Аммо аз рӯи инсоф нест, ки то ҳол коҳиш ёфтани донишу ахлоқии наврасони дар кӯча мондаро ба оқибатҳои ҳаводиси ду даҳсола пеш рабт дихем. Зеро имрӯз дар рустоҳои дурдасти кишварамон ҳам шароити мусоид барои илму донишандӯзӣ муҳайё шуда, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида кулли наврасон ба донишомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳатто пасттарин шароити таълиму тарбияи имрӯза нисбат ба даврони зиндагии гузаштагонамон беҳтар ҳаст. Аммо, чаро дар замони кунунӣ амсоли Рудакию Сино, Ҳофизу Мавлавӣ нухбагони илму маърифатро ба воя расонида наметавонем, суолест матраҳ.
Мушкилоти кӯдакон
Мавзуи мавриди муҳокима коҳиш ёфтани сатҳи ахлоқи наврасон ва таълиму тарбияи насли ояндасоз мебошад. Аз суҳбат бо сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар бармеояд, ки норасоии адабиёти таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ-фароғатӣ, коҳиш ёфтани сифати таълим дар мактаб, беэътиноии зодмандон дар тарбияи фарзанд, дуруст кор накардани фишангҳои идеологӣ ва дигар омилҳо боиси коҳиш ёфтани сатҳи ахлоқи наврасон ва афзоиши ҷинояткорӣ миёни онҳо мебошад.
Тибқи иттилое дар даст дорем, дар ҳоли ҳозир сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҳудуди 10 дар садро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки 90 дар сади кӯдакони аз муассисаҳои томактабӣ берун мондаро зодмандон дар сатҳи лозима ба тарбия фаро гирифта наметавонанд. Яъне падару модаронашон машғули кору дарёфти қутти лойамут шуда, барои тарбияи фарзандон вақт намеёбанд. Аз ин рӯ яке аз тадбирҳои муҳим дар самти тарбияи насли солим ин бештар намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ натанҳо дар шаҳрҳо балки рустоҳои дурдаст низ мебошад. Бо мурури вақт талаботи аҳолии деҳот ба муассисаҳои томактабӣ зиёд мешавад, зеро сокинони деҳоти кишвар ҳам хуб дарк кардаанд, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ нисбат ба кӯдаки дар хона тарбият гирифта, аз ҳар ҷиҳат пешрафтаанд.
Маоши омӯзгорон ҳоло ҳам кам аст?
Коҳиш ёфтани сифати таълим дар мактабҳои таълимоти умумии кишвар аз мавзуҳои доимии мавриди баҳси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бесабаб нест, ки зимни ибрози андеша дар мавриди сабабҳои бесаводии ҷавонону наврасон, ҳамеша ангушти ишора сӯйи мактабу маориф мешавад. Дар ҳамин коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ки то вақте музди маоши омӯзгорон баробари сабади истеъмолии аҳолӣ набошад, наметавон ба беҳдошти сифати таълим умед баст.
Ба гуфти омӯзгорони макотиби таҳсилоти ҳамагонии деҳот, новобаста аз он ки музди маоши онҳо 30 дарсад баланд шуд, аммо ҳоло ҳам бо ин ҳадди маош наметавон таваҷҷуҳи собиқадорони соҳаи омӯзгориро дубора ба мактаб ҷалб намуд. Маҳфуза Қузиева сарвари мактаби таҳсилоти умумии №15 ноҳияи Ҷилликул, иброз медорад, ки вақте музди маош талаботи рӯзгорашро қонеъ намекунад, омӯзгор ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшида наметавонад.
Мактаб – «бозор»-и эҷодкорони беҳунар?
Илчейзан Паллаева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир бошад норозигӣ аз он дорад, ки ба мушкилоти соҳаи маориф нигоҳ накарда, баъзан адабиётеро, ки дар бозор харидор надорад, бо истифода аз вазоратҳои марбут дарди сари мактабҳо менамоянд, то онро мо ба омӯзгорон фурӯшем.
Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки баъзе гурӯҳҳои эҷодӣ ва санъаткорони алоҳида, бо ҳар роҳе кӯшиш мекунанд, ки чиптаҳои худро ба мактабҳо бор кунанд. Ҳолонки бештари саҳнаҳои ба намоиш гузоштаи онҳо натанҳо хусусияти тарбиявӣ надоранд, балки ба руҳияи мактаббачагон таъсири бад мерасонанд.
Ба гуфти хонандагони мактабҳои ноҳияи Ҷиликул, моҳҳои апрел майи соли ҷорӣ онҳо бо арзиши 2-3 сомонӣ чипта барои тамошои намоишномаеро намуданд. Аммо ҳунармандон ба ҷойи 1 соат ҳамагӣ 25-30 дақиқа баромад намуданд, ки муҳтавои саҳнаҳояшон берун аз мавзуҳои тарбиявӣ буд.
Омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон иброз медоранд: «Масъулони соҳаи маориф набояд, ки барои фурӯхтани китобҳои нолозиму чиптаҳои намоишномаҳои беҳунаронаи баъзе ҳаваскорон мусоидат намоянд. Мутаассифона баъзан ба баъзе қиссанавису нафароне бо ном санъаткор муйясар мешавад, ки барои фурӯхтани чиптаҳояшон ризояти масъулони соҳаи маорифро ба даст оранд. Зеро, ҳатто як навраси 15-16 сола ҳам имрӯз иддао дорад, ки баъзе намоишномаҳои пешкаши хонандагони мактабҳо гардида, хусусияти тарбиявӣ надоранд.
Халои маънавӣ дар муҳити наврасон
Масоили дигаре, ки маорифчиён мунтазири ҳаллу фаслаш мебошанд, таъсиси рӯзномаи давлатии бачагона мебошад. Насли калонсоли кишвар то ҳанӯз маҷаллаву рӯзномаҳои бачагонаи «Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал» -ро дар хотир доранд, ки дар маърифатнокии мактаббачагон ва тарғиби илму донишандӯзӣ миёни онҳо чи гуна таъсиргузор буд. Албатта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳам якчанд номгӯйи рӯзномаҳои бачагона таъсис ёфта буданд, аммо то кунун ба ягон нашрияи бачагона муйясар нашудааст, ки ба сатҳи рӯзномаву маҷаллаҳои дар боло зикр шуда, хонандаи доимии худро пайдо кунанд.
Мавриди зикр аст, ки муҳимтарин воситаи таҳрикдиҳандаи мактаббачагон ба илму донишандӯзӣ ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои талабагӣ мебошад. Қаблан насли наврас дар муҳити маънавии созмонҳои талабагии «Октябрчӣ», «Пионер»-у «Комсомол» тарбия меёфтанд. Насли калонсоли ҷомеа хуб дар хотир доранд, ки созмони талабагии мактабҳои солҳои 1970-1980 байни мактаббачагон чӣ гуна нуфузу эътибор доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар созмонҳои навтаъсисе мисли ахтарону сомониён арзи вуҷуд доранд, аммо ин ташкилотҳои мактабӣ ба дараҷаи лозима рушд наёфтаанд ва дар тарбияи маънавии насли наврас таъсире ҳам расонида наметавонанд.
Ҳамин тавр омилҳои зикр гардида, сабабҳои асосии коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи наврасону ҷавонон мебошад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мушкил вазъи иқтисодӣ не, балки камтаваҷҷуҳии тарбиятдиҳандагону зодмандон ва аҳли ҷомеа ба беҳдошти сатҳи таълим ва созандагию эҷодкориҳо дар соҳаи маориф мебошад.
Ҷамолиддин С.