- Ҳамин ҳам ба сокинон намерасад. Истиқоматкунандагони ошёнаҳои болои биноҳои бисёрошёна бе об мемонанд. Дар ҷомеаи мо фарҳанги истифодаи об шакл нагирифтааст. Истиқоматкунандагони ошёнаҳои поёнӣ обро сарфа намекунанд. Чумакҳои обро аксар ҳолат кушода мемонанд, меваҳояшонро бо оби ошомиданӣ хунук мекунанд, назди айвонҳояшонро об мепошанд, ки ин ҳолатҳо сабаб мегардад то ба ошёнаҳои боло об набарояд ва аз меъёри муқараргардида бештар истифода шавад, - мегӯяд Комилҷон Мирзоев.
- Мақсад аз амалӣ кардани ин лоиҳа қабл аз ҳама ба танзим даровардани истифодабарии об аст. Вақте барои об сокинон тибқи ҳисобкунак маблағ пардохт намоянд, он гоҳ ҳатман оброс арфа хоҳанд кард, - илова мекунад Мирзоев.
Ёдрас мешавем, ки феълан дар Душанбе истифодаи об ройгон буда, сокинон танҳо барои хизматрасонии корхонаҳои марбута пардохт мекунанд. Бино бар маълумоти ниҳодҳои зиддахл, ҳаҷми пардохт барои истифодаи об дар айни ҳол ба ҳар сокини пойтахт то 3 сомонӣ рост меояд.
Ё. Ҳалимов