Чанд сол қабл бо сафари хидматӣ ба ВМКБ рафтам, аммо дар шаҳри Душанбе, дар истгоҳи ба истилоҳ Бадахшон номуназзамӣ ба чашм мерасид. Ин даъфа низом ва дақиқии кори масъулони ин истгоҳ маро ба тааҷҷуб овард. Бидуни мушкил ва нороҳативу сарсонӣ сабти ном шуда, савори мошини хуб ва баланди хориҷӣ ҷониби ноҳияи Дарвоз роҳ гирифтем.
То берун шудан аз марзи шаҳри Кӯлоб роҳ хеле хуб буд ва гузаштан аз нақбҳои Чормағзак ва Шар-Шар ба дил фараҳ меовард, зеро мушкили убури ин ағбаҳо ҳалли худро ёфтааст. Аз Кӯлоб то ба итмом расидани Дашти Ҷами ноҳияи Шӯрообод роҳ хеле харобу фарсуда аст ва мошин ба оҳистагӣ онро убур мекунад. Боиси хушҳолист, ки дар ин минтақа се пули бузурге сохта шуда, ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар минтақаи Дашти Ҷам пуле сохта шудааст, ки равобити Тоҷикистону Афғонистонро таъмин хоҳад кард. Истифодаи он низ дар ҳафтаҳои наздик дар назар аст.
Аз Дашти Ҷам то маркази ноҳияи Дарвоз роҳ хуб аст ва мусофир бо дидани табиати зебо ва манзараҳои мунаққаш дурии масофаро эҳсос намесозад. Ба маркази ноҳия ворид гаштему биноҳои навсохти зебои замонавӣ моро ба тааҷҷуб овард. Ошёнаҳои аввалу дувуми ин биноҳоро марказҳои муосири тиҷоратӣ ташкил медиҳаду табақаи сеюм ва чорум маҳалли зисти сокинони ноҳия мебошад. Дар ду тарафи роҳ то ба итмом расидани маркази ноҳия биноҳои дутабақа ва сеошёнаи қашанге сохта шудаанд. Дар паҳлуи мактаби таҳсилоти умумии миёнаи рақами 1-и хеле зебову муосир масҷиди ҷомеъ қарор гирифтааст, ки дидани он ба дил фараҳ мебахшад. Дар соҳили дарёчаи кӯҳии мисли шир сапеди Хумбов ресторани дуошёнаи Ориёно ҷой гирифтааст. Муҳандис онро тавре тарҳрезӣ намудааст, ки кати он дар рӯйи дарё доман густурдааст ва лаҳзаи дар он нишастан, ба андозае гуворост, ки хастагии ҷисму руҳро берун месозад. Боварам намеомад, ки дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон чунин ободиро дида метавониста бошам.
Бо роҳбаладии шахсе ба стадиони тозабунёд рафтем. Намои беруни он майдонҳои футболбозии Аврупоро ба ёд меорад. Ба стадион ворид гаштему тааҷҷуби мо зиёдтар шуд. Замин бо сабзаҳои маснуӣ муҷаҳҳаз гаштаву тамоми шароит муҳайё аст. Дар майдонча мактаббачаҳо машғули бозӣ буданд. Дар ошёнаи дувум майдончаҳои омодагӣ ба сабқатҳои гӯштин, тенис ва бокс ҷой гирифтаанд. Майдони варзишӣ моро ончунон мафтун сохт, ки доман густурдани шомро аз ёд бурдем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд сол қабл дар маркази ноҳияи Дарвоз муҷтамаи варзишии Вастан сохта шуд, ки дар радифи беҳтарин муҷтамаҳои варзишии ҷаҳон қарор дорад ва натиҷаҳои он имрӯз дар мусобиқоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дида мешаванд. Ҳафтае қабл паҳлавондухтарони дарвозӣ дар мусобиқоти Осиёӣ аз намуди гӯштин соҳиби чанд медал гаштанд.
Рӯзи дигар бо пешниҳоди раиси ноҳия ба деҳаи Рӯзвай рафтем. Дар ин ҷо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон пуле сохта шудааст, ки солҳо боз равобити миёни ду кишварро таъмин месозад. Дастандаркорони ноҳия дар соҳили дарёи Панҷ бозоре сохтаанд, ки рӯзҳои шанбе шаҳрвандони Афғонистон бо молу колои хеш ба ин ҷо меоянд ва миёни онҳову мардуми маҳаллӣ тиҷорат сурат мегирад.
