҷиат нахоҳад кард. Мардҳо, ки табиатан устувор, матинирода ва мухтор ҳастанду ба ин гуна боварҳо кам эътиқод доранд, хеле кам ба назди фолбинҳо мераванд. Аммо солҳои охир шумори занҳо дар ин қибол зиёд шудааст ва бо масоили гуногун ба фолбинҳо муроҷиат мекунанд. Масалан, шавҳараш дер аз кор меояд, зан назди фолбин меравад. Фолбин фол мекушояд ва мегӯяд, ки шавҳаратон маъшуқа дорад. Зан илоҷи мушкилро мепурсаду фолбин мефармояд то ину онро биёрад, чанд бор биёяду биорад. Ҳамааш хуб мешавад. Аммо бехабар аз он, ки ин ҳама сафсатае беш нест ва ба фиреби фолбин бовар мекунад. Оқибат миёни зану шавҳар гумонҳои бад реша мегиранд, бовариву эҳтиром коста мегардад ва ҷанҷолу хархашаҳо зиёд мешаванд. Баъзан оилаҳо пош ҳам мехӯранд. Ё дурӯғ гуфтем? Ин ҳолатҳо зиёданд- ку?
Мисоли дигар. Аксар занҳо боз ба хотири бахткушоии духтаронашон ба назди фолбинҳо мераванд. Дар чунин ҳолатҳо аксари фолбинҳо як фарзия доранд: пеши бахти духтаратонро бастаанд бо қулфи калон, калидашро ба дарё партофтаанду қулфро таги остонаи хона ё зери як дарахте пинҳон кардаанд. Ёфта оред, мекушоем ва духтаратон бахташро меёбад.
Албатта, ин амалҳо ва тадбирҷӯиҳо бе пулу мол анҷом намегиранд. Ё ҳолати дигар: маблағеро гум кардед, ё моли гаронбаҳоятонро дуздидаанд. Шумо аз ноилоҷӣ назди фолбин меравед ва ӯ фол мекушояд, ки фалон хеши наздикатон меҳмон буду маблағ ё моли шуморо дуздид. Бовар кунед, ин ҳолати муқаррарист. Ба хонаи ҳамаи мо меҳмон меояд, албатта, хешу табор ва ин нуктаи нозукро фолбинҳо медонанд ва дуздиро ба сари яке аз онҳо „бор“ мекунанд. Шумо бовар мекунеду гумонатон ба он хешатон зиёд мешавад. Бадбинӣ, дилсардӣ ва бемеҳрӣ ба ҳамдигар оғоз мегардаду оқибат иртибот бо он хеш канда мешавад. Танҳо ба ҷурми гумон, на исботи дуздӣ! Дар ислом ҳам омадааст, ки ба касе гумони бад кардану дар ҳаққаш носазо гуфтан гуноҳ аст. Бубинед, ки як бор ба назди фолбин рафтан шуморо олудаи чӣ қадар гуноҳҳо мекардааст.
Бигзор нокому бадбахт шавад!
Дар мавриди ба касе бадӣ кардан, пеши роҳи касеро „бастан“ ва ӯро гирифтори нокомиву бадбахтиҳо намудан ҳам зиёд амалҳои зишту пургуноҳ аз ҳар ду ҷониб содир мешаванд. Ҳам муроҷиаткунанда ва ҳам ҷодугар. Масалан, шумо ба молу мулки ҳамсояи сарватмандатон ҳасад мебаред ё хеши наздикатон корҳояш бобарор асту шумо миёнаҳол. Аз ҳасад ҷойи нишаст намеёбед ва мехоҳед ӯ низ мисли шумо гардад. Сеҳру ҷоду мефармоед ва гӯё таъсир мекунад. Гоҳе ҳамсояатон худ аз худ бемор мешавад ва гоҳе шояд маблағашро бой медиҳад. Шумо шодӣ мекунед, ки ба мақсад расидед. Чӣ иштибоҳи бузург, чӣ гуноҳи нобахшиданист. Чунин мисолҳо дар таҷриба бешуморанд. Духтари касеро хостгорӣ кардеду розигӣ надоданд ва шумо пайи қасди бадбахтии ӯ талош мекунед. Ҳаройина мехоҳед пеши бахти он духтарро бубандед. Албатта, бо тавсияи дугонаҳою миёнаравон ба назди соҳирону ҷодугарон меравед. Онҳо амалҳои маъмулии худро анҷом медиҳанду шуморо бовар мекунонанд,ки он духтар ҳаргиз хушбахт нахоҳад шуд.Шумо медонед, ки чи кор мекунанд ҷодугарон. Зочаҳо месозанд ва ба танашон сӯзани бисёр мехалонанду мефармоянд, то онҳоро дар қабрҳои кӯҳна пинҳон кунанд. Оё ин амалҳои савоб аст?
