Ҳафтаи гузашта мизи мудавваре аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм созмон дода шуд ва мо ҳам дар радифи дигар мутахассисон дар ин нишаст ширкат намудем. Қабл аз ҳама, ду маврид табъи ҳозиринро хира месохт. Аввал, муносибати дағал ва адами эҳсоси масъулият аз ҷониби кормандони истироҳатгоҳ. Дувум, шароити бад ва нархҳои гарон.
Дар мавриди мушкили аввал ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки кормандон ва масъулини истироҳатгоҳ дар ҳолати ба онҳо муроҷиат намудан, хеле дағалона ва беадабона бо ашхоси маблағи ҳангуфт пардохтнамудаву аз роҳи дур омада муносибат менамоянд. Маъмулан, дар меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо вақти таъйин кардани утоқи хоб нафаре меҳмони омадаро то ҳуҷра гусел менамояд. Дар Хоҷа Оби Гарм чандин нафарро дидем, ки ҷомадонҳои вазнин дар даст аз ин бино ба он бино мерафтанду утоқи хобашонро пайдо накарда, муҷададдан ба назди маъмурият бармегаштанд. Пирамарде, ки худро Назаршоҳ Ҳилолов муаррифӣ намуд, гуфт, ки аз шаҳри Турсунзода омадааст ва дар давоми се соат ҳуҷраи худро пайдо намсозад. «Азбаски барои 12 рӯз роҳхат харидорӣ намудаам (1560 сомонӣ), бо худ либоси зиёд гирифтам. Се соат боз аз ин бино ба он бино ва аз ин ошёна ба ошёнаи дигар мераваму ҳич мақсадам ҳосил намегардад. Ҳараҷу мараҷ то ҷойе зиёд аст, ки ба як ҳуҷра чандин нафарро мефиристанд, касе бари чизе ҷавобгӯ нест. Кош, ба Хоҷа Оби Гарм нею ба ҷойи дигар роҳхат мегирифтам», –мегӯяд ӯ.
Барои мо ҳуҷраи 508-ро доданд. Вақте ба ошёнаи 5-ум рафтем, масъул гуфт, ки ба бинои дигар равем. Хеле сарсону саргардон шуда, ба бинои дигар гузаштему ҷомадонҳоро рӯйи фарш гузошта «оҳи сабук» кашидем. Масъули ин бино бо тааҷҷуб ба роҳхати мо нигариста гуфт: «5 дақиқа қабл ду нафари дигар ин ҳуҷраро банд карданд». Даъво намудем, ки дар роҳхатамон рақами ин ҳуҷра аст. Масъул роҳхати дигареро аз ҷайб берун намуд, ки дар он ҳам шумораи 508 навишта шуда буд. Ноилоҷ ҷомадонҳои сангинро бардошта дар ҷустуҷуйи маъмурият шудем. Аммо иштибоҳ намуда, ба бинои дигар гузаштем. Шахсе арақи сару рӯйи моро дида дилаш сӯхт магар, ки моро то назди маъмурият роҳнамоӣ кард. Ба ӯ сипос гуфта, қазияро ба масъулин арз намудем. Бидуни эҳсоси масъулият ва узрхоҳӣ ба рӯйи авроқ рақами дигареро навиштанд. Ҷомадонҳоро гирифта, боз ҳам ҷониби бинои таъйиншуда роҳ паймудем. Азбаски масофа хеле дур буд, чанд даъфа ҷомадонҳоро рӯйи фарш монда, хастагиро рафъ сохтем. Ниҳоят, ба маҳали хоб расидем. Зани тақрибан 40 -45-солае бо ниҳояти дуруштӣ гуфт: «Ин ҳуҷра барои 12 рӯз банд аст. Қабл аз омадан санҷида бинед, намешавад?» Болои сӯхта намакоб, ба ивази ин ҳама сарсониҳо боз дағалиро ҳам бояд таҳаммул намоем? Ба бонуи масъул арз намудем, ки ин корро шумо бо маъмурият бояд анҷом диҳед, на меҳмони аз роҳ омада! Ӯ бо шунидани посухи мо рӯ гардонду ба куҷое рафт. Азбаски рӯз нисф шуда буду хастагиву гуруснагӣ аз худ дарак медод, ҳамроҳам бо илтиҷо гуфт: «Дигар маҷоли болою поён рафтан надорам, илтимос ҷомадонатонро дар назди ман монда, пеши маъмурият равед».
Вақте бори савум ба назди маъмурият рафтам, масъули ҷавон бо як бепарвоӣ ва беитиноӣ изҳор дошт, ки «бароямон ягон ҷой меёбад». Ба ӯ гуфтам, ки оё як ҳафта қабл барои мо ҷо супориш нашуда буд? «Шуда буд, ташвиш нашавед, ҳал мекунем», – гуфт ӯ. Ниҳоят, баъд аз як соати дигар моро ҷо карданд ва азбаски вақти хӯроки субҳона ва нисфирӯзӣ гузашта буд, ба ошхонаи хусусие рафта, ғизо хӯрдем.
