Афзоиши бесобиқаи худкушӣ дар Бадахшон мояи нигаронии мардум ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гардидаст. Тибқи иттилои прокурори вилоят Муҳаммад Арбобов дар шаш моҳи соли равон дар ВМКБ 20 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда, ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёдтар мебошад.
Дар бораи худкушӣ солҳо боз ҳарф мезананд, вале сабаб ва омилҳои ба он мусоидаткунанда то ба ҳол пурра таҳлил нашуданд. Ба гуфти мақомоти прокуратура онҳо танҳо дар як маврид нисбати модари духтари ноболиғи сокини шаҳр, ки қасди худкушӣ намуда буд, парванда боз карданд. Вале бо сабаби он ки муносибати дурушти модар нисбати фарзанд хусусияти давомдор надоштааст, парвандаро қатъ карданд. Аз нақли духтари наврас, ки ӯро аз ҳалқаи ресмон халос карданд, бармеояд, ки сарзаниши модар барои баҳои нохуб боиси даст заданаш ба ин амал гардидааст.
Омилҳои иҷтимоию равонии зиёд сабабҳои худкушӣ ном бурда мешаванд. Ба гуфти Гулдаста Орумбекова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ, дар ин давра шаш кас, аз ҷумла як духтари наврас худкушӣ ва духтари дигари ноболиғ қасди худкушӣ карданд. Вай бо хонаводаҳои мусибатдида суҳбат доштааст ва бар ин бовар аст, ки асосан мушкилоти равонӣ ба ин боис гардидаанд. Ба иттилои кормандони кумитаи мазкур дар ин байн 8 зан бо роҳи худкушӣ хешро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.
Вақтҳои охир гуфтугузорҳо оиди таъсири неруҳои фавқуттабиа ба рафтору кирдори одамон зиёд шуда, бархе ин падидаи номатлубро қариб идоранашаванда ва ғайри қобили пешгирӣ арзёбӣ мекунанд. Қиссаи ҷавони дигаре аз маҳаллаи Дашти Болои шаҳри Хоруғ, ки тасодуфан наҷот доданд, вирди забонҳост, ки гӯё ин ҷавон мӯйсафеди монанд ба падарбузургашро дар хоб мебинад, ки бо ишора вайро ба сӯйи хеш мехонад. Зери таассуроти ин хоб гӯё ҷавон рӯзона дар ҳолати бехудӣ ресмонро пайдо мекунад ва ба гардан меандозад.
Парвонаи Фаррухзод, ки дар ин замина таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, дар замони назарияпардозиҳо, ки ҳатто бархе аз файласуфон тасмими озодии фардро, аз ҷумла дар мавриди худкушӣ ҳақ бароварданӣ мешаванд, худкушӣ ба масъалаи хеле ҳассос табдил меёбад. Ба гуфти вай вазифаи ҷомеа дар чунин ҳолат тарбияи фарзандоне ҳаст, ки дар пешорӯйи мавҷи ғоя ва андешаҳои гуногуни радикалӣ ҳам истодагарӣ карда тавонанд.
Аммо чӣ гуна фарзандонро аз вартаи ноумедӣ, афсурдагӣ ва изтироб наҷот бояд дод? Парвонаи Фаррухзод волидонро ба парвариши ҳисси зебопарастӣ дар ниҳоди атфолашон даъват мекунад ва бар ин бовар аст, ки рушди ин ҳиссиёт ба фарзандон имкон медиҳад ба муҳит бо чашми дигар нигаранд. Ӯ қиссаеро аз ҳаёти муҷассамасози машҳури венетсиягӣ ёдовар шуд.
Микеланҷело санги вазнини калонеро ба сӯйи коргоҳаш меғелонад. Роҳгузаре мегӯяд, ки вақтро зоеъ макун барои ин санги дурушт ва онро дар ҷояш бимон, зеро ба чизе кор намеояд.
„Даруни ин санг фариштае ниҳон аст, мехоҳам ӯро озод кунам“, –мегӯяд муҷассамасоз ва сангро ба коргоҳаш медарорад.
Пас аз чанде роҳгузар ба коргоҳи ҳунарманди мумтоз омада, фариштаи зебоеро аз қолаби санг рехта мебинаду мутаҳайир мегардад.
„Ин ҳамон фариштаест, ки даруни санг хоб буд. Ман танҳо дуруштиҳои сангро бартараф кардам, то раҳо ёбад“, –мегӯяд ӯ.
Ба андешаи пажӯҳишгар волидон масъуланд, ки ба фарзандон роҳҳои бартараф кардани ноҳамвориҳои зиндагиро омӯзанд, то онҳо битавонанд дар баробари дуруштиҳо зебоии ҳаётро дарк созанд.