Нодориву миёнаҳолӣ ва дар зиндагӣ мувоҷеҳи мушкилиҳо шудан танҳо ба ҷурми танбаливу бетадбириву беақлии шумост. Ба ин касе гунаҳкор нест, ба ҷуз худи шумо. Боре ба худ савол додаед, ки чаро аксари фолбинҳо ва ҷодугарон бо вуҷуди доштани ин қадар қувваю неруи фавқулодда миёнаҳолона зиндагӣ доранду баъзан дар ҳалли мушкилоташон оҷиз мемонанд? Холид, шоири классик, гуфтааст:
Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту,
Кас нахорад пушти ту ҷуз нохуни ангушти ту.
Ақл ва имон
Олимони фиқҳ, пажуҳишгарони дини мубини ислом ва дигар адён мавҷудияти илми сеҳру ҷодуро тасдиқ мекунанд ва таъсири сеҳру ҷодуро ҳам ба буняи инсон инкор намекунанд. Таърих ва сарнавишти инсон ҳолатҳои зиёдеро ёд дорад, ки ҷодугарон ба чӣ қодир буданду ҳастанд, аммо назари руҳшиносону равоншиносон ба ин раванд дигар аст. Инсонро дар ҳама давраи ҳаёташ майнаи сар, яъне асабҳояш идора мекунад. Ҳама фармон, супориш, амалу гуфтор ва ҳатто бемориҳо аз он сарчашма мегиранд. Бовару нобоварӣ, эътиқоду эътимод, тарсу далерӣ, иродаву беиродагӣ, хулоса, ҳама амалҳо ва хислату хӯйи моро асабҳо идора мекунанд. Ҳангоме шумо аз касе ё чизе ҳарос мекунед, ин тарсу ваҳм тамоми вуҷудатонро фаро хоҳад гирифт. Масалан, ба аксари мо мегуфтанд, ки шабҳо аз назди қабристонҳо нагузаред, зеро он ҷо мору каждуму арвоҳҳо аз гӯр мебарояд ва ба шумо зарар мерасонанд. Гоҳе мешунидем, ки фалонӣ шомгоҳ аз назди қабристон гузаштаасту мори калонеро дида, аз тарс лабу даҳонаш каҷ шуда, беҳушу беёд гаштааст. Бовар доштем, аммо чун огаҳ шудем ва дар китобҳои динӣ ҳам омадааст, ки агар ба маконе рафтеду шаб ҷойи хоб наёфтед, ё ба масҷид биравед ва ё назди қабристон хоб равед, ки беҳтарин макони амн аст. Пас, чаро баъзеҳо аз ин макон гузар мекардаанду бемор мешудаанд? Посух хеле оддист. Дар зершуури онҳо ҳамон талқини беасоси дигарон, ки аз қабристон шабона гузар накунед, сабт шуда буд. Ва ҳамон тарсу ҳарос боис шуд, ки сояи дарахте, ҷунбиши шоху баргҳо ва ё садои шамол дар назарашон махлуқи дигареро акс сохтаанд. Тарс, танҳо тарс боиси бемории онҳо гардид, на чизи дигар. Пас, ин ҳама фиреб будааст ва хурофот. Ин ҷо ҳам як шоҳбайти Саъдии Шерозӣ ба ёд меояд, ки шуур ва ақлу заковатро аз ҳама боло медонад:
Ман бозии фиреби шуморо намехурам,
Макри шумо ҳарифи шуурам намешавад.
Пас, довари ҳақ кист?
Хурӯҷ кардани фолбинӣ, сеҳру ҷоду ва гирифтории мардум, бахусус занҳо ба торҳои печопечи ин амалҳои носавоб паёмадҳои хубе надоранд. Аввалан, чунин занҳо аз нигоҳи руҳиву равонӣ ноқис хоҳанд шуд ва бовару эътиқодашон, ихлосу имонашонро ба худу офаридгор аз даст хоҳанд дод. Дувум, муҳити таълиму тарбияи фарзандон, эҳтирому меҳру муҳаббат ба аҳли байту атрофиён коста мегардад. Баъдан, хурофот, расму русуми бепояи аз дини мубини ислом дур дар муҳити хонавода, маҳалла ва зеҳну шуури онҳо реша медавонад, ки ин аз ҳама бад аст. Онҳо ҳамчун шахсият камол нахоҳанд ёфт, мустақил будан ва рисолати воқеияшонро фаромӯш хоҳанд кард. Ва боз оқибатҳои нохуши дигар… Пас, дар ин зуҳуроти бисёр номатлуб ва хатарзо кӣ бояд довар бошад? Ба андешаи мо довари воқеӣ боз ҳам ақлу заковати шумост ва ниҳоят, довари ҳақ офаридгор хоҳад буд. Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:
Яке аз ақл мелофад, яке томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.
„ Бонувони Тоҷикистон“