Хидматрасонии почта муҳимтарин воситаи стратегӣ аст, ки тамоми ҷанбаҳои мавриди истифодаи давлатро роҳандозӣ менамояд. Ба қавле нахустин воситаҳои иттилоотӣ низ дар заминаи почта ба вуҷуд омадаанд.
Почтаи тоҷик аз таърихи пайдоиши худ шоҳиди ҳаводису табодули шаклҳои гуногуни давлатдорӣ гардида, дар ҳеҷ давру замон нуфузу моҳияти худро гум накардаст. Эҳё ва рушду нумуи ин соҳа аз пойтахт то дурдасттарин манотиқи кишвар марҳилаҳои гуногунро паси сар кардааст. Таърихи бунёди почта дар Бадахшон ба рӯзҳои нахустини таъсисёбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд.
Почта дар кӯҳистони Помир
То соли 1940-ум бинобар набудани роҳи нақлиётии Душанбе-Хоруғ, хаткашонҳо номаву рӯзномаҳоро пиёдаву аспсавор ба мардум мерасониданд ва ин касб хоси мардон буд. «Бо густариш ёфтани имконоти фаннии соҳа, айни замон аз 106 нафар кормандони «Почтаи тоҷик» -и Бадахшон 20 нафарро бонувон ташкил медиҳанд», – мегӯяд Мансур Ғарибмамадов, сардори КВД «Почтаи тоҷик» -и ВМКБ.
Сабзбаҳор Паҳлавонова аз 40 соли фаъолият дар почтаи Бадахшон 20 соли охир ба тақсими номаву нашрия ва бастаҳо машғул аст: «Бонувон аз рӯйи малакаи муошират бо мардум ва ҳисси масъулият дар иҷрои вазифа соҳибэҳтироманд. Дар тӯли фаъолияти қариб нимасраам боре ҳам мардум аз кори бонувони хаткашон шикоят накардаанд».
– Соли 1968, вақте фаъолияти меҳнатиамро ба ҳайси танзимгари матбуоти даврӣ оғоз намудам, ҳамарӯза ба вилоят беш аз се ҳазор мактуб ворид шуда, танҳо теъдоди рӯзномаи «Бадахшон» ба 14 ҳазор мерасид. Гоҳо барои бастаҳое, ки ба сарбозон фиристода мешуд, дар анбор ҷой намерасид,– ёдовар мешавад Сабзбаҳор. Дар баробари ҳаҷми кор, ҳаҷми маош ҳам зиёд буду мо ба ҳавас кор мекардем. Аз тарафи дигар, мардум дар симои хаткашон хабаррасону паёмбиёри худро медиданд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҷоди мушкилоти соҳа бисёр ҳамкорон тарки кор карданду номаву нашрияҳо сари вақт ба мизоҷон намерасиданд. Вазъият маҷбурам намуд, ки ба ҷойи мардон бордони хаткашониро ба китф гирифта, ба кӯча бароям. Вақте мебинам, ки дар кӯчаю хиёбонҳо мардум чашм ба роҳ нишастаанд, ҳис мекунам, ки вазифаи муқаддасеро бар уҳда дорам.
Сумангул Худоёрова, корманди почтаи Бадахшон, садоқат ба касбро мояи хушбахтии ҳаёт меҳисобад. Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт вақтест, ки мардум бо дили пур аз меҳру муҳаббат пешвозамон мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки шабакаи алоқа дар Бадахшон дар заминаи почта рушд кардааст, аммо дар сол-ҳои муфлисшавии почта ба почта ҳамчун воҳиди аз лиҳози иқтисодӣ зараровар ангушти ишорат равона мекарданд. Баъдан бахши почта ба ҳоли худ гузошта шуду аз лиҳози молиявӣ ба маҳрумияти шадид рӯ ба рӯ гардид.
Даврони гузариш дар почта
Ин имтиҳонро дар марҳилаи буҳрони иқтисодӣ бахшҳои почта дар ҳама минтақаҳои кишвар паси сар кардаанд. Ба хусус, соли 1996 шуъбаи алоқаи почта ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфту корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» ба КВД «Почтаи тоҷик» тағйири ном кард. Дар ин давра, ки ба пайдоиши воситаҳои муосири алоқа рост меомад, фаъолияти почта коҳиш ёфт. Баъдан, яке аз вазифаҳои дигари почта – пардохти нафақапулиҳоро «Амонатбонк» ба уҳда гирифту самти афзалиятнок барои «Почтаи тоҷик» маъракаи обуна ва дастрасии матбуоти даврӣ ба хонанда гардид. Ин аст, ки имрӯз симои идораҳои почтаҳои баъзе ноҳияҳои кишвар ҳолати солҳои 80-умро мемонад. Дар биноҳои фарсуда ва шароити ногувор хаткашонҳо содиқона ба мардум хидмат доранд. Зеро расонидани паёму матбуоти давриро рисолати муқаддас меҳисобанд.
Хатлон
Ба қавли Умеда Собирова, директори КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, новобаста ба ҳама мушкилиҳо дар бист соли охир ягона соҳае, ки ҳаққи хидматрасониро боло набардоштааст, «Почтаи тоҷик» аст. Хушбахтона, рӯз ба рӯз шавқи газетахонии мардум боло рафта, талабот ба хаткашон зиёд мешавад. Дар баробари расонидани номаву бастаҳо ва нафақаи тифлони ятим таваҷҷуҳи аҳолӣ ба қуттиҳои дархостӣ ва талабот, нафақаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣ ба суроғаи зисти муштариён афзоиш меёбад. Дар ҳалли масоили идеологии ҷомеа бояд аз «Равзанаи почта» назар кард. Зеро сатҳи маърифату худшиносии ҷомеа аз он зовия омӯхта мешавад, ки мардум ба кадом ВАО, аз ҷумла матбуоти даврӣ дастрасӣ доранд.
Бо таъкид аз моҳияти воқифгардонии аҳолӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум, Умеда Собирова мегӯяд: «Набояд роҳ дод, ки дар фазои идеологии ҷомеа ҷойгоҳе холӣ бимонад, зеро ҳама гуна падидаҳои номатлуб дар муҳите эҷод мешаванд, ки халои иттилоотӣ вуҷуд дорад. Бо дарназардошти ин нукта бо дастури раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар сатҳи ҷамоатҳои деҳоти вилоят ҳуҷраи корӣ барои намояндагии почтаи тоҷик кушода мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом беҳдошти дастрасии аҳолии деҳот ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мебошад».
Тибқи иттилои мусоҳиби мо қаблан ҳамасола ба вилояти Хатлон то 500 ҳазор мактуб ворид мешуд. Ҳоло ба вилояти 3 миллион аҳолӣ дошта, дар се моҳ ҳамагӣ 12 ҳазор нома омадааст. Айни замон барои дастрасии сокинони вилоят ба матбуоти даврӣ 56 дӯкону 52 нуқтаи рӯзномафурӯшӣ ва 260 хаткашон фаъолият доранд. Аз сабаби дар манзилу кӯчаҳои навбунёд набудани рақами расмӣ кори хаткашонҳо мушкил шуда, муштариён номаву матбуоти дархостнамудаашонро сари вақт дастрас карда наметавонанд.
Собиқадорони соҳа иброз медоранд, ки дар сат-ҳи Осиёи Марказӣ аз ҳама хидматрасонии арзон соҳаи «Почтаи тоҷик» аст, аммо аз меҳру садоқат ба касб онҳо тарки кор накардаанд.
Суғд
Ба қавли кормандони почтаи вилояти Суғд, дар қарне, ки мо ба сар мебарем, ҷомеа бидуни иттилоот зиста наметавонад. Дар давроне, ки воситаҳои иттилоотӣ ҳар лаҳза тозатарин рӯйдодҳои ҷаҳонро нашр мекунанд, мавзуи таври оҷил дастрас намудани сарчашмаҳои хаттии иттилоот нақши муҳим касб мекунад. Мавлудахон Камолова, сармутахассиси шуъбаи истифодабарии алоқаи почта ва Башорат Ҳакимова, танзимгари бахши обуна, солиёни зиёдест, ки дар бахши суғдии «Почтаи тоҷик» фаъолият доранд. Ба гуфти онҳо солҳои охир сатҳи хидматрасонии почта боло рафта, ҳоло ҳафтае се маротиба 101 номгӯйи матбуоти даврӣ ва номаву муросилот дастраси мардум мешаванд. Номаву бастаҳо ва матбуоти давриро ронандаҳои кирокаш тибқи шартнома мекашонанд, зеро почтаи вилояти Суғд нақлиёти хидматӣ надорад.
– Агар мо нақлиёти хидматӣ медоштем, арзиши интиқоли борро боз ҳам коҳиш дода, даромаднокии корхонаро афзоиш медодем, – мегӯянд Мавлуда ва Башорат.
Ба гуфти Мавлуда Камолова дар афзоиши теъдоди хонандагони матбуот бонувони соҳа нақши муҳим доранд. Тибқи иттилои ӯ айни замон роҳбарии почтаҳои шаҳру навоҳии Чкаловск, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳро бонувон ба уҳда доранд.
– Бо вуҷуди марҳила ба марҳила боло рафтани қимати обуна нархи хидматрасонии он дар як сатҳ қарор дошта, музди коргарони соҳа баланд намешавад. Ба суоли «Чаро арзиши хидматрасонии почта боло намеравад?» бояд масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷавоб диҳанд, зеро почтаи тоҷик тибқи тарификатсияи муқаррарнамудани ин вазорат фаъолит мекунад. Вале бо вуҷуди мушкилоти соҳа, раҳбарияти почтаи Суғд аз пайи дастгирии кормандон аст, – таъкид доштанд Мавлудаю Башорат.
Қадршиносии кормандони соҳа дар иду ҷашнвораҳо онҳоро водор намудааст, ки сатҳи хидматрасониро ба мардум беҳтар намуда, бо умеди таваҷҷуҳи бештар ба соҳа дар касби пурифтихори хаткашонӣ содиқ бимонанд. Зеро кормандони Муас-сисаи давлатии «Почтаи тоҷик» хуб дарк мекунанд, ки бо расонидани мактубу муросилот ва рӯзномаву маҷаллаҳо онҳо мардумро хушбахт месозанд. Ва хушбахту саодатмандии халқ орзуи ҳар фарди ватандӯст аст.
Ш.Мирзоҷалол, Т.Расулзода, Ҷ.Сайфиддинов