Дӯст доштани аз ҳад зиёд ва зудранҷ шудан, аҷз дар баробари мушкилот ва камзарфиятии инсонро пажӯҳишгар аз сабабҳои дигари худкушӣ мешуморад. Ба мисле, ки об бо лапиш ва мавҷҳояш қодир аст хасу хорро ба соҳил ронад, ҳамин тавр шахс бояд қодир бошад, ки мушкилотро таҳаммул кунаду дар роҳи бартараф намуданаш талош ба харҷ диҳад. Фарзандро тавре бояд аз хурдӣ тарбия намоем, ки руҳан ва ҷисман ба ҳаллу фасл намудани мушкилот омода бошад
Пажӯҳишгар мутмаин аст, ки парвариши зебоӣ дар атфол заминае фароҳам месозад, ки онҳо ба оянда хушбин бошанд ва ояндаи хубу рӯшанро тасаввур кунанду дар роҳи расидан ба орзуҳо ҷаҳду талош варзанд ва худро хушбахт эҳсос намояд.
Зиндагӣ зебост, ай фарзанди ман,
Худ зи зебоӣ ба тан кун, пираҳан.
Пажӯҳишгар талқин мекунад, ки шод зистану хушбахт будан, ҳадяи зиндагӣ нест, балки интихобест, ки барои он бояд волидону фарзандон ҷидду ҷаҳди якҷоя ба харҷ диҳанд ва онро бо дастони худ бисозанд.
Камбуди мутахассисони равоншинос ва заъфи фаъолияти намояндагони дин дар ҷилавгирӣ аз худкушӣ сабабҳои дигари зиёд будани ин падидаи номатлуб ном бурда мешаванд. Пизишки руҳшинос Имомбек Холдорбеков мегӯяд, ки вазифаи асосии онҳо ташхису табобати ашхоси руҳан бемор ва ё нишонаҳои бемории руҳӣ дошта аст, аммо бо сабаби нарасидани равоншиносон ашхоси ба ёрии равонӣ ниёздошта, бештари вақт ба онҳо муроҷиат мекунанд. Вай афзуд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҳар як хонавода равоншинос дорад. Ба бовари ҳамсуҳбатам муассисоти таълимӣ ва тандурустии кишвар ба равоншиносон ниёз доранд. Дар муассисоти тандурустии Бадахшон ҳамагӣ ду нафар равоншинос фаъолият мекунанд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Бибигул Ҷумъаева фаъолияти мутахассисони равоншиносро дар муассисаҳои таълимӣ зарур шумурда мегӯяд, ки маблағгузории сарикасӣ ба сарварони макотиб имконият медиҳад аз ҳисоби маблағи сарфашуда равоншиносонро ба кор ҷалб намоянд. Вале то ба ҳол ягон мактаб равоншиносро ба кор даъват накардааст.
Бахтоваршоҳ Алимадшоев, мудири бахши таълимоти мазҳабии Анҷумани тариқати исмоилия ва таълимоти динии шиаи имомии исмоилӣ, изҳор дошт, ки уламои дин дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб иқдомотеро рӯйи кор гирифтанд ва дар суҳбату мулоқот бо мардум ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд, зеро худкушӣ хилофи фалсафаи офариниши инсон буда, ислом онро маҳкум мекунад. Тафсирҳои қуръонӣ дар мавриди назари ислом ба худкушӣ асосан ба ин оят аз сураи Нисо ишора мекунанд: „Ва худатонро накушед, Худованд нисбат ба Шумо меҳрубон аст ва ҳар кӣ ин амалро аз рӯи таҷовуз ва ситам анҷом диҳад, ба зудӣ ӯро дар оташи дӯзах ворид хоҳем сохтан ва ин кор барои Худо осон аст“.
Дар ҳамин ҳол дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манзури пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ комиссияи махсус дар раъси муовини аввали раиси вилоят фаъолияти густардаро ба роҳ мондааст. Кормандони маориф, ҳифзи ҳуқуқ ва уламои дин қариб дар ҳар як муассисаи таълимотии вилоят бо омӯзгорону хонандагон суҳбат анҷом доданд. Байни хонандагон озмуни иншо ва расми беҳтарин, ки худкуширо маҳкум ва ҳаёти солимро тарғиб менамояд, гузаронида шуд. Ба гуфти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ба мақсади беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии оилаҳо онҳо ба касбомӯзии занону духтарон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва танҳо тавассути барномаҳои грантии Президент бештар аз 200 нафар занону духтарон аз оилаҳои камбизоати шаҳр ва донишҷӯдухтарон ба дӯзандагиву бофандагӣ ва муҳрасозӣ ҷалб гардиданд.
Марде сафарӣ ба дунболи заминларзаи Ҳоит ба деҳааш омада, зани зебову вафодор ва ҳашт фарзандашро зери сангу хок дарёфт. Дунё барояш торик гашт. Аммо сабру таҳаммулро аз даст надод, неруяшро ҷамъ кард ва пас аз чанд сол оилаи нав барпо карду фарзанд ёфт, ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагон ва ҳифзи наслҳои хеш.
Ш. Мирзоҷалол