«Аз мӯр мадад»
Дар оилаҳое, ки падар ба мардикорӣ рафтааст, истифодаи қувваи кӯдакон дар кори саҳро ва бозору дигар коргоҳҳо як амри маъмулӣ аст, мегӯянд занони рустои Хатлон. Ба кӯдакон кори миёншикан намефармоем, аммо дар коркарди қаторҳои пахта, ғалладаравӣ ва ҷамъоварии ҳосил ба мо ёрӣ мерасонанд.
Дилафрӯз Камолова, сокини вилояти Хатлон, иброз медорад, ки дар шароити кунунии русто, ки воситаҳои фароғатию дилхушӣ барои наврасон маҳдуд аст, ҷалби ноболиғон ба кор василаи хуби ба ҳаёти солим роҳнамоӣ кардани онҳост. Масали «Аз мӯр мадад» аз ин ҷо маншаъ мегирад, ки дар иҷрои ҳама корҳои хонавода ноболиғон дастёри зодмандонанд.
– Як роҳи тарбияи ахлоқии наврасон ин ҷалби онҳо ба меҳнати фоиданок аст, – мегӯяд Шамсия Абдураҳимова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа. – Пӯшида нест, ки бештар кадрҳои хуби соҳаҳои хоҷагии халқ дар рустои кишвар тарбия ва ба воя расида, бо кори ҷисмонӣ обутоб ёфтаву заҳматдӯстӣ дар ташаккули зеҳнии онҳо таъсири мусбат расонидааст.
Кӯдак-пулбиёр
«Дар масоили истифодаи неруи кӯдак дар кори хонаву саҳро баҳсу мунозираҳо охир надоранд, вале аз шуғли ноболиғон дар бозор бояд пешгирӣ кард», – мегӯяд Шамсия Абдураҳимова. Зеро бозор манбаи асосии даромад барои оилаҳо бошад ҳам, аҳамияти молии ба бозор рӯ овардани кӯдак дар баробари ҷанбаҳои манфии он қатрае аз баҳрро мемонад.
Орзӯи бачагӣ: дар поям хор нахалад…
Аз суҳбат бо наврасони бозорнишин бармеояд, ки баъзеашон бинобар мушкилоти иҷтимоӣ тарки мактаб карда, роҳи бозорро интихоб кардаанд. Раҳматкарим, наврасе, ки худро сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ намуд, тарки мактаб накарда бошад ҳам, ҳаёти худро бидуни бозор тасаввур намесозад. Зеро хело бармаҳал масъулияти таъминоти оиларо ба уҳда гирифтааст.
– Дар растаҳои бозор мегардам, то як ё ду дона тарбузро тилим-тилим фурӯшам. Ба хастагиҳо одат кардаам, танҳо аз Худо илтиҷо дорам, ки пойҳоям дард накунанд, зеро ризқу рӯзиро аз гардиш дар бозор пайдо мекунам.
Аз суҳбати лаҳзаина бо ӯ, ки шитоб дошт, маълум шуд фурӯшандагиро иҷборан интихоб кардааст, аммо ғурури бачагиаш намегузошт аз вазъи оила ва сабаби ба бозор рӯ оварданаш ҳарф занад. Намехоҳам, аз ҳаёти сангинам қисса кунам. Бузург шавам, саргузаш-тамро менависам, алъон таваккул бар Худо.
Кӯдак – мошиншӯй, «кондуктор», гадо ва …
Аз таҳлилҳои масъулони бахшҳои ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Хатлон бармеояд, ки на ҳамаи кӯдакони бозор аз ночорӣ ба майдафурӯшию дигар корҳо маш-ғуланд. Агар қисме аз ноболиғон аз хонаи волидон фирор карда, рӯзи худро дар кӯчаву бозорҳо сипарӣ намоянд, иддаеро зодмандон барои дарёфти пул мефиристанд. Тибқи иттилои Фақир Саъдуллоев, сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар рафти 283 амалиёт баҳри пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғон дар бозорҳои вилоят 1113 нафар ноболиғонро машғули борхалтакашонию мошиншӯйӣ, гадоӣ, пулчинаки мошинҳои мусофирбар ва дигар корҳои номатлуб ёфтаанд. Гарчанде нисбат ба солҳои қабл сафи наврасони оворагард дар бозорҳо коҳиш ёфтааст, арқоми боздошти кӯдакон ҳоло ҳам ташвишовар аст, мегӯяд ӯ. Барои пешгирӣ аз оворагию ба дигар шуғлҳо даст задани ноболиғон, бояд заминаи марказҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таълиму тарбияро ба роҳ монд. Зеро холигии вақт ва норасоии воситаҳои солимӣ- маънавӣ боис мешаванд, ки нав-расон ба кӯча рӯ оранд.
Ин ҷо Душанбе
Дар бозору ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ва шаҳрҳои азими дигар кишварҳо кӯдакони ноболиғро танҳо вохӯрдан имкон надорад, аммо дар ҷумҳурии мо новобаста ба қабул шудани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» теъдоди кӯдакони оворагард коҳиш наёфт.
