Рӯзи нахустини моҳи сентябр, ки чун Рӯзи дониш маъруф аст, барои толибилмону донишҷӯён, волидону пайвандони онҳо, омӯзгорону кормандони бахши маориф рӯзи хотирмон аст. Яке бори нахуст пой бар остонаи дабистону донишкада мениҳад, дигаре шод аз он аст, ки як синф ё як зина боло рафтааст. Вале ин рӯз барои сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Марина Шулгина-Шакирянова воқеан як рӯзи фараҳафзову таърихист. Имрӯз духтари кӯчаки хонадон Санам бори аввал ба мактаб меравад. Ӯро то ба гимназияи №1-и маркази ноҳия чаҳор нафар хоҳараконаш ҳамроҳӣ мекунанд. Марина либоси миллии тоҷикӣ ба бар намуда, шодону шодмон дар иҳотаи духтаронаш роҳ сӯйи мактаб пеш мегирад. Аз ӯ омӯзгорону раҳбарони гимназия ва ҳам ҳамсинфони Зарнигору Меҳриннисо, Суману Санам миннатпазиранд. Барои тарбияи неки фарзандонаш, дарёдилӣ, меҳри бекарон ва одамияташ.
Духтари якдонаву ноздонаи волидайн
Марина Шакирянова, ки насаби духтарияш Шулгина буд, 49 сол қабл дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш аз ҷумлаи рустаборони Байкали Сибир ва модараш аз украинтаборони вилояти Харков буданд. Марина фарзанди ягона, нозпарварди волидайн буд. Баъд аз хатми мактаб таҳсилро дар техникуми авиатсионӣ ва баъдан дар Донишкадаи авиатсионӣ идома дод. Марина дар яке аз сохтмонҳои маъруфи давр дар Қазоқистон бо Дамир Шакирянови тотортабор шинос шуд ва издивоҷ кард. Максим ва пас аз панҷ сол писари дувумашон Дамир ба дунё омад.
Соли 1989 тақдир Марина ва Дамирро ба Тоҷикистон овард.
Қатраҳо дарё шуданд
Соли 1995 Марина ба минтақаи суғдии муассисаи „Роҳи оҳани Тоҷикистон“ ба кор даромад. Ҳамкорон беҳтарин хислатҳои Маринаро, аз қабили инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, покдилӣ, ҳақдӯстию адолатпарварӣ ва хоксорию таҳаммулпазирӣ ба эътибор гирифта, ӯро намояндаи кумитаи иттифоқи касаба интихоб намуданд. Аз соли 2005 муассисаи онҳо сарпарастии Осоишгоҳи вилоятии кӯдаконаи зиддисили „Равшан“-ро ба уҳда гирифт. Аз он замон бад-ин сӯ Марина пайваста аз аҳволи бошандагони ин осоишгоҳ хабар мегирифт. Дар иду ҷашнвораҳо барояшон дастархон мекушод. Дар лобалои диду водидҳо бо кӯдакон самимона суҳбат меорост. Се сол қабл Марина бо Дамир маслиҳате дар миён гузошт, ки мехоҳад се нафар тифлакони осоишгоҳро ба тарбияи худ бигирад. Аз ӯ посухи нек гирифт. Марина аз тасмими хеш модаркалони бачаҳо - Нигора Абдуллоеваро огоҳ кард. Ӯ низ аз шунидани ин иқдоми наҷибу нек шод шуд. Бад-ин тартиб, нахуст хоҳару додарон Ҳусейну Фотима ва Зарнигор аз осоишгоҳ ба оғӯши гарми „модарҷон“-и хеш баргаштанд. Баъдан, Марина тасмим гирифт се нафар кӯдакони дигар, яъне Меҳриннисо, Суман ва Санамро, ки низ дастпарварони осоишгоҳ буданд, ба фарзандӣ бигирад. Онҳо ба Ҳусейну Фотима ва Зарнигор бачаҳои хола буданд. Ҳама ӯро чун „модарҷон“ ва шавҳараш- Дамирро чун „батюшка“, яъне „падарҷон“ қабул намуданд.
Ман аз танҳоӣ мегурезам
Марина иброз медорад, ки ҳамеша аз бисёрфарзандӣ истиқбол мекард ва фарзандро олитарини неъмати офаридаи Худованд медонист. Қисса мекунад, ки дар бачагӣ аз модараш бо камоли содагӣ борҳо пурсидааст: „Модарҷон! Чаро дигарон додару хоҳарча доранду ман не?!“
–Ҳоло Максим 30-сола ва Дамир 25-сола шуда, ҳарду дар Маскав зиндагӣ доранд,– мегӯяд Марина
Хусурам солҳо бемори бистарӣ буд. Барояш ғизо омода карда, аз пайи кори худ мешудам. Вале ӯ то омада сари дастархон нишастани ман пораи нонро ба лаб намебурд. Ин аст, ки аҳлона хӯрок хӯрдан як навъ таомулу шарту ҷузъи рӯзгору зиндагиямон гардида буд.
„Оё барои Шумо нигоҳубини шаш кӯдак мушкил нест?“,– суол мекунам аз Марина.
–Мушкиле нест. Онҳо ҳама шикастанафсу хоксоранд ва аз будааш беш чизеро талаб надоранд. Гузашта аз ин, мо ҳама андармони коре ҳастем. Дар ҳавлиямон мурғу харгӯш парвариш мекунем. Дар замини наздиҳавлигиямон ҳар навъ сабзавот, аз қабили помидору бодиринг, шибиту гашничу карам мекорем. Дар тобистон барои зимистон гуна-гуна консерваҳо тайёр мекунем.
Ҷиҳози арӯсӣ омода месозем
Фарзандони Марина дастпарварони гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Ҳусейну Фотима соли гузашта пас аз хатми синфи 9-ум тасмим гирифтанд, ки таҳсилро дар дигар таълимгоҳҳо идома диҳанд. Фотима донишҷуйи соли дувуми яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар риштаи муҳосибот аст. Ҳусейн ба кор даромада, ҳамзамон таҳсилашро дар яке аз ҳунаристонҳо идома доданист. Онҳо 17-солаанд. Меҳриннисо дар синфи 9, Зарнигор дар синфи 7, Суман дар синфи 3 ва Санам дар синфи якуми гимназияи мазкур таҳсил доранд. Ҳама аълохон, боодоб, тарбиятдида ва хоксору меҳрубонанд.
–Фарзандонамро дар руҳияи исломӣ тарбият менамоям, – таъкид медорад Марина.– Зеро нахуст ин эҳтироми шавҳари мусалмонам бошад, аз сӯйи дигар, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми маҳал ва расму оинҳои он аст. Медонам, ки Фотима қадрас шудааст. Он рӯз дур нест, ки ба хонаи мо хостгорҳо меоянд. Лиҳозо, бо нияти рӯзҳои нек як сандуқи наву кошинкоришуда харидем, то дар он ҷиҳози арӯсии ӯро ҷамъ биёварем. Гузашта аз ин, ба духтарон дарси рӯзгордорӣ - пухтану шустану дӯхтану дарзмол кардан, дастархон оростан, одоби меҳмондориро ёд медиҳам. Хушодобу хушахлоқанд. Мебинам, ки тайи се сол онҳо комилан дигар шудаанд. Дар осоишгоҳ камгапу хомӯш буданд. Ҳоло дар чеҳраашон ҳамеша табассуму шодмонӣ ҳувайдост. Вақте ба мактаб меравем ва ё дар кӯча сайругашт мекунем, ман эҳсос мекунам, ки то чӣ андоза онҳо ифтихормандона,бо сари баланд қадам мезананд. Гӯиё мехоҳанд ба раҳгузарон таъкид бикунанд: „Бубинед, то чӣ андоза зебову меҳрубону ҳалим аст модари мо!“. Магар ин камоли хушбахтии инсон нест?! Боз ҳам як бори дигар шукри Худои меҳрубонро мекунам, ки маро чунин неъмати бебаҳо, яъне фарзандони нозанину дилогоҳ додааст.
Дасти кӯдакон мегирам, то Худо дастгири волидайни танҳоям бошад!
–Фарзанди ягонаи хонадон ҳастам ва қарзи ман буд, то дар дами пирии падару модарам дар паҳлуи онҳо бошам ва барояшон асои пирӣ гардам. Вале бо тақозои зиндагӣ ин корро карда наметавонам. Соле як маротиба ба дидани онҳо меравам. Ман огаҳонаю бошуурона, ҳадафмандона, бо нияти хайр дасти кӯдакони маъсумро гирифтам, то Худои меҳрубон бар ивази тасмиму иқдоми ман дасти падару модари пирамро бигирад ва ба онҳо дар айёми пирӣ нерую тавон ато намояд. Бошад, ки Худо ба падари бемори бистариям шифо бахшад. Вақте онҳо шуниданд, ки дар фазои хонаю кошонаи мо ҳамеша овози хандаю шодмонии кӯдакон танинандоз аст, шукри Офаранда карданд.
Аз Марина истиқбол мекунанд
–Ман аз Марина, ки дар дили кӯчакаш меҳри бузурги ҳашт нафар фарзандонро гунҷонидааст, сарфарозам,– мегӯяд раиси шаҳраки Ғафуров Қурбоной Мирзоева.– Вай метавонад намунаи ибрат барои аксар бонувони кишвар бошад. Бо кор, рафтор, либоспӯшӣ, муносибаташ бо ҳамсоягону ҳамшаҳриён дар дили ҳамагон ҷой гирифтааст.
–Аз ин ки фарзандони Марина толибилми дабистони мо ҳастанд, ифтихормандам,– иброз медорад директори гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷӯрабой Ҷӯраев.– Онҳо озода, меҳрубон, хушахлоқ, шикастанафсанд, ки бидуни шак аз хислатҳои ҳамидаи модарашон Марина ибтидо мегиранд.
Тилав Расулзода