Ба ҳуҷра баргаштему ба қавле «тарбуз аз бағаламон ғалтид». Ташноб ҷойи нишаст надошт ва душе, ки аз он об мерехт, шикаста буд. Ба назди масъули ошёна рафта, арз намудем. «Пагоҳ усто биояд, ба наздатон мефиристам», – гуфт бонуи масъул. Аслан, барои вай муҳим набуд, ки ин шахсони аз роҳи дур омада то пагоҳ чӣ гуна ҳоҷатҳои худро бароварда мекунанд. Чӣ тавр дасту рӯй мешӯянд ва ғайраву ҳоказо…
Ҳамроҳи ман таҳаммулро аз даст дода, ҷомадонашро гирифту худоҳофизӣ намуда гуфт: «Бо чунин аҳвол ман на танҳо истироҳат намекунаму табобат намегирам, балки асъобамро пурра хароб месозам. Беҳтараш рафта маблағи пардохтнамудаамро (1560 сомонӣ!) бозпас мегираму ба ҷойи дигар меравам. Ҳар коре кардем ва ҳар сухане, ки гуфтем, қабул накарда, боз ба ҳузури маъмурият рафт. Аммо ин оғози коре шуд, ки шояд баъд аз он ин шахс дигар ҳаргиз ёде аз ин истироҳатгоҳ нахоҳад кард. Ҷавони масъул маблағи ӯро пас додан намехост ва ба ҳар далели овардаи вай беодобона посух мегуфт. Ниҳоят, баъд аз ҷамъ шудани раъияти зиёд масъулин маблағи ӯро бо нигоҳ доштани ҳазинаи якрӯзаи будубош бозпас доданд. Гӯиё ин шахс дар ин ним рӯз ба маблағи 130 сомонӣ хӯрок хӯрдаву аз маҳалли хоби истироҳатгоҳ истифода намуда бошад, ҳоло ин ки вай ҳамагӣ 15 дақиқа дар дохили утоқ буду хӯроки нисфирӯзиро ҳам бо ман дар ошхонаи хусусие тановул кард.
Ӯро ба таксие савор кардему худ роҳи ҳуҷраи хобро пеш гирифтем, бехабар аз он ки моро дар чанд рӯзи баъдӣ чӣ гуна имтиҳонҳо интизор аст.
Дар ошхона як дастпоккуни коғазӣ (салфетка) 6 пора шуда, барои 4 нафар хизмат мерасонад. Вақте он кифоят намекарду аз бонуи хидматрасон хоҳиш мекардем, ки боз биорад, бо асабоният ду пораи хурди дигарро болои миз мегузошт. Вилкаю қошуқҳо мисле, ки аз замони Сталин мерос мондаанд. Ба онҳо менигарию дигар истироҳатгоҳҳои ватанӣ ва хориҷиро ба ёд меорӣ ва тааҷҷуб мекунӣ, ки наход бо гирифтани ин қадар маблағи зиёд роҳбарияти истироҳатгоҳ ҳатто одитарин шароитро барои меҳмонон фароҳам насозад? Наход ниҳоде набошад, ки аз болои фаъолияти ин истироҳатгоҳ назорат намояд? Билохира, наход бо таҳияи чунин шароити ғамангез маъмурияи истироҳатгоҳ аз меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ шарм накунад?
Ин ҳам дар ҳолест, ки Худованд бароямон чунин табиати зебо ва муфидро арзонӣ доштааст. Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб бӯғ ва оби табобатии Хоҷа Оби Гарм дар дунё дигар ҳамто надоштааст. Агар шароити лозимаро созмон диҳем, на танҳо меҳмонони хориҷӣ, балки шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ дар давоми сол барои истироҳат ва табобат хоҳанд омад. Дар ҳоли ҳозир маъмурияти Хоҷа Оби Гарм аз истироҳатгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷӣ танҳо нархи гаронро омӯхтаву роҳандозӣ кардааст.
Ҳарфи зиёди гуфтанӣ дорем, аммо ба хотири ба дарозо накашидани сухан, ба хонандаи арҷманд мақоларо бо ду калонкае пешниҳод месозем, ки дар яке табиати зебо ва нотакрори ин минтақа мунъакис шудаву дар дигаре бинои хароб ва роҳравҳои касиф ва ифлоси истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм ба намоиш гузошта мешаванд. Дигар қазоват аз шумост хонандагони гиромӣ.
Эмомалӣ Сайидамирзод,
Душанбе-Хоҷа Оби Гарм-Душанбе