Зимни мушоҳидаҳо аз бозори Корвони шаҳри Душанбе чунин хулоса мебарояд, ки бозорнишинии наврасон як меъёр аст. Солҳои қабл бо пайдо шудани низомие дар растаҳои бозор ноболиғон ҳар тараф паноҳ мебурданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки фурӯшанда, аробакаш ва боркашонҳои ноболиғи бозорҳо дигар чунин «мушкил» надоранд. Манзура Саломова, мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иброз медорад, ки тибқи иттилои Хадамоти пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғони ВКД аз оғози сол дар ҳудуди пойтахт 193 амалиёт доир гардида, 1701 нафар кӯдакони оворагарду ба дигар корҳои номатлуб машғул, боздошт шудаанд. Аз ин теъдод 266 ноболиғ аз марказҳои компютерӣ, 64 нафар ба ҷамъ овардани маблағ дар нақлиёти мусофирбар, 157 нафар ба талбандагӣ, 15 нафар ба боркашонӣ, 547 ноболиғ ба оворагардӣ, 38 нафар машғули дуд додани испанд, 76 нафар ба савдои кӯчагӣ ва 372 нафар бо дигар қонунвайронкуниҳо ошкор шудаанд. Ба гуфти Манзура Саломова пешгирӣ аз оворагардию дигар шуғлҳои номуносиби ноболиғон дар бозорҳо вақте муяссар мегардад, ки ҳамаи сохторҳои марбут дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ноҳияҳо корро ҷиддӣ ба роҳ гузоранд. Зеро бештари кӯдакони аз бозорҳои пойтахт боздоштшуда сокинони шаҳру навоҳии атроф мебошанд.
Бачаи дур аз падар: касби дӯстдоштаи ман…
Як сабаби машғулияти ноболиғон дар бозорҳо зодмандон мебошанд, ки ба тарбияи фарзанд аҳамият намедиҳанд. Оянда ҷомеаро оқибатҳои ногувор интизор аст, агар имрӯз насли наврас дискфурӯширо афзалтар аз таълим дар мактаб меҳисобад, ё вақте наврасон гадоӣ ва мошиншӯйиро роҳи пешбурди зиндагӣ меҳисобанд. Мутаассифона, ин мисолҳои ҳузнангез аз суҳбат бо ноболиғон дар бозори Корвон аст. Вақте аз ноболиғе сабаби ба бозор рӯ оварданашро пурсидем, бо истеҳзо гуфт: чаро Шумо бинокор ё касби дигареро интихоб накардед, ки заҳмати ҷисмонӣ дошта бошад? Ва дарҳол посух дод: яке духтурӣ ё омӯзгорӣ, дигаре устоӣ ва ё дигар касбро дӯст медорад. Ман тиҷоратро интихоб намуда, муҳим намешуморам, ки аз ин беш таҳсил кунам, зеро ҳисобу китобро ба қадри зарурӣ медонам. Мусоҳиби мо ҳатто иддао дошт, ки манъи фаъолияташ дар бозор ҳуқуқҳояшро поймол мекунад. Дуруст аст, ки дар чунин шакл гирифтани афкори баъзе наврасон зодмандон сабабгоранд. Бешубҳа қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» айни муддаост, аммо иҷрои он ҷиддӣ назорат намешавад.
Тобистон – мавсими тақдирсоз
Дар ҳамин ҳол ба андешаи Манзура Саломова, мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷалби ноболиғони 15-17- сола ба корҳои гуногун меъёри муайян дорад. Гурӯҳи корие, ки мо дар назди бахши мазкур таъсис додаем, «Мониторинги меҳнати кӯдакон дар шаҳри Душанбе» ном дошта, фарогири тамоми масоили марбут ба фаъолияти ноболиғон, аз ҷумла пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии неруи кӯдакон мебошад.
– Кӯдакон аз оилаҳои носолим дар асоси роҳхати комиссияи мазкур ба меҳнат ҷалб карда мешаванд. Бо тавсияи ин гурӯҳ алъон 8 нафар ноболиғон дар театри кӯдакона ба фаъолияти фоиданок ҷалб шудаанд. Ҳоло дар маркази таълимии калонсолон барои ноболиғон курсҳои гуногуни касбомӯзӣ таъсис дода шудааст. Шамсия Абдураҳимова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, иброз медорад, ки Президенти кишвар зимни як суханронии хеш дар ин мавзуъ ишора намуда буданд, ки ба мактаб бурдану овардани фарзандонро волидон ба уҳда бигиранд. Воқеан ҳам, агар чунин бошад, теъдоди наврасони дар кӯчаю бозорҳо овора коҳиш меёбад.
Ҳоло ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранд, бояд зери назорати ҷиддӣ гирифта шаванд, зеро маҳз дар ҳамин давра ҷойи мактаб дар зеҳни кӯдак холӣ мемонад.
Ҷ. Сайфиддин
Душанбе-Қурғонтеппа-Душанбе