Он рӯз бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Дарвоз семинари омӯзишӣ барои занони Афғонистон баргузор гардид. Дар доираи ин семинар намошгоҳи маҳсулоти бонувони ноҳия низ доир гашт. Рӯйи рафҳо бастабандиҳои чормағз, тут, анҷир, зардолу ва дигар меваҳо гузошта шуда буд. Ҳамчунин намоишгоҳро нону кулчаҳо ва чаппотиву санбӯсаҳо, себу анор, анҷиру ангур, караму каду, маҳсулоти қаннодӣ, ҷурғоту қаймоқ ва тоқиву гулдӯзиҳои хушдӯхт оро медод. Дар қабати онҳо мураббо, шарбатҳо ва обмеваҳои гуногун гузошта шуда буд. Дар қисмати дигари намоишгоҳ маҳсулоти дигар, аз қабили пироҳану ҷома, тоқии маҳаллӣ, либосҳои кӯдакона ва пираҳанҳои зебои арӯсӣ овезон буд. Дилором Амрихудоева, раиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Дарвоз дар мавриди баргузор гардидани чунин вохӯриҳо ва созмон додани семинарҳои омӯзишӣ ёдовар гардид, ки «Дар давоми як сол бори чорум аст, ки чунин вохӯриҳо байни занони Дарвози Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор мегарданд. Мақсад аз созмон додани чунин семинарҳо мустаҳкам намудани равобити миёни бонувони ду соҳили дарёи Панҷ аст. Илова бар ин, дар ин семинарҳо мо ба занҳои Дарвози Афғонистон тарзи тайёр намудани маҳсулоти қаннодӣ, таъому хӯришҳои гуногун, таҳияи шарбатҳо ва нӯшобаву мураббо, пухтани нону чаппотӣ ва санбӯсаю кулчаҳо, дӯхтани пироҳанҳои занонаю кӯдакона ва гулдӯзиҳоро меомӯзем. Дар ҷараёни ин семинарҳо занони ҳаммарз бо ҳам ошно гардида, равобит барқарор менамоянд. Бо хоҳиши бонувони Афғонистонӣ занони ноҳияи Дарвоз ба онҳо тарзи тайёр намудани хӯришҳои зимистона ва дигар маҳсулоти кишоварзиро меомӯзонанд».
Болотар аз ҳамин деҳа шаҳри Карон ҷо гирифтааст, ки таърихшиносон таърихи онро ба 4 ҳазор сол қабл нисбат медиҳанд. Вақте вориди ин шаҳри бостонӣ мегардед, вуҷудатонро эҳсосе фаро мегирад, ки ба қалам кашидани он ғайриимкон аст. Бояд ба заҳмати таърихшиносон арҷ гузошт, зеро бо кашфи ин шаҳр ба ҷаҳониён тасбит намуданд, ки миллати тоҷик таърих ва тамаддуни хеле қадима дорад. Майдони чавгонбозӣ ва ҷойи нишати нухбагон, меҳробҳои об ва оташ баёнгари он аст, ки фарҳанг ва тамаддуни ин миллат хеле қадима буда, дар ташаккули фарҳанги башар нақши назаррас дорад.
Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд, ин меваҳои гуногун ва тару тозаю хушмаззаи ноҳияи Дарвоз буд. Зери ҳар дарахти ангуру себ ва анҷиру шафтолу чандин пояҳо гузошта шудааст, то аз фаровонии ҳосил шохаҳои дарахтон нашикананд. Зебоии табиат ва иқлими хуши ноҳияро фаъолии бонувони он мукаммал месозад. Дар роҳраву хиёбонҳо гулҳои рангорангу кӯчаҳои тамиз дили мусофирро тасхир месозанд. Чеҳраи қашанг ва ориёии духтарони ноҳия ба меҳмон таъсири алоҳида дорад. Чашмони обӣ, мӯйҳои зарду сиёҳ ва қомати росту баланди онҳо тасвири ҷудогона мехоҳад…
Эмомалӣ Сайидамирзод,
Душанбе –Дарвоз –Душанбе