Дар конфронс, ки ҳудуди 150 намояндаи созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, занони раҳбар аз сартосари ҷаҳон ширкат доштанд, ҷониби Тоҷикистонро дар сатҳи расмӣ муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова муаррифӣ кард. Ӯ зимни суханронии ифтитоҳии худ гуфт, ки бо душвориҳои аслии норасоии об аксаран занон ва духтарон рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, 60 дарсади обҳои минтақа дар қаламрави кишвари мо воқеъ аст, шаҳрвандон ҳамасола ба мушкилоти норасоии об гирифтор мешаванд.
— Яке аз мушкилоти аслӣ дар ин самт, дастрасии нокофӣ ба сарчашмаҳои безарари оби нӯшиданӣ ва шароити хуби санитарӣ мебошад, ки аз барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, бояд ёдовар шавам, ки ин омил, яъне таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити хуби беҳдорӣ бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, яъне рафъи камбизоатӣ ва коҳиши сатҳи фавти модарону кӯдакон ҳангоми таваллуд ва мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ робитаи бевосита дорад, - афзуд Руқия Қурбонова.
Муовини сарвазир дар суханронии худ таъкид бар он дошт, ки дар даҳсолаи ахир Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ва коҳиши сатҳи фақру бенавоӣ фаъолиятҳои пурборе кардааст.
Бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон ҳанӯз мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳал нагардидааст. Дар бархе аз навоҳии вилояти Хатлон, ки нуқтаҳои оби тоза дар дами дари сокинон насб нагардидааст ё дар масофаи дуртар аз манзили сокинон ҷой дорад, бештар занону духтарон ба обкашонӣ машғул мешаванд.
Танҳо Тоҷикистон нест, ки ин мушкилотро дорад. Сара Очекпе, вазири захоири оби Нигерия, ки дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ширкат мекард, гуфт, аҳолии Нигерия ҳудуди 167 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 35 дарсади аҳолӣ ба оби тоза дастрасӣ надоранд.
— Аз нисф зиёди аҳолии моро занҳо ташкил медиҳанд. Дар Нигерия ду дарёи бузург: Найҷа ва Пенвӣ ҷорист. Аксарият дар соҳил ва наздикии ин дарёҳо сукунат доранд. Вале баъзе аз минтақаҳои кишвари мо имрӯз хушк шуда истодааст. Дар қисми шимолии кишвари мо масъалаи биёбоншавӣ ба миён омадааст. Имрӯз танҳо 65 дарсади аҳолии мо бо оби нӯшиданӣ таъмин аст. Дар минтақаҳое, ки оби тоза вуҷуд надорад, бемориҳои зиёди сироятӣ буруз мекунанд: амсоли дарунравӣ (диарея), тиф, ҳароратбаландӣ, - мегӯяд Сара Очекпе.
Давлати Нигерия дар ҳоли ҳозир бо пуштибонӣ ва ёрии молии созмонҳое назири Ташкилоти байналхалқии кумак дар соҳаи об, Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналхалқӣ, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ЮНИСЕФ ва ғайра талош дорад мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданиро барои шаҳрвандонаш ҳал кунад.
Вазири захоири оби Нигерия доир ба аҳамияти Конфронси Душанбе гуфт, ин ҳамоиш барои истифодаи самараноки об фоидаи калон хоҳад расонд. Вай норасоии обро дар ғайримақсаднок сарф кардани он дониста, изҳор дошт, ки бояд инсонҳои кураи замин аз муҳимияти об огаҳ бошанд ва онро бо эҳтиёт сарф намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Гречӣ Ҷолонӣ, ёвари директори генералӣ оид ба масъалаҳои об ва муҳити зист дар ЮНЕСКО, дар робита ба Конфронси Душанбе афзуд, пеш аз ҳама мақсади асосии ин конфронс таҳияи барномаи ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати фаъолияти якҷоя дар соҳаи об мебошад.
— Аз ҷониби ЮНЕСКО гуфта метавонам, ки дар сатҳи СММ масъалаҳои зан ва об ниҳоят нақши муҳимро бозӣ мекунанд. Тавре ин чорабинӣ дар доираи соли байналмилалии ҳамкориҳо оид ба масоили об баргузор мешавад, далеле бар муҳим будани чорабинии мазкур аст. Албатта, яке аз мақсадҳои асосӣ ин эътироф намудани об ҳамчун як захираи асосӣ ҷиҳати ба даст овардани рушди босубот пас аз соли 2015 аст, - мегӯяд хонум Ҷолонӣ.
