Ояндаи ҳар кишвар марбут ба он аст, ки насли имрӯзаш дар чӣ гуна муҳиту шароит таълим гирифта ба воя мерасад. Чун ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон суҳбат атрофи шароити зисту таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон гарм мешавад. Бо мурури беҳ шудани вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии аҳолӣ талаботи ҷомеа ба шароитҳои мусоид баҳри таълиму рушди зеҳнии насли наврас бештар мешавад.
Кӯдакон таътилро чӣ гуна мегузаронанд? Оё ба ҳар кӯдак муяссар мешавад, ки дар овони мактабхонӣ лоақал боре соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳ шавад? Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо чӣ ҳол доранд? Дар посух ба ин суолҳо Тоҷибой Бозоров, сармутахассиси Раёсати шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, иброз дошт, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат оид ба беҳсозии шароити тарбия ва солимии кӯдакон, роҳбарияти ноҳия иқдом гирифтааст, ки дар мавсими имсолаи таътил 25 дарсади мактаббачаҳо ба лагеру истироҳатгоҳҳои дохилию берунӣ фаро гирифта шаванд. Аз ҷумла, 280 нафар ба фароғатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, 800 нафар ба фароғатгоҳҳои наздимактабӣ, 5500 нафар ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, истироҳатӣ-меҳнатӣ, варзишӣ-беҳдоштӣ ва фароғатӣ-таълимӣ, дар ҷамъ 9580 хонанда ба лагерҳои тобистона ҷалб мегарданд.
Аз суҳбат бо Зокир Зоиров, сармутахассиси шуъбаи фарҳанг, маълум шуд, ки раиси ноҳия Амирулло Холов ба масоили беҳдошти шароити таълим ва мусоидат баҳри рушди зеҳнии насли наврас таваҷҷуҳ дошта, лоиҳаҳои таъмиру сохтмони мактабҳои замонавӣ, таълиму тарбия дар мактаб-интернати ноҳия, таъсиси маркази дилхушии кӯдакон дар боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва дигар иқдомҳои наҷибро мавриди амал қарор додааст.
Сайри боғ аз „хонавайронӣ“ наҷот медиҳад
Ҳар бегоҳӣ волидон фарзандони худро ба маҷмааи фароғатии кӯдаконаи боғи фарҳангӣ- истироҳатии ноҳия меоранд. Қаблан ба сайру гашти боғ танҳо ҷавонон меомаданд, баъди бунёди марказҳои фароғатии кӯдакон ва нуқтаҳои гуногуни дилхушӣ сафи оилаҳо, ки бо фарзандонашон ба инҷо меоянд, афзудааст.
Оилаҳои ҷавоне, ки дар садади низоъ қарор дошта, мехоҳанд хонаводаи хешро ҳифз намоянд, ба сайругашти боғи марказӣ мебароянд. Сайругашти оилавӣ ва тамошои манзараҳои дилхушии кӯдакон андешаи инсонро оид ба зиндагӣ ва ҳифзи муҳити солим дар оила дигар мекунад.
Масъулон ният доранд, ки бо мақсади тарбияи насли наврас дар муҳити созанда воситаҳои тарбиявию фароғатии кӯдаконаро дар тамоми маҳаллаҳои ноҳия бунёд намоянд. Сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо изҳори хушнудӣ аз таъмини шароиту имконият барои таълиму фароғати кӯдакон иброз медоранд: «Бо мурури вақт ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар бунёди маҷмааҳои фароғатӣ - солимгардонӣ, ки ба рушди зеҳнии кӯдакон мусоидат мекунанд, иштирок ва саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Ошёни азизони Худо
Яке аз калонтарин мактаб -интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ фаъолият дорад, ки дар он 282 нафар кӯдакон ба таълиму парасторӣ фаро гирифта шудаанд. Қаблан хонандагони мактаб-интернат баъди хат-ми синфи 9-ум ба дигар муассисаҳои таълимӣ фиристода мешуданд. Имсол бори нахуст ин даргоҳро синфҳои 11 хатм мекунанд.
Земфира Наботова, яке аз хатмкунандагон, мегӯяд: «Мисли нахустин рӯзҳои ба мактаб-интернат омаданам, андӯҳе диламро фаро гирифтааст. Он рӯзҳо ҷудоӣ аз волидону зиндагӣ дар ҷойи бегона бароям гарон буд, имрӯз бошад, ғами ҷудоӣ аз ин ошёни бароям азизу муқаддас. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки рӯзу моҳҳоро мунтазири роҳи зодмандон сипарӣ менамоянд, ҷаҳонбинии дигар доранд. Ҳамсолони мо, ки дар муҳити оила тарбия меёбанд, хатми мактаби миёна барояшон як марҳилаи гузариш ба идомаи таҳсил дар коллеҷу мактабҳои олӣ аст, аммо барои тарбиятгирандаи интернат хатми он омодагӣ ба ҳаёти нав мебошад, ки нишебу фарозиҳо ва имтиҳоноти ҷиддӣ дорад».
– Земфира орзуи духтур шудан дорад, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Зебо Маҳмадиева, муовини директори мактаб - интернати мазкур. Сарпарасти мактаб-интернат «Тоҷикстандарт» таҳсили ӯро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ба уҳда гирифтааст.
