Ёсуманро хаставу парешонхотир дарёфтам.Аслан ӯ ҳар пагоҳӣ пас аз ман ба кор меояд ва хеле омирона салом дода пайи кор мешавад.Хеле зебо ва табиатан орому гамгапу шармгин аст.Баъзе ҷавонони идора ба ӯ ғоибона ошиқ ҳам шуда буданд ва ҳар нафар кӯшиш мекард дар ин роҳ пешсаф бошаду бо Ёсуман дӯстӣ кунад,аммо Ёсуман то ба имрӯз ҳам бо ҳама муносибати якхеле дорад ва ба касе имкони пешсафиро намедиҳад…
Рӯзҳо ва моҳҳо паси сар мешуданду кори мо ҳам дар идора якнавою якранг ҷараён дошт.Ёсуман бо ҳама унс гирифта буд ва гоҳ-гоҳе ба сӯҳбату шӯхиҳои мо шарик ҳам мешуд.Дар лаҳзахои шӯху хандаовар танҳо табассум мекард ва хандаи ӯро боре ҳам надидаам.Бароям аҷиб буд сарнавишти ӯ,зеро аз рафтору гуфтору ҳолати рӯҳияш аён буд,ки дарде дорад ва ҳамеша сари мушкиле андеша мекунад,аммо ба ҷурми серкорӣ ва ё камҷуръатиам наметавонистам дар ин маврид бо ӯ сӯҳбат кунам.Баъзан мехостам бипурсам, аммо таҳаммул мекардаму меандешидам,ки ба ман чӣ зарурат дорад донистани тақдири ӯ. Ман,ки зиндагии худро дорам,оилаю фарзандон ва агар пурсон шавам,боз хаёли бад накунад? Пас аз ин боз рӯзҳою моҳҳои дигар кӯр шуданду фасли тобистон фаро расид.Боре Ёсуман барои маслиҳат ба ман муроҷиат кард сари як мавзӯи корӣ.Маслиҳат додам ва мавзӯъ, ки иртибот дошт ба таҳсилу ҳаёти оилавӣ, худ аз худ аз боби таҳсилаш пурсон шудам.Гуфт замоне дар донишгоҳ мехонд, аммо падару модар ӯро ба шавҳар доданду дигар натавонист таҳсилро идома диҳад.Кунҷковиам боло гирифт ва пурсидамаш,ки чаро дигар нахондӣ? Посух дод,ки қабл аз тӯй қудо ва домод ваъда дода буданд,ки монеи таҳсилаш намешаванд ва ҳатто кӯмакаш мекунанд, то соҳиби диплом шавад,аммо пас аз издивоҷ талаб ва шарти онҳо дигар шуд. Ҳамин тавр, ӯ аз идомаи таҳсил маҳрум гашт.Шояд ба хотири сомони оила,тавлиду тарбияи фарзанд ва иҷрои дигар рисолату вазифаҳои хонаводагии суннатӣ метавонист ҳамаро таҳаммул намояд ва ин гардиши сарнавишро қабул намояд, аммо муносибату рафтори хушдоману падардомод зиндагиашро талх сохтанд.Ҳине, ки чанд сония ин суханҳоро гуфт, ваҷоҳаташ тағир хӯрд ва қариб ,ки гиря кунад.Лаҳзае пас илова кард,ки оқибат падари шавҳараш ӯро аз хона пеш кард ва риштаи пайванди зиндагиашро барканд.Дигар натавонистам ба ӯ савол диҳам, ки ба кадом айбу ба кадом сабаб ва ин муҳим ҳам набуд.Пас аз лаҳзае боз гуфт,ки мехоҳад таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад ва донишҷӯияшро барқарор намояд.Муроҷиат ҳам кардааст ба раёсати донишго, аммо раёсати донишгоҳ хоҳиши ӯро на инкор кардаанду на ваъда додаанд.
Танҳо як суоли дигаре додам ба ӯ,ки беихтиёр ба сарам омад.Пурсидамаш,ки Ёсуман, шумо дӯст дошта хонадор шуда будед,ё ки?… Ӯ табассуме карду бо ишори инкор сар ҷунбонд ва гуфт: Ман ӯро танҳо рӯзи тӯй дидам. Сипас миёни лаб ношунаво «оҳе» кашиду пас гашт ва аз ӯтоқи корӣ баромад. Ҳис кардам,ки дар дилаш дарду алами бисёре дорад,аммо намехоҳад,ки касе аз сарнавишти талхаш огаҳ бошад.Боз эҳсос ҳам кардам,ки бо вуҷуди нокомии зиндагиаш шикаста нашудааст ва талош дорад барои фардо. Шояд фарзанд ҳам дошта бошад, аммо дар ин хусус напурсидам. Андешаи ман сари дигар масъала чигил шуд ва саволҳои зиёде печ хӯрданд.Чаро то ҳанӯз баъзе волидон ба хотири манфиатҳои худ,ба хотири расму оийинҳои то ҷое кӯҳнагашта ва ба хотири ҳарчӣ тезтар аз духтаронашон «халос» шудан саодату хушбахтии онҳоро қурбон мекунанд? Чаро ҳанӯз ҳам дар асри 21,дар ҷомеаи навин мо тафаккуру андеша,рафтору гуфтор ва мақому манзалати худро ба давру замон мутобиқ карда наметавонем? Чаро зоҳирамон муосир мешаваду ботинамон кӯҳна? То кай бо тақдири фарзандон,бахусус духтарони худ бозӣ мекунем? Оқибаташ ана ҳамин гуна аст,ки Ёсумани зебо ва бегунаҳро ба домонаш печид! Магар ӯ орзую ҳавас надошт? Магар ӯ интизори ишқу муҳаббату меҳру вафо ва саодати оилавӣ набуд? Буд! Ӯ зиндагиашро дигаргуна мехосту интизори хушбахтиаш буд, аммо ба ҷурми ҳукми волидон ва расму русуми тақдиркуш натавонист сар боло кунад ва хилофи раъйи падар барояд.Оқибат «дурандешӣ» ва «тадбирҷӯйи» волидон барои хушбахтиаш фиреби қисматаш шуданд. Шояд онҳо ҳам инро намехостанд, аммо шитобзада шуданду духтари нозанини худро дар ибтидои зиндагӣ ба коми ноумедиҳо андохтанд! Ин гуна сарнавиштҳо, тақдирҳо ва нокомию ноумедиҳо хеле зиёданд.Касе аз ин сабақе мегирад,касе онро ба гардани тақдиру сарнавишт бор мекунад,ки гӯё аз азал чунин будааст! Не,ҳазор бор не! Ҳар чӣ мекунему аз он подоше мегирем, ҳосили ақлу заковату тафаккуру рафтору гуфтори мост! Пас чӣ мебояд? Намедонам,ки ман рисолати касеро панду насиҳат кардан дошта бошам ва ё маслиҳате додан? Шояд надорам,зеро ман ҳам мисли ҳама як инсони заминӣ ҳастам,ки дар зиндагӣ гоҳе хато мекунам, гаҳ пешпо мехурам ва гоҳ ниёз дорам ба маслиҳату дастури касе,аммо дар ин маврид таҳаммулу тадбир ҷустан беҳтар аст дар қиболи саросемагию шитобкорӣ ва бо ҳавои дил амал кардану қарор баровардан. Падару модарони азиз,бо тақдиру сарнавишти фарзандон бозӣ накунед! Садои қалби онҳо,орзую омолашонро фаҳмед,нақшаю ниятҳояшонро донеду сипас бо маслиҳату ризоияти хонаводагӣ ба қароре оед! Ин насиҳат нест,балки як даъвати дӯстона аст. Боқӣ, боз худатон медонед!
Боз рӯзҳои дигар ба чеҳраи хеле зебою вале ғамгини Ёсуман менигарму дилам таҳ мекашад ва эҳсос мекунам,ки ҳамраҳи ӯ қалби ман ҳам дард мекунад.Дилам месӯзад ба ӯ, вақте ӯро рӯ ба рӯ мебинам. Танҳо як умедворие ҳам ҳаст,ки рӯзе Ёсуман таҳсилашро идома медиҳаду дар зиндагӣ шояд ба шахсе рӯ ба рӯ ояд ва муҳаббат риштаи гусастаи тақдиру ноумедиҳоро бипайвандад.Танҳо ба ӯ иродаи мустаҳкаму рӯҳи шикастнопазир ва дили саршор аз умеду орзуҳоро таманно дорам. Мегӯянд,ки вақте дар қалбҳо умед мемирад,зиндагӣ ҳам мемирад. Умедҳоро накушед,ноумед нашавед ва мубориз бошед барои бахту тахти худ