Дар робита ба нақши занон вай меафзояд, дар тамоми самтҳои ҷомеа онҳо нақши мушаххасеро мебозанд. Ба гуфти вай, занҳо метавонанд ҷиҳати истифодаи самараноки об ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум оид ба масъалаҳои об ва санитария нақши бузурге бозанд.
— Албатта, боварии комил дорам, ки чорабинии мазкур ҷиҳати ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дар атрофашон баҳс дорем, мадад хоҳад расонд. Тавре дар чорабинии имрӯза шумораи васеи намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам аз ҳукумат ва ҳам аз ҷомеаи шаҳрвандӣ занҳо ҳастанд, ин паёмҳоро ба дигарон хоҳанд расонд ва барои ҳалли ин мушкилот бонувон даст ба дасти ҳам хоҳанд ниҳод, — афзуд ӯ.
Масъалаи беҳдоштӣ ва ё санитарӣ аз мавзуъҳои дигари баррасишаванда дар ҳамоиши байналмилалии занон „Занон ва ҳамкорӣ дар соҳаи об“ буд. Лайло Моширӣ, раҳбари тоҷикистонии ЮНИСЕФ, зерсозмони СММ оид ба кумак ва пуштибонии атфол, мегӯяд, дастрасии кӯдакон ба оби ошомиданӣ ҳам ҷанбаи хонаводагӣ дораду ҳам ҷанбаи мактаб.
— Дар айни ҳол дастрасӣ ба оби тоза ва дастшӯйӣ (ҳоҷатхона) дар мактабҳо ҳамеша мавҷуд нест. Ин метавонад ба саломатии духтарон таъсири манфӣ дошта бошад ва ҳам монеъ дар ёдгирӣ ва дар таълиму тадрис ва ҳузурашон дар дарсҳо бигардад. Пешниҳоди ЮНИСЕФ ин аст, ки дар дохили макотиб оби ошомиданӣ ва дастшӯйӣ таъмин шавад. Мо мутмаинем, ки агар як боздиди сарсарие аз макотиб шавад, мутаассифона, пайдо хоҳем кард, ки хеле аз онҳо ҳадди ақали стандартҳоро ҳам дар ин бахш надоранд. Ҳамон қадр ки мо ба синфхонаҳо таваҷҷуҳ мекунем, ба оби ошомиданиву дастшӯйӣ ҳам бояд таваҷҷуҳ дошта бошем. Мактаб, агар дастшӯйӣ надошта бошад, мактаби комил нест, - мегӯяд, Лайло Моширӣ.
Хонуми Моширӣ меафзояд, ҳалли ин масъала фақат бар дӯши давлат нест, балки ба мусоидати мардум ва анҷуманҳои волидон ҳам ниёз дорад.
Дар робита ба ҳамоиши занон вай мегӯяд, агар барномае таҳия шавад ва кишварҳо ва созмонҳои шарик барои амалӣ кардани нукоти барнома худро муваззаф бидонанд, метавонад ин ҳамоиш натиҷаи мусбат ба бор биорад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамоиши байналмилалии занон „Занон ва ҳамкорӣ дар соҳаи об“ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об доир гардида буд. Пешниҳод ва натиҷаи кори ҳамоиши занон ба „Декларатсия“-и Конфронси байналмилалӣ ворид ва қабул гардид.
Дар ҷамъбасти ин конфронс сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва У Хумба, муовини дабири кулли СММ ширкат карда, „Декларатсия“-и қабулгардидаро шарҳ доданд. Оқил Оқилов таъкид кард, ки ҳукуматҳои кишварҳо дар амри истифодаи дуруст ва ҳалли масоили об нақши муҳим доранд, аз ин рӯ, аз онҳо даъват мешавад, ки барои рушди якҷояи кишварҳои худ паси мизи музокира бинишинанд ва роҳҳалро ба даст оранд.
Ёдрас мешавем, ки дар конфронси ҳамкориҳо дар соҳаи об 1 100 нафар меҳмонон аз 70 кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд, ки дар миёни онҳо нахуствазирони Тайланд, Қирғизистону Мозамбик ва 5 муовини дабири кулли СММ буданд. Бист кишвар дар сатҳи вазирон дар конфронс ширкат доштанд.
Ё. Ҳалимов