То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолатҳои издивоҷи тоҷикон, ҳатто ҷавонмардон, бо сокинони русзабон ва ё дигар миллатҳои дорои фарҳангу оинҳои ғайри тоҷикӣ ангуштшумор буд. Шоҳидони вақт нақл мекунанд, ки «қолабшиканӣ»-ҳо дар издивоҷ бо хориҷиён сар аз солҳои 1992, аз замони муҳоҷирати оммавӣ ба Афғонистон ва дигар кишварҳо, маншаъ мегирад.
Баъдан шуруъ аз солҳои 2007-2008 –ум бо ворид шудани муҳоҷирону хидматчиёни русу чинӣ ва дигар қавму миллатҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар издивоҷи бонувони тоҷик бо эшон мавзуи доғ гардид. Пӯшида нест, ки то ҳол ҷомеа нисбат ба издивоҷи бонувони тоҷик бо русу чиниҳо хушбун нест.
Аммо, чӣ омилҳое бонувони замоне бо ҳусну ҳаё ва намунаи оламро водор намуда, ки ба рағми арзишу муқаддасоти миллии хеш, ҳамсарии мардони хориҷиро бипазиранд?
Зулхумор Воҳидова, як бонуи худогоҳи Хатлон иброз медорад, ки «ҳисси сарватпарастии баъзе бонувони бесаводу худношинос» онҳоро ба ин роҳ мебарад. Вай меафзояд, дар асл бонувони дар мактабу оилаҳои солим таълиму тарбиятгирифта ба ҳеҷ ваҷҳ бо муҳоҷирони хориҷӣ, ки муваққатан дар Тоҷикистон сукунат ихтиёр мекунанд, ҳамсар намешаванд. Зеро мусаллам аст, ки муҳоҷирони корӣ худ баҳри дарёфти қутти лоямут барои зану фарзандон аз ватани хеш ҳиҷрат намуда, издивоҷи муваққатиашон дар ғурбат бебунёд аст.
– Як бонуе, ки ҳамсарии тоҷири чиноиро пазируфтааст, сабаби издивоҷи ғайрирасмии хешро чунин шарҳ дод: «Қашшоқию муҳтоҷию оворагӣ диламро гирифту дигар тоқати бардошти мушкилоти зиндагиро надоштам, аз ин рӯ ба тоҷири чинӣ ба шавҳар баромадам. Агар умеде ба беҳдошти зиндагӣ пайдо мекардам, хотири обрӯйи аҷдоду миллатам бе шавҳар мегаштаму ҳамсари марди хориҷӣ намешудам. Аммо, вақте дар гирдоби мушкилоти иҷтимоӣ нерӯи ҷисмонию зеҳнӣ хароб мешавад, одамизод иродаи мубориза ба нафси хешро гум мекунад ва маҷбур аст, ки барои таъмини талаботҳои инсонии хеш тадбире биандешад. Аз ин рӯ бо марди чиноӣ оила барпо намудани ман аз бечорагӣ буд», ба нақл аз тоҷикзане, ки ҳамсари марди чиноӣ шудааст, мегӯяд Зулхумор.
Пурсишҳои оммавӣ низ собит месозанд, ки дар бештар маврид бонувони бевамонда ба хотири дарёфти сарпаноҳ шавҳари хориҷӣ мекунанд.
Ба гуфти Зулхумор Воҳидова, солҳои пеш бонувони аз шавҳар ҷудошуда мунтазири бахти навбатӣ кунҷи хонаи волидонро ихтиёр мекарданд, вале дар шароити кунунӣ бевазанҳои ҷавон барои дарёфти ҷойи кор ё даромади ҳаррӯза роҳ сӯйи шаҳрҳоро мегиранд. Азбаски аксарияти занони оилаҳояшон пошхурда дониши кофӣ надоранд, дар пайи раҳоӣ аз мушкилотӣ иҷтимоӣ ба гирдоби мушкилиҳои дигар дармонда, ҳамсари дувум мешаванд ва ё ҳамсарии шаҳрвандони хориҷиро мепазиранд.
Хайриниссо Саидова, як ҷомеашиноси хатлонӣ иброз медорад, ки: «Яке аз сабабҳои асосии ба хориҷиён издивоҷ намудани бонувони тоҷик мушкили иқтисодии онҳо аст.
Аз нигоҳи ислом миллият вуҷуд надорад ва зани мусулмон ба истиснои марди ғайри мусулмон, дигар метавонад ба намояндаи дилхоҳ миллати мусулмон ба шавҳар барояд. Аммо дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ дӯст надорам вақте бонуи тоҷик бо марди хориҷӣ оила барпо намояд».
