Дар Бадахшон «макотиби кӯҳна» дигар вуҷуд надоранд. Ҳанӯз се сол қабл охирин вагонҳо дар деҳоти Сист ва Дашти ноҳияи Ишкошим, ки вазифаи синфро иҷро мекарданд, бардошта шуда, хонандагон ба синфҳои барҳаво гузаштанд. Талабагони деҳаҳои Чорсун, Пуштироғ ва Пастироғи ноҳияи Дарвоз, ки то ин дам дар манзилҳои шахсӣ таҳсил мекарданд, ба макотиби нав кӯчиданд. Дар солҳои истиқлолият дар вилоят 176 мактаб пурра таъмир, навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардида, ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мутобиқ гардонида шуданд. ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин мақсад қариб 200 миллион сомонӣ ихтисос додааст, – изҳор дошт сардори Раёсати маорифи ВМКБ Ғарибшо Ғарибшоев.
Ҳамчунин дар ин давра дар вилоят 19 мактаби нав қомат афрохт. Интизор меравад, ки дар арафаи соли нави хониш ва ҷашни 22- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ боз 9 мактаби нав ва як кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Талабагони маркази ноҳияи Мурғоб дар синфҳои барҳавои мактаби нави дуошёна, деҳоти Аличур ва Кӯҳнақӯрғон, Хабости ноҳияи Роштқалъа, Ғулдараи ноҳияи Рӯшон, Барсеми ноҳияи Шуғнон ва Лангари ноҳияи Ишкошим дар мактабҳои нави замонавӣ ба таҳсил мепардозанд.
Мақомоти вилоятӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таҷдиди макотиб ва сохтмони биноҳои нави таълимии ноҳияҳо равона намуда, мактаб-ҳои Хоруғро ба буҷети шаҳрдорӣ ҳавола карда буданд. Вале бардоштани бори таъмиру таҷдиди макотиб ба буҷети шаҳр вазнинӣ кард ва мақомот тасмим гириф-танд маблағҳои озодро ба таъмир ва таҷҳизондани онҳо ихтисос диҳанд. Тобистони имсол як мактаб бо маблағгузории мақомоти вилоятӣ ва як мактаби дигар аз ҳисоби шаҳрдорӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. Вазорати маориф эълом дошт, ки дар соли нави хониш ба макотиби шаҳр 2 ҳазор мизу курсӣ тақдим мекунад. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Бибигул Ҷумъаева изҳор дошт, ки дар Хоруғ 14 мактаб, аз ҷумла Мактаби президентӣ, литсейи Оғохон ва гимназияи хусусӣ фаъолият дошта, се мактаби шаҳр пурра ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад ва тадбирҳои андешидаи Вазорати маориф ва роҳбарияти вилоят вазъро куллан беҳбуд мебахшанд.
Дар соли таҳсили 2012-2013-ум хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 27 медал гардиданд, ки аз заҳмати пурсамари омӯзгорон ва дастовардҳои соҳа шаҳодат медиҳанд.
– Хонандагони мактабҳои шаҳр дар озмунҳо 13 медалро соҳиб шуданд ва Шумо ин натиҷаҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед, – мепурсам аз мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Бибигул Ҷумъаева.
– Ба фаъолият пардохтани литсейи Оғохон ва Мактаби президентӣ дар маркази вилоят ба фазои таълиму тадрис дигаргунии куллӣ ворид намуд ва фазои рақобатпазирро ба вуҷуд овард. Айни ҳол дар Мактаби президентӣ 700 талаба, яъне 55 нафарӣ аз ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб ба тадрис фаро гирифта шудаанд.
Мусоҳибам афзуд, ки маорифи шаҳр аз ҳисоби ҷалби истеъдодҳои хурдсолу наврас сол ба сол тақвият меёбад. Рағбат ба донишандӯзӣ байни хонандагони шаҳр афзуда, таваҷҷуҳи волидон ба таълиму тарбия бештар шудааст. Онҳо дарк карданд, ки таълиму тарбияи фарзандон масрафот мехоҳад ва акнун бисёриҳо барои омӯзондани фарзандонашон репетитор ва ё омӯзгор ҷалб мекунанд.
Дар Бадахшон 314 мактаб фаъолият дошта, 52 мактаб ба таҷдид эҳтиёҷ дорад. Таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди маориф имкон медиҳад, ки то соли 2017-ум мушкилоти маориф дар Бадахшон пурра ҳал гардад.
Ш.Мирзоҷалол
Бадахшон