Аз ин лиҳоз бесабаб нест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи басо муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фармон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» - ро қабул намуд. Мутобиқи ин фармон Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шудааст, ки доир ба масъалаҳои иштироки бевоситаи зан дар мақомоти давлатӣ, корҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа, солимии оила чораҳои дахлдор андешад. Чунки дараҷаи ҳурмату эҳтиром ва маданияти ҷомеаро аз рӯи ақидаи К. Маркс муносибат бо зан муайян менамояд ва зани хушбахт онест, ки сазовори ҳурмату эҳтиром ва муҳаббату садоқати аҳли ҷомеа гашта бошад.
Дар бисёр ҷиҳат барои ба ин мақсадҳои бузург ноил гардидан ба худи зан вобаста мебошад. Зан - модарро зарур аст, ки дар баробари ҳифзи гармии хонадон, солимии оила, тарбияи фарзандон, иштирок дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ боз донишу маърифати худро сайқал диҳад ва даст ба корҳои ношоиста ва ҷинояту ҷинояткорӣ назанад.
Мутаассифона, ҳаёт ва зиндагӣ ҳар лаҳза пешорӯи мо мушкилиҳои вазнини иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ахлоқӣ - фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ - сиёсиро мегузорад, ки на ҳамаи занон қудрати ҳал кардани онро доранд ва дар натиҷа ба роҳи хато мераванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки набудани ҷойи кор, маоши кам, шароити вазнини иҷтимоӣ, муҳоҷирати маҷбурии меҳнатии ҳамсарон, маърифати пасти донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ номгӯи сабабҳои нопуррае мебошанд, ки занро ба содир кардани ҷиноят тела медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни занон сол то сол тамоили зиёдшавӣ дорад. Ба мисолҳо менигарем. Дар соли 2012 дар 781 ҳолат занон ҷиноят содир кардаанд, ки ин назар ба соли 2011 96 адад зиёд мебошад. Ташвишовараш он аст, ки занон бештар ба ҷиноятҳои одамкушӣ, қаллобӣ, нашъаҷаллобӣ, дуздӣ ва амсоли онҳо барин ҷиноятҳои вазнин даст мезананд.
Парвина зиндагии хушбахтонае дошт. Ҳамин ки шавҳараш аз сабаби набудани ҷойи кор ба мардикорӣ ба Русия рафт, аҳволи иҷтимоиаш рӯз то рӯз вазнин гашта, ба қашшоқӣ гирифтор шуд. Сардори оила бе ному нишон ғайб зад ва барои нигоҳубини се фарзанди нободиғ маблағ намефиристод. Модари бечора шабҳоро дар фикри беҳтар кардани шароити рӯзгор рӯз мекард. Роҳи халосӣ меҷуст. Нохост ба хотираш расид, ки ҳамсояаш Ҳомид дар сандуқаш пул дорад. Ҳам пули русию ҳам пули амрикоӣ. Пайти муносиб ҷуста соати 13 - и рӯз вақте ки ҳамсоя дар хонааш набуд, шишаи тирезаи хонаро гирифта, ба ҳуҷраи хоб даромада, қулфаки сандуқро кушода, бори аввал 310 ҳазор рубли русиро медуздад. Аз ин кирдори ҷиноятиаш рӯҳбаланд гардида, рӯзи дигар ба ҳамин усул 10200 доллари амрикоии Ҳомидро азхуд мекунад.
Пас аз он ки дар деҳаи Навбаҳори шаҳри Ваҳдат оид ба дуздии амволи Ҳомид миш - миш пахн мегардад, аз тарси он ки сираш фош нашавад, Парвина ҷойи содиршавии ҷинояташро оташ мезанад ва ба Ҳомид бар ивази пулҳои дуздидааш ба маблағи 5447 сомонӣ зарари моддӣ мерасонад. Дар урфият мегӯянд, ки ҳеҷ вақт бори каҷ ба манзил нарасидааст. Мақомоти танобкаш дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ Парвинаро дастгир намуданд ва суди шаҳри Ваҳдат дафтари аъмоли ӯро варақ зада, ӯро даҳ сол равонаи зиндон кард.
Ҷомеаи имрӯзаи мо ба занони бомаърифату меҳнатдӯсту инсонпарвар ниёз дорад. Аз ин хотир ҳеҷ гоҳ аз хотир набояд баровард, ки зани донишманду ҳақиқӣ фарзанди солим ба дунё оварда, бақои ояндаи миллатро таъмин намуда, дар баробари ҳамаи масъулиятҳо рисолати таърихии худро ба сомон расонида, дар тарбияю солимгардонии ҷомеа, фаъолияти давлатдорӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ баробари мардон саъю талош ба харҷ медиҳад.
З. ҒУЛОМОВ,
ҳуқуқшинос