- Гарчанде шавҳарони баъзе бонувон дар муҳоҷират оила барпо мекунанд ва ҳамсарони тоҷики худро фаромӯш месозанд, аммо бонуи тоҷикро мебояд сабру таҳаммулро пеша намуда, дар масоили оиладорӣ ҳуввияти миллии хешро аз даст надиҳад, мегӯяд Хайриниссо Саидова.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо як роҳи пешгирӣ аз чунин падидаҳои номатлуб, ки хатар ба генофонди миллӣ дорад, дар мадди аввал таъмини ҷойҳои корӣ ва маоши хуб барои бонувони маҳаллӣ мебошад. Баъдан бо ба роҳ мондани таълимоти динӣ ва тарбияи духтарон дар руҳияи худшиносию ҳуввияти миллӣ метавон аз издивоҷи минбаъдаи бонувони тоҷик бо атбои хориҷӣ пешгирӣ намуд.
Аммо иддае аз соҳибназарон дар мавриди издивоҷи занони тоҷик бо атбои хориҷӣ андешаи дигар доранд.
Саида Бозорова, як сокини шаҳри Душанбе бо таъкид аз омори интишоршуда, ки теъдоди духтарони то 30 солаи бешавҳар ба 300 ҳазор мерасад, иброз медорад:
- Издивоҷи духтарони тоҷик ба шаҳрвандони хориҷӣ камшумор ҳам бошад, як роҳи коҳиш додани мушкилоти норасоии мардон дар баробари бонувони сину соли издивоҷ мебошад.
Ниҳодҳои марбута бояд ин мавзуро мавриди тадқиқу омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои пешгирӣ аз оқибатҳои мушкилоти демографӣ чораҳои судманд биандешанд. Зеро насли имрӯз афроди солҳои 1990-ум нест, ки ба хотири ҳифзи генофонд ва ҳуввияту аришҳои миллӣ хостаҳои инсонӣ ва талаботҳои иҷтимоии хешро сарфи назар намояд.
Дар ҳамин ҳол, Яъқуби Шариф як коршиноси сокини Душанбе иброз медорад, ки дар баробари кафолати қонунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар интихоби ҳамсар раванди ҷаҳонишавӣ низ дар бартараф намудани маҳдудиятҳои миллии ақди никоҳ мусоидат мекунад.
- Дар раванди ҷаҳонишавӣ бархурд бо падидаҳое мисли издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ ногузир аст ва сокинони кишварҳои нисбатан хурд воситаи пешгирикунанда аз ин равандҳои иҷтимоиро надоранд. Шояд дар рустоҳо ҳанӯз ҳам мардум ба издивоҷи занони тоҷик бо хориҷиён бархурди манфӣ дошта бошанд, аммо дар муҳити шаҳрҳо чунин издивоҷҳо ба як меъёри қобили қабул табдил мешаванд. Зеро ба марди хориҷӣ ба хусус шаҳрвандони Урупову Амрико ба шавҳар баромадани духтарони тоҷик як омили беҳдошти зист ва имкони фурсат барои зисту зиндагӣ дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон арзёбӣ мегардад, -мегӯяд Яъқуби Шариф.
Тибқи иттилои Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2013 ҳудуди 57 никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Равшаной Умарова, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Вазорати адлия иброз дошт, ки аксаран шаҳрвандони тоҷик бо сокинони кишварҳои ҳамсоя Узбекистону Қирғизистон ва нафароне, ки мақоми душаҳрвандии Тоҷикистону Руссия доранд, оила барпо намудаанд.
Дар мавриди издивоҷи бонувони тоҷик бо чиниҳо арқоми расмӣ вуҷуд надорад, зеро ба қавли масъулони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ягон муроҷиати сокинон барои бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони Чин, Русия ё дигар кишварҳо ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин сару садоҳо низ истисно нест, ки ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе сокинон бидуни бастани никоҳи расмӣ бо хориҷиён ҳаёти оилавӣ барпо намудаанд.
Аслан имконнопазир менамояд, ки ниҳодҳои марбута омори воқеии издивоҷи ғайрирасмии аҳолии кишварро рӯйи даст дошта бошанд. Гарчанде дар ҳисоботҳои сохтори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равзанае бо номи муқарраркунии падарӣ бозгӯи чанд дар сади ингуна издивоҷҳоро нишон медиҳад, аммо вазъи воқеии ҳолати шаҳрвандии ҷомеа замоне ба чашм мехӯрад, ки падидаҳои манфии он дар ҳаёти воқеӣ мушоҳида мешаванд. Пас, чӣ бояд кард то аз равандҳои номатлуби имрӯзамон – издивиоҷҳои бебунёду фарзандони ятим, ҷавонони хонавайрону бонувони дар нимароҳи зиндагӣ дармонда, наслҳои бесаводу бадахлоқ, бадбахту бесарпаноҳ боқӣ нагузорем? Зеро пӯшида нест, ки издивоҷҳои бебунёди бонувони тоҷик бо муҳоҷирони хориҷӣ инчунин оқибатҳоро дар пай дошта метавонад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
Ахбори иловагӣ
Дар ин нишасти хабарии Вазорати адлияи кишвар гуфта шуд, ки дар 6 моҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 218 856 аснод, аз ҷумла 96 917 сабти таваллуд, 42 151 саби ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Равшана Умарова, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, бекор кардани ақди никоҳҳо дар ин 6 моҳа 4 ҳазору 107 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.