Пошхӯрии оилаҳо аз масоили доғи ҷомеа арзёбӣ гардида, сол аз сол ин падидаи хатарзо рӯ ба афзоиш дорад. Новобаста ба рӯи кор омадани якчанд барномаву тадбирҳои дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо андешидашуда, сол аз сол омори расмии бекор кардани ақди никоҳ ба хусус, дар рустоҳои дурдасти кишвар зиёд шуда истодааст. Ҳолдонҳо иллати афзоиши бесобиқаи бекоршавии ақди никоҳро чунин тавзеҳ медиҳанд, ки бар замми коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа, паст шудани сифати таълиму тарбия, бетаваҷҷуҳии модарон дар омода намудани духтарон ба ҳаёти оилавӣ, асабоният, бесабрию нотавонии одамон дар ҳалли мунозираҳои оилавӣ ва дигар камбудиҳои иҷтимоӣ боз дар солҳои охир равандҳои носолими муҳоҷирати меҳнатӣ ба фарҳангу арзишҳои муқаддаси хонаводагӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Агар дар солҳои пеш муҳоҷирати меҳнатӣ сабаби ба муддати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо зистани ҳамсарон мешуд, имрӯз теъдоди чашмраси муҳоҷирони корӣ ба хотири ба даст овардани мақоми шаҳрвандии дигар кишварҳо аз ҳамсарони худ расман ҷудо шуда, бо шаҳрвандони макони фаъолияташон ақди никоҳ мебанданд. Муҳоҷирони кории мо изҳор медоранд, ки аз ночорӣ ба ин амали зишт даст мезананд. Вале агар аз оқибати он андеша намоем, беҳтар аст, ки новобаста ба мушкилиҳои иҷтимоӣ дар Ватани худ бимонем, магар ин ки ба хотири даромади андаке аз баҳри арзишҳои муқаддасе ба мисли оила гузашта бошем. Вагарна, муаммои «Фарзандони оилаҳои парешонгардида дар чӣ гуна рӯҳия тарбия ва ба воя мерасанд?» аз мушкилиҳои ояндаест, ки ҷомеаи моро ба фоҷеаҳои мудҳиш дучор хоҳад кард.
Тибқи иттилои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, агар дар соли 2017 дар вилоят 1822 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас, дар соли 2018 ин арқом ба 2376 ҳолат мерасад, ки нисбат ба як соли пешин 554 ҳолат зиёдтар аст. Аз ин шумора 1792 ақди никоҳ бо Қарори судҳо бекор карда шудаанд, ки ин 75 дарсади оилаҳои ҷудошударо ташкил медиҳад.
- Шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳӣ мақоми ба қайдгиранда буда, ҳуқуқи даҳолат ё таъсиррасонӣ ба қарорҳои судиро надоранд, - мегӯяд Зиннатгул Сафарзода, сардори РСАҲШ-и Вазорати адлияи ҶТ дар вилояти Хатлон, – аз ин рӯ, вақте шаҳрванд бо ҳалномаи судӣ оиди бекор кардани ақди никоҳи расмӣ ба мо муроҷиат мекунад, ҳуқуқи рад кардани онро надорем.
Мутахассисони сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иброз медоранд, ки бар замми бесаводию бекорӣ ва коҳиш ёфтани маънавиёти хонадорон боз муҳоҷирати корӣ ҳам боиси заволи пойдевори оила ва аз байн рафтани дигар арзишу муқаддасоти миллию фарҳангӣ шуда истодааст. Гулдаста Қурбонова, бойгонидори шубаи САҲШ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, иброз медорад, ки аксарияти ҳамсарон ба хотири пайдо кардани мақоми шаҳрвандии хориҷӣ никоҳи расмии худро бекор карда, бо сокинони он кишварҳо ақди никоҳ мебанданд. Аммо дар асл аз ҳамсарони асосии худ ҷудо нашуда, баръакс ба расмиёт даровардани ин асноди қалбакиро воситаи соддаи ба даст овардани мақоми шаҳрвандӣ ва таъмини рӯзгори оилаҳои худ дар Ватан мешуморанд.
Дар мавриди то куҷо қалбакӣ будани никоҳҳои бекоршуда Собир Мирзозода, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ андешаи дигар дорад. Ба қавли ӯ дар соли 2018 ба мақомоти суди ноҳияи мазкур 196 парвандаи вобаста ба бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон ворид шудааст, ки аз ин 167 даъво қонеъ карда шуда, 16 парванда қатъ гардидааст. Ҳамчунин 2 даъво аз ҷониби судяҳо рад карда шуда, 11 парвандаҳо бе баррасӣ мондаанд.