Дили бача ба оча, дили оча ба куҷо?
– Таълиму тарбияи кӯдакони мактаб- интернат кори саҳл нест, зеро дар инҷо кӯдаконе тарбия меёбанд, ки пошхӯрии оила ва дигар ҳаводиси сангинро аз сар гузаронида, равони мураккаб доранд. Мо, тарбиятдиҳандагон, бар замми таълиму тарбия бояд хотири бачаҳоро болида нигоҳ дорем, зеро кӯдакони ятим баъзан бо сабабҳои ночиз ҳам ғамгину дилозурда мешаванд, – мегӯяд Зебо Маҳмадиева.
Тасаввур кунед, вақте модар ё дигар пайвандон кӯдакеро, ки нолаву фиғонаш ба фалак мепечад, оварда ба мо месупоранду моҳҳову солҳо хабараш намегиранд. Барои ин ятимро ором кардану ба муҳити интернат мутобиқ намудан, вақти зиёд лозим аст. Ба хусус кӯдакеро, ки аллакай хотира дорад, ба илму донишандӯзӣ ҷалб намудан, қариб имконнопазир менамояд. Аз ин рӯ, агар омӯзгори мактаб-интернат лаҳзае аз дарс фориғ монад, фикру хаёли кӯдакон ба ҳар тараф парешон мешаваду дигар таваҷҷуҳи онҳоро ба мавзуи дарс ҷалб намудан мушкил аст. Умуман тарбиятгирандагони парваришгоҳ хулқу атвори хоси худро доранд, ки дар наврасони дар оила тарбияёфта мушоҳида намешавад. Иншоҳои дар мавзуи озод навиштаи бачаҳои мактаб-интернати мо бисёр таъсирбахшанд, зеро онҳо аз саргузаштҳои талху ғами бузурге нақл мекунанд.
Модар беилм – фарзанд бадбахт
Муқаддас Холмуродзода, хонандаи синфи 7-уми мактаб-интернат, овони кӯдакӣ рӯзҳои сангинро аз сар гузаронидааст. Ба қавли устодонаш дар панҷсолагӣ зодмандонаш ҷудо шуда, падари сангдил ӯ ва хоҳарчаи яксолаашро аз модар, ки дар беморхона бистарӣ буд, ҷудо менамояд.
«Падар пайи корҳои худ буду ҳар вақте тифл аз гуруснагӣ мегирист, ман нонҳои хушкшударо хойида, оби онро ба даҳони ӯ мечаконидам, то аз гуруснагӣ намирад. Нотавонию беҳуқуқии модарамро дар зиндагӣ мушоҳида намуда, азм кардам, ки оянда ҳуқуқшинос мешавам», – мегӯяд ӯ.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бештари кӯдакони ятим фарзандони модарони бесаводу ҳуқуқношинос мебошанд, ки баъди аз шавҳар ҷудо шудан дар кӯча мондаанд. Бино ба гуфти Ҳанифа Ҳакимова, омӯзгори фанни ҳуқуқ ва асосҳои давлати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 -и ноҳия, омили аслии пош-хӯрии оилаҳо ва афзоиши теъдоди кӯдакони ятим бесаводию сатҳи пасти ҳуқуқдонии модарон аст, ки соҳиби касбу маълумот нашуда ба шавҳар мебароянд.Тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ аз мавзуъҳое мебошад, ки ниёз ба таҳаввулоти ҷиддӣ дорад. Зеро поймолшавии ҳуқуқҳои модару кӯдак аз оила шуруъ мешавад. Вақте зан дар оила аз ҳуқуқҳои хеш бархурдор нест, чӣ гуна метавонад фарзанди солиму худогоҳ тарбия намояд.
Ба қавли Ҳанифамоҳ Ҳакимова наврасони оилаҳои пошхӯрда, ки шоҳиди хушунату зӯроварӣ мешаванд, ба омӯзиши фанни ҳуқуқ таваҷҷуҳи хоса доранд. Аммо ба масоили таълими фанни ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи модару кӯдак дар оила таҷдиди назар бояд кард. Зеро хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни ҳуқуқшиносиро аз синфи 9-ум ҳафтае як соат меомӯзанд. Мебояд таълими ин фанро аз синфи 5-ум ба роҳ монда, забони адабиёти таълимро оммафаҳм намуд.
Хулоса барои андеша
Воқеан ҳам дар ҷумҳурӣ таъмини насли наврас ба адабиёти иловагӣ, ки ба шинохти ҳуқуқу худшиносии кӯдакон мусоидат намояд, ба таври лозима рушд накардааст. Мо оид ба тарбияи дурусти фарзандон ва мустаҳкам намудани робитаи мактаб бо оила ҳарф мезанем, аммо барои амалӣ намудани он барнома ё дастурамали ҷавобгӯй рӯйи даст надорем. Бояд дар сатҳи оила бо ташкили реҷаи рӯзи кӯдак ҳаёти онҳоро ба низом дароварда, дар мавриди ҷалби кӯдакон ба меҳнати тарбиявӣ маҳфилу мубоҳисаҳо доир намуда, сатҳи маърифатнокии ҷомеаро оид ба тарбияи фарзанд баланд бардорем.
Ҷамолиддин Сайфиддинов