Дафъаи аввал низ Мунаввара аз маблағҳои грантӣ пурсамар истифода карда, 15 нафар бонувони хонашинро ҳунари дӯзандагию буррандагӣ омухт, ки алъон ҳар кадоми онҳо дар сехҳои дӯзандагӣ мустақилона фаъолият дошта, зиндагии хешро хуб ба роҳ мондаанд. Дастпарворони ӯ аз барномаи аввал, ки маркази ҳунаромӯзиаш дар назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе амал мекард, соҳибҳунар ва устоди касби хеш гаштаанд. Марзия дар ноҳияи Шаҳритӯс сехи дӯзандагӣ кушода, даҳҳо бонувони таҳҷоиро ҳунар меомӯзад ва фармудаи занҳоро бо сифати баланд баҷо меорад. Беҳина ҳамчун дӯзандаи моҳир дар интернати Чорбоғ тамоми рӯйҷой ва дигар либосҳои ин маконро медухт ва духтарони маъюбро ба ин ҳунар ҷалб мекард ва имруз ӯ дар яке аз сехҳои дӯзандагии ҶСП «Садбарг» фаъолият дорад. Мунаввара бори аввал соли 2008 аз гранти гирифтааш тариқи телевизион мужда дода хоҳишмандонро ба омӯзиш даъват карда буд ва гурӯҳи касбомӯзонро духтарони будахшию хатлонӣ, суғдию ҳисорӣ хоса аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ дар бар мегирифтанд, ки имрӯз бино ба гуфтам Мунаввара Чилаева ҳамагӣ дар маҳалли худ фаъолияти соҳибкорӣ доранд.
Аз барномаи аввал агар ӯ 15 нафарро соҳиби ҳунару ҷойи кор намуда бошад, ин бор дар асоси барномааш мақсад дорад, ки 20-25 нафар занҳои ниёзмандро касбу ҳунар омӯзад. Аллакай бонуи соҳибкор Мунаввара Чилаева дар барномаи хеш, ки номи «Даргоҳи касбу ҳунаромӯзии Сумая»-ро дорад, саҳми худро гузошта, макони касбомузиро муайян намуда ва як қисми лавозимоти заруриро муҳайё сохтааст. Гулбаҳори Мардон, раиси бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур изҳори боварӣ кард, ки сокини ноҳияи онҳо Мунаввара Чилаева на танҳо бонуи фаъолу ҳунарманд, инчунин зани ростину хушмуомила аст ва умедворӣ кард, ки ин бор ҳам ӯ аз маблағҳои ба дастовардааш, ки гранти Президентӣ унвон шудааст, мақсаднок ва пурсамар истифода хоҳад кард.