Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки дорои 160 ҳазор аҳолӣ мебошад, падидаҳои номатлубе амсоли майзадагӣ байни ҷавонон, бадахлоқӣ, ҷудошавии оилаҳо, даст ба худкушӣ задани занону духтарон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шудани баъзе ҷавонон масоили доғ ба ҳисоб мераванд. Зимни суҳбат фаъолони ноҳия иброз доштанд, ки раиси тозатаъини Қубодиён Саъдулло Бекназаров дар баробари ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Зеро аксари мушкилиҳои зикргардида вобастагӣ ба фарҳангу тарбияи ахлоқии ҷомеа доранд.
Бозомӯзии бонувон
Фирӯза Абдураҳимова, мудири бахши маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён, иброз дошт: „Нахустин иқдом дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ пешниҳоди бонувони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда буд, зеро дар баробари масъулияти оиладорӣ имрӯз дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши асосиро занон мебозанд“.
Дар мавриди баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бонувони фаъоли ноҳияи Қубодиён ошкоро мегӯянд, ки барои бартараф намудани масоили ҳалталаб вақт лозим аст. Барои омода намудани духтарони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда, тарбияро аз сатҳи оила бояд оғоз бахшида, дар муносибат бо фарзандон байни духтару писар фарқ нагузорем.
–Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои аграрие мисли Қубодиён, дар мадди аввал сатҳи маълумотнокии занони деҳотро баланд бардошт. Соли ҷорӣ бо мақсади пурра намудани захираи кадрии соҳаи маориф 105 нафар омӯзгорзанони дорои маълумоти миёнаи касбии ноҳия ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, – мегӯяд Фирӯза Абдураҳимова.
Эҳёи „Чилдухтарон“
Дар доираи ҳадафҳои рушди деҳот дар якчанд русто бунёди сехҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва зардӯзӣ ташкил меёбанд. Орзугул Раҳимова, яке аз ҳунармандони санъати зардӯзӣ, бо даъвати раиси ноҳия коргоҳи зардӯзии „Чилдухтарон“ -ро созмон медиҳад.
Ба гуфти Орзугул дар марҳилаи аввал бо омӯзиши 20 нафар духтарон дар коргоҳи нав дӯконҳои зардӯзӣ ба кор оғоз намуда, минбаъд ҳамин теъдод бонувони дигар ба шуғли бофандагӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Зан ва зӯроварӣ
Аз суҳбат бо Таҳмина Хоҷамуродова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён, бармеояд, ки бештари мушкилоти сокинони русто ба бекорию хонанишинии бонувон бастагӣ дорад
Ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ дар якборагӣ имкон надорад. Аз ин рӯ, дар пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо ва масъалаи худкушӣ, ки ҷомеаро ба ташвиш меоваранд, бояд тамоми сохторҳоро ҷалб намуд. Ҳамаи падидаҳои номатлуби ҷомеа аз мушкилоти иҷтимоӣ – бекорӣ, сатҳи пасти маърифати аҳолӣ, бадахлоқию майзадагии ҷавонон пайдо мешаванд ва онҳоро дар ҳамбастагӣ бо тамоми сохторҳои марбут метавон пешгирӣ намуд.
Бар замми ин, ба андешаи Таҳмина Хоҷамуродова, бахши кор бо занон ва оила дар пешгирӣ аз ҳодисаҳои худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳо ба равоншинос эҳтиёҷ дорад. Зеро дар омӯзиши ҳолати равонии ҷабрдидагон ва пешгирӣ аз кирдори номатлуби баъзе одамон бештар равоншинос таъсир расонида метавонад.
Бонувони Қубодиён иброз медоранд, ки масъулини ҳифзи ҳуқуқҳои мардум бояд иҷроиши қонун дар бораи зӯровариро зери санҷишу назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Худогоҳӣ — омили амну пешрафт
Масъулини риштаи маънавиёт иброз медоранд, ки баҳри воқифгардонӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа бо дастури роҳбарияти ноҳия теъдоди рӯзномаи ноҳиявии „Шараф“ аз 500 ба 5000 расонида мешавад. Ба қавли Меҳриннисо Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, дар радифи дастрасии аҳолӣ ба рӯзномаи ноҳиявӣ хабарнигорони нашрия низ муваззаф шудаанд, ки тамоми мавзуъҳои мубрами ҷомеаро фаро гирифта, матлабҳоеро омода намоянд, ки ба талаботи хонандаи имрӯз ҷавобгӯй бошанд.
Тибқи иттилои мавсуф бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба мавҷи барномаҳои шабакаҳои телевизионии ватанӣ Маҳмадаюб Шарифов, директори хоҷагии ҷангали ноҳия, беш аз 5 ҳазор мавҷқабулкунакҳои телевизиониро, ки дар бозорҳои маҳаллӣ 25 сомонӣ арзиш дорад, бо нархи 15 сомонӣ ба сокинон дастрас намуд. Азбаски талабот ба чунин асбобҳои телевизионӣ зиёд аст, ин шахси хайрхоҳ тасмим гирифтааст, ки иловатан 5 ҳазор мавҷқабулкунак харидорӣ намуда, ба нархи арзон пешкаши муштариён гардонад.
Чуноне ки Маҳмадаюб Шарифов дар суҳбати телефонӣ ба мо иттилоъ дод, қаблан баҳсҳо атрофи дастнорасии сокинони баъзе минтақаҳои гуногуни ноҳия ба мавҷҳои телевизионҳои ватанӣ гарм шуда буданд. „Аз ин рӯ, пешниҳоди раиси ноҳияро бобати таъмини сокинон ба мавҷқабулкунакҳои хонагӣ қабул намудам. Охир, ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯстро ин ҳолат ором намегузорад, зеро дар баъзе минтақаҳои сарҳадӣ мардум аз дастнорасӣ ба мавҷи телевизионҳои ватанӣ шабакаҳои хориҷиро тамошо мекарданд. Фикр мекунам, беҳтарин хайр ба ҳамватанон ин дастрасӣ ба расонаҳои ватанӣ мебошад. Зеро танҳо он мардуме дар миллатсозию давлатсозӣ муваффақ мешаванд, ки ҷомеаи худогоҳу босавод дошта бошанд.
Хулоса, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барои бартараф намудани камбудию мушкилиҳои ҳалталаби ҷомеа тамоми чораҳоро дида истодаанд. Роҳбарияти ноҳия роҳи асосии пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубро дар воқифгардонии аҳолӣ мебинанд. Дар ин замина таъмини аҳолӣ бо мавҷқабулкунакҳои телевизионӣ, рушди рӯзномаи ноҳиявӣ ва тарғиби аҳолиро барои обуна шудан ба рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ муҳимтарин омили саводнокию худогоҳии сокинони ноҳия мешуморанд. То куҷо раиси тозаинтихоби ноҳия ва зертобеонаш дар амалӣ намудани иқдомҳои пешгирифтаашон дар самти баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад.
P.S: Аҳли эҷоди маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“, ки дар ҳалли мушкилоти мардум, ба хусус бонувони русто, таваҷҷуҳи зиёд дорад, хулосаи матлабро ба охири сол мегузорад, то бубинем масъулони ноҳияи Қубодиён ба чӣ комёбиҳо ноил мегарданд. Дар ин ҷода ба эшон дастовардҳо таманно дорем.
Ҷамолиддин Сайфиддинов,
Душанбе – Қубодиён – Душанбе