- Аз рафти мурофиаҳои судии вобаста ба баҳсҳои оилавӣ бармеояд, ки сатҳи саводу маънавиёти сокинон беҳад коҳиш ёфта, шаҳрвандон аз надонистани ҳаққу ҳуқуқҳои ҳамдигар ба чунин мушкилоти иҷтимоӣ дучор мешаванд,- иброз дошт Собир Мирзозода.
Масъулони сохторҳои маҳаллӣ бовар доранд, ки омори афзояндаи ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Хатлон танҳо ба муҳоҷирати корӣ марбут нест. Барои муайян намудани воқеияти фарзияҳои овардашуда, бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур гирифтаанд, ки хона ба хона гашта, то куҷо воқеият доштани ҷудошавии баъзе оилаҳоро аз бекоркунии қалбакии ақди никоҳи давлатӣ мушаххас намоянд.
Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ёдовар шуда, усули фаҳмондадиҳии хона ба хонаро беҳтарин воситаи маърифатнокии аҳолӣ ва огоҳмандии мардум аз оқибатҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон мешуморад.
- Гарчанде дар нисбат ба дигар шаҳру вилоятҳои кишвар сатҳи ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Хатлон камтар ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ҳамин нишондодҳои оморӣ ҳам мояи нигаронии мо аст,- мегӯяд Р.Раҳимзода.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон пешниҳод дорад, ки ба хотири ҳифзи фарҳанги хонаводагӣ ва пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, нисбат ба нафароне, ки никоҳашонро бекор карданӣ мешаванд, ҷаримаҳои вазнин то ҳадди 30-35 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
Дар муқоиса ба масъулони сохтору ниҳодҳои марбутаи давлатӣ сокинони гуногунпешаи вилояти Хатлон оид ба сабабҳои афзоиши ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз оқибатҳои он фикру пешниҳоди дигар доранд. Дилором Касирова, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 шаҳри Бохтар, бар ин назар аст, ки устувории оилаҳои замонавӣ аз сатҳи донишу маърифатнокии духтарон вобастагӣ дошта, то замоне мушкили бекорию аз таҳсилоти касбӣ дар канор мондани духтарон ҳалли худро наёбанд, ба устувории оилаҳои ҷавон наметавон эътимод дошт.
- Пӯшида нест, ки бештари оилаҳои пошхӯрда сокинони деҳкадаҳои кишвар мебошанд, зеро ҷавонони дар муҳити шаҳру марказҳои маъмурӣ тарбиягирифта, дар бунёди оила ба шитобкорӣ роҳ намедиҳанд. Шахсан баъди хатми таҳсилоти олӣ ва таҷрибаи ҳафтсолаи омӯзгорӣ оила барпо намудам, ки дар он замон 31 сол умр дошта, вазифаи ҷонишини директори МТМУ №10-ро ба уҳда доштам, - мегӯяд Дилором Касирова. - Аммо ин гуна андешаву кирдор дар тафаккури духтарони деҳотӣ намеғунҷад, ки то соҳиби ихтисосу таҷрибаи рӯзгор шудан оиладор нашаванд. Чаро ки дар муҳити деҳот ба таъхир афтодани издивоҷи духтарон нишони бадбахтию дигар пиндорҳои манфӣ нисбат ба онҳо гумошта мешавад ва эҳтимол дорад, ин зумра духтарон дар оянда бекасу танҳо бимонанд. Биноан, духтарони рустоӣ аз тарсу ҳароси пирдухтару бебахт шудан, омодаанд, ки таҳсилнодидаву шахсияти номзади ояндаро наомӯхта, бо ӯ издивоҷ намоянд.
Хулоса, барои пешгирӣ аз никоҳи бармаҳалу ҷудошавии оилаҳо пеш аз ҳама, мебояд, ки афкори оммаро оид ба моҳияти издивоҷ ва бунёди оилаи солим тағйир дод. Мардумро дар руҳияе тарбияву омода намуд, то аз ба таъхир афтодани издивоҷ ҳисси нигаронӣ накарда, баръакс касби ҳунару таҳсилоти олиро дар мадди аввал бигузоранд. То хонаводаи тоҷик дар шебу фарози рӯзгор бегазанд гардида, зан такягоҳи боэътимоди ҳамсари худ бувад ва наслҳои ояндаи кишвар дар домони модарони худшиносу бомаърифат ба воя бирасанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон