МУАРРИФӢ:
Дотсенти кафедраи кимиёву физика ва калоидҳои факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мудири лабораторияи институти назди донишгоҳии илмӣ-таҳқиқотӣ.
Соли 1949 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Аз соли 1973 инҷониб ба таҳқиқи илм машғул аст. Зиёда аз 320 кори илмӣ анҷом дода, 4 китоб навиштааст. 30 ихтироъ дорад. Мақолаҳои илмиаш дар дохил ва хориҷи кишвар нашр шудаанд. Ин шабу рӯз барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзуи «Пайвастаҳои координатсионии оҳан, кобел, мангал, мис ва моделсозии равандҳои ҳосил шудани пайвастаҳои координатсионӣ» дар Русия қарор дорад.
Муште аз ихтирооти занони тоҷик дар шашумин намоишгоҳи байналхалқии «Занони ихтироъкор ва тоҷирони байналмилалӣ» қадр шуд. Ин намоишгоҳи байналхалқӣ, ки аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, шаҳри Сеул баргузор гардид, занони ихтироъкори чанде аз кишварҳоро гирди ҳам овард. Аз Тоҷикистон низ чанд ихтироъ дар ин намоишгоҳ муаррифӣ шуд, аммо танҳо як муаллиф дар Сеул иштирок дошт.
Мубошира Раҳимова, муаллимаи фанни кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо 3 ихтирои худ ба Куриёи Ҷанубӣ сафар кард ва бо 3 медал: ду нуқра ва як биринҷӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло саҳфаро ба ихтиёри ӯ во мегузорем ва муаллима дар бораи ихтирооти худу занони дигари тоҷик нақл хоҳад кард.
Вижагии ҳамоиши Сеул
Ин форум дар ду самт кор мекунад. Самти аввал баргузории конфронсу симпозиумҳо. Дар ин бахш бештар маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби занҳои ихтироъ-кор қироат мешаванд ва дараҷаи пешрафти ихтирооти бонувон дар кишварҳои гуногун баррасӣ мегардад. Самти дувум ба намоиш гузоштани маҳсули ихтироъкорон аст. Соли гузашта аз 24 давлат 550 ихтирои занон ба форум пешниҳод шуд. Аз ҳамин ҷиҳат форум дар сатҳи хеле баланд доир гардид. Имсол аз 26 давлат занони ихтироъкор ширкат дош-танд, аммо номгӯи ихтироот нисбати соли гузашта 2,5 баробар камтар буд.
Ихтирои №1
«Имсол ман 3 ихтироъ пешниҳод кардам. Аввалӣ оиди соҳаи пахтакорӣ таҳти унвони «Таркиби полимерӣ бо иловаи пайвастагиҳои коордионатсионӣ барои пӯшонидани пунбадона». Барои ин ихтироъ медали нуқра гирифтам. Бо забони соддатар бигӯям, ки ин ихтирои мо чӣ маънӣ дорад: аввалан, агар пунбадонаро бо полимери пайвастагии координатсионидошта пӯшонед, муҳлати нигаҳдориаш тӯлонитар мешавад, зеро ба он микробҳо таъсир расонда наметавонанд ва аз таъсири намнокии зиёд пунбадона хислатҳои хуби худро гум намекунад. Сониян, баъд аз кишт, агар намнокӣ зиёд шавад, аксарияти пунбадонаҳо мепӯсанд ва кишти такрорӣ лозим мегардад, вале таркиби полимерӣ онро аз пӯсидан нигоҳ медорад.
Дар даврони шӯравӣ дар заводи гидрометаллургии Исфара мо ба миқдори 1,5 тонна аввалин маротиба истеҳсоли пайвастагии координатсиониро оғоз карда будем. Солҳои зиёде барои кашфи ин ихтироъ сарф шуд. Дар хоҷагии қишлоқ барои ҳар ихтироъ аз 4 то 7 сол бояд санҷиш гузаронед. Дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон солҳои 90–ум санҷиш гузаронида будем. Яъне ин корҳоро мо аз он солҳо оғоз кардем. Полимерро аз Русия меовардем ва баъд бо ҳамкорон то 2-3 тонна пунбадонаро бо полимер мепӯшондем, хушк мекардем ва баъд ба хоҷагиҳо тақсим мекардем. Санҷишу озмоишҳои мо натиҷаи хуб доданд.
Ин ихтироъро таҳти раҳбарии академик Хуршед Каримов бо номзадҳои илми биология Дилбар Қодирова ва Татяна Кандрашова анҷом додем. Дар намоишгоҳи Куриёи Ҷанубӣ ҳам ин ихтироъ аз номи ман, Дилбар Қодирова ва Татяна Кандрашова пешниҳод шуд.
Ихтирои №2
Ихтирои дувум оиди кимиё буд таҳти номи «Тарзи зиёд намудани қобилияти обнигаҳдорӣ бо гидрогелҳо». Барои ин ихтироъ низ медали нуқра гирифтам. Ин таҳқиқотро ҳам дар замони шӯравӣ шуруъ кардем, аммо барои натиҷа охири соли 2012 патент гирифтем. Ин ихтироъро ҳам дар шакли дастаҷамъӣ анҷом додем. Аъзои гурӯҳи корӣ баъдҳо пароканда шуданд ва ман мондаму ин ихтироъ. Барои шароити иқлими мо ин ихтироъ бисёр муфид аст. Зеро имконият медиҳад, ки аз масрафи зиёд ва беҳудаи об ҷилавгирӣ кунем. Заминаи таҳқиқот ин суол буд: чӣ бояд кард то қобилияти обнигаҳдории гидрогелҳо зиёд шавад? Дар ин самт 4 роҳро пешниҳод намудем.
Гидрогел ин ҳамон полимер аст. Памперсе, ки барои кӯдакон истифода мешавад, дар таркибаш гидрогел дорад, обро ба худ меҷабад. Ҳаҷму вазнаш зиёд мешавад, вале обро аз таркиби худ намегузаронад. Ҳамин моддаи кимиёиро мумкин аст дар заминҳои корам истифода бурд, зеро обро меҷабад ва заминро то як муддати тӯлонӣ намнок нигаҳ медорад ва истифодабарии об 3 маротиба камтар мешавад.
Ихтирои №3
Ихтирои сеюм оиди экология буд бо унвони «Тарзи кам кардани мигратсияи радионуклидҳо аз хок ба растаниҳо». Барои ин ихтироъ медали биринҷӣ гирифтам. Ба ин натиҷа мо ба таври ногаҳонӣ расидем. Корҳои илмии мо оиди ҳосил кардан ва муайян намудани хосияти ҳам химиявӣ ва ҳам физиологӣ-биологии пайвастагиҳои координатсионӣ мебошад. Мо, ки сол-ҳои тӯлонӣ ҳамин пайвастагиҳоро бо мутахассисон дар хоҷагии қишлоқ истифода мебурдем, таҳлилҳои зиёдеро анҷом додем. Вақти таҳлил ногаҳ ба чашмамон як пайвастагие афтид. Ба воситаи борону барфу оби дарё, ки омехтаҳои гуногуни номатлуб доранд, радиоактивҳо дар хок ҷамъ мешаванд. Баъд аз он дилхоҳ растанӣ ба воситаи решааш метавонад ҳамон элементҳоеро, ки дар хок ҷамъ шудаанд, ба худ кашад. Аз реша ба растанӣ меравад, аз растанӣ ба баргҳо, ба гул ва баъд ба маҳсулоташ. Мо мушоҳида кардем, ки ҳамин пайвастагиҳои координатсиониро вақте ба растаниҳо мепошем, ин имконият медиҳад, ки таъсири ҳамон омехтаҳои гуногуни номатлуб камтар шавад.
Ихтироот аз Тоҷикистон, харидорон аз Амрико
Бо вуҷуди ин ки аз ин ихтироот солҳо мегузаранд, аммо дар истеҳсолот ҳеҷ кадоми онҳо ҷорӣ нашуданд. Замоне, ки шӯравӣ нав пароканда шуд, чанд олим аз Амрико ба суроғи ихтирооти аввалини мо омада, мехостанд аз мо онро бихаранд. Як миллион доллар пешниҳод карданд. Не гуфтем. Росташро гӯям, он шабу рӯз ҳамаамон азоби гуруснагӣ мекашидем. Ман розӣ будам, вале дигар аъзои корӣ розӣ нашуданд. Гуфтанд, ки ин бойигарӣ, сарвати ҷумҳуриамон аст. Ҳоло меандешам, ки дар ҷумҳурӣ ихтирооти моро касе суроғ накунад, беҳтар набуд ҳамон замон онро мефурӯхтем?! Барои он ки ихтироот дар истеҳсолот ҷорӣ шавад, дастгирӣ ва пуштибонии бевоситаи ҳукумат даркор аст.
Занон лаёқати бештар доранд!
Ҳамеша ба ҷавонон, хусусан ба духтарон мегӯям, ки натарсида ба факултетҳои илмҳои дақиқ биёянд, хонанд, корҳои илмӣ кунанд, олима шаванд. Медонам, ки табиатан занҳо нисбат ба мардҳо масъулиятшиностаранд. Мо метавонем корҳои зиёдро пеш барему натиҷаҳои хубе ҳам ба даст орем».
Таҳияи Ё. Ҳалимов