Меҳринисо Раҳимова нахустин бонуест, ки сарварии Раёсати ҷамъияти матлуботро дар шаҳри Кӯлоб ба уҳда дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот камранг буда, то кунун соҳаи мазкур аз мушкилиҳо раҳо нашудааст.
Бинобар гуфтаи Нуров, сардори Раёсати ҷамъияти матлуботи минтақаи Кӯлоб, Меҳриннисо корро аз таъмири бинои ҷамъияти матлубот оғоз намуда, баъдан бо фаъол намудани мағозаву нуқтаҳои савдо сафи коргаронро аз 49 ба 60 нафар расонид.
Тибқи нақша Раёсати ҷамъияти матлубот то соли 2014 сехи дӯзандагиро ба кор дароварда 15 нафар бонувони маҳалро ба кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
–Ин яке аз нахустин дастовардҳои ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб дар давоми 20 соли охир мебошад, – мегӯяд ӯ. – Ободонию созандагӣ хислати табиии занон аст. Бесабаб устод Турсунзода дар васфи онҳо нагуфтааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ният дорем дар шаҳри Кӯлоб сехи либосшӯйӣ, ки эҳтиёҷи мардум ба он зиёд аст, бунёд намуда, 15–20 нафар бонувонро бо кори доимӣ таъмин созем.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки соли гузашта дар анборҳои Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб 70 тонна ангишт, 50 тонна картошка, 20 тонна пиёз захира шуда буд. Имсол бошад то аввали моҳи август 70 тонна ангишт, 15 тонна ғалла ва 15 тонна пиёз захира шудааст. Ба хотири ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум то охири сол бояд 200 тонна картошка, 200 тонна пиёз ва 200 тонна гандум захира намоем. „Тоҷикматлубот“-и шаҳри Кӯлоб мададрасони маҷруҳон ва иштирокчиёни ҶБВ дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ мебошад.
„Мутаассифона, имрӯз ҷамъиятҳои матлубот он имконияту иқтидореро, ки замони шӯравӣ доштанд, надоранд. Ҳатто гардиши молии ҷамъияти матлуботи мо, ки баробари гардиши молии як соҳибкор нест, имкониятҳоро барои рушди соҳаи матлубот каме ба таъхир меандозад. Аммо шахсе, ки фидоии касбу кори худ аст, аз мушкилоти мавҷуда таҷриба касб мекунад“,–мегӯяд ӯ.
Воқеан ҳам, тавассути рушди соҳаи „Тоҷикматлубот“ метавон садҳо нафарро бо кори доимӣ таъмин намуд. Меҳриннисо Раҳимова, ки инро хуб дарк мекунад, ҳастии худро ба касбу кораш бахшидааст.
Билоли Шамс, Кӯлоб
P.S. Меҳриннисо Раҳимова 21 апрели соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Аз овони наврасӣ касби падарро орзу намуда, баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултаи савдои техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил мешавад. Баъдан факултаи байтории Коллеҷи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Бохтар ва факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро хатм менамояд. Тӯли чанд сол дар вазифаи мудири ташхисгоҳи бозори Саховати шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, аз феврали соли 2012 раисии Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлобро ба уҳда дорад.