Чаро дар Тоҷикистон худкушӣ дар ҳоли афзоиш аст?
Мафҳуми худкушӣ бори аввал соли1897 аз ҷониби олими ҷомеашинос Эмил Дюркгейм мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Ӯ дар рисолаи илмии худ - „Худкушӣ“ (“Le suicide“) таърифи онро чунин меорад: „Худкушӣ амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад“. Баъдан ин раванд дар илм бо номи „падидаи сиёҳ“ муаррифӣ шуд, ки тавзеҳи онро дар поён хоҳем дод…
Аз тамошои ҷасад то дафни бе ҷаноза
Ҳарчанд дин, оила ва умуман ҷомеа аз ибтидо худкушиву худкушонро сахт маҳкум мекарданду ин амалро як гуноҳи азим ҳисобида, мекӯшиданд алайҳи он бо роҳҳои мухталиф мубориза баранд, он қатъ намеёбад. Масалан, дар як ривояти юнонӣ омадааст, ки замоне дар яке аз шаҳрҳо ҳодисаҳои худкушӣ миёни юнонидухтарон зиёд мегардад. Ҳокими шаҳр аз ин ҳолат дар ташвиш афтода, ҳукм баровардааст, ки минбаъд, агар касе ин амалро анҷом диҳад, тани урёни ӯро дар майдони асосии шаҳр ба намоиш мегузоранд. Пас аз ин мизони ин раванди номатлуб коҳиш ёфта, ахиран аз байн рафт.
Вақти таҳқиқи мавзуъ дар рӯзномаҳои Тоҷикистон дар солҳои 1985 -1990 матолиби зиёдеро дарёфтем, ки дар бораи авҷ гирифтани худкушӣ ҳикоят мекарданд. Масъала то ҷойе ҷиддӣ гардид, ки ҳизби коммунист дар заминаи комсомол комиссияе дар ин бора таъсис дода, дар рӯзномаи „Ҷавонони Тоҷикистон“ гӯша ва саҳифаи махсусро боз карда буд ва аз тариқи он дар бораи ҳодисаҳои мушаххаси худкушиву пайомадҳои он нақл мекард. Коммунистон ба хулосае омаданд, ки дар мубориза барои пешгирӣ аз худкушӣ аз неруи руҳониён истифода баранд. Муллоҳо фатвое ҳам дода буданд, ки мурдаи нафари худкушикарда бидуни ҷаноза сурат бигирад. Воқеан ҳам, ислом худкуширо маҳкум намудааст ва дар чандин сураву оятҳои Қуръон дар ин бора зикр шудааст. Бо ин ҳама сатҳи худкушӣ пойин намеравад.
Худкушӣ ба Бадахшон ҳам „кӯчид“
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2013 дар мамлакат 311 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 164 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, ба ин амали номатлуб 34 бонуи ба балоғатнорасида низ даст задааст. Раиси кумита Сумангул Тағоева зимни нишасти матбуотии худ гуфт, ки миқдори занони ба худкушӣ дастзада нисбати соли гузашта 4 нафар каманд. Бовуҷуд, ин ҷараён аз он ҷиҳат ташвишовар аст, ки майлони ба худкушӣ даст задани ноболиғон вусъат мегирад.
Бино ба гуфти Сумангул Тағоева дар вилояти Суғд теъдоди худкушии бонувон бештар ба назар мерасад. Таҳқиқот нишон додаанд, ки сабаби асосии ин ҳодисаҳо ба мушкилоти иқтисодӣ ва фазои номуносиби хонаводагӣ иртибот мегиранд. Дар робита ба ду ҳолати водор намудани ҷавонарӯсон ба худкушӣ аз ҷониби хушдоманҳо, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, яке аз онҳо ба маҳкама кашида шудааст. Тавре ҳуқуқшиноси кумита Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов иттилоъ дод, дар вилояти Хатлон нисбати як хушдомане, ки боиси худкушии келинаш гардидааст, суд аллакай ҳукм бароварда, ӯро барои 4 сол равонаи зиндон намуд. Парвандаи ҷиноятии дигар дар вилояти Суғд бо ҳамин асос айни замон дар ҳоли баррасист.
Аммо масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки худкушӣ вақтҳои охир домани худро „васеъ“ менамояд. Бино ба гуфти масъулини кумита, агар солҳои пешин ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани одамон дар ВМКБ ба қайд гирифта намешуд, аз ибтидои соли равон дар ин минтақа низ худкушӣ сабти ном шудааст.
„Шахси худкуш аз марг не, аз зиндагӣ метарсад“.
(В.Франкл)
Вақте ҳаётро танҳо нуқтаи сиёҳ фаро мегирад…
Гуфта мешавад, ки дар тамоми дунё худкушӣ зери назари доимии аҳли ҷамъият қарор дошта, аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор мегирад. Созмонҳои махсуси ҷамъиятие дар кишварҳои пешрафта мавҷуданд, ки масоили худкуширо зери назари доимии олимон мегузоранд. Ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунё ин рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс бо ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд.
Пас сабаб дар чист, ки афроде даст ба худкушӣ мезананд?
Ба ин савол ҷавоби ягона вуҷуд надорад, зеро ҳар ҳолат сабаби инфиродии худро дорад. Вале посухи умумӣ ба ин савол, ки тамоми сабабҳои худкуширо дар худ меғунҷонад, чунин аст: инсон чун ба вазъияти душворе рӯ ба рӯ мегардад, умеди беҳбудии вазъияти бавуҷудомадаро аз даст медиҳад ва гумон мекунад, ки ин ҳолат дигар роҳи ҳал надорад ва ҳаргиз тағйир намеёбад. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи халосӣ аз ин вазъиятро ӯ танҳо дар мурдан мебинад ва даст ба худкушӣ мезанад.
Дар замина, аксари олимон бар он ақидаанд, ки худкушӣ падидаи равонист (психологӣ) ва барои дарки он зарур аст ҳолати руҳии инсонеро, ки даст ба ин амал задааст, дарк кард.
– Худкушӣ дар лаҳзаи ҳассостарини ҳаёт рух медиҳад, замоне, ки мавҷҳои сиёҳ руҳи инсонро пахш мекунанд ва ҳеч умеде ба нур боқӣ намемонад, – мегӯяд равоншинос Алии Амин. – Ҷанбаи равонии худкушӣ пеш аз ҳама ин ҳолати маъюсӣ ва ноумедист. Ноумедӣ ин маҳдудияти ҳуш, хомӯш гардидани шукӯҳу ҳашамати дунё, замонест, ки хуршед нурпошӣ намекунад ва ситораҳо ҷило намедиҳанд, ҳаёт фақат ба як нуқтаи сиёҳ пайваст аст, роҳи баромад аз он гум шуда ва наметавон аз вуҷуди худ ба олами зоҳир баромад.
Яъне вақте умед ҳаст, метавон ҳар нокомии азимеро паси сар кард, вале аз даст додани умед ба худкушӣ мебарад.
Олимон мегӯянд, ки шахси худкуш побанди „ман“- и худ аст ва дар гирди танҳо як нуқта чарх мезанад. Аз ин рӯ, ихтиёри худро низ аз даст медиҳад. Масалан, инсон аз ишқи ноком мутаассир аст. Ин нуқтаро фақат зулмот фаро гирифтааст ва рангорангии ҳаётро аз он танг месозад. Дар ин маврид шахс танҳо беохирии ишқи нокомро мебинад. Зиндагӣ дар ин ҳолат бо тамоми гуногуниаш дар ҳаёти ӯ маънии худро гум мекунад. Ҳама чиз дар назари ӯ бо ранги сиёҳ метобад. Ӯ наметавонад аз ин доира берун барояд ва илоҷи ягонаро дар нест кардани ҳамон „ман“ меёбад.
Хеле содда мебуд, агар мо худкуширо фақат аз як ҷанба таҳлил месохтем. Дар асл авомили зиёде вуҷуд доранд, ки мардум даст ба худкушӣ мезананд. Пас месазад, ки барои омӯзиши ин масъала даҳҳо созмону ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ машғул шуда, мавзуъро ҷиддитар омӯзанд.
Шукрона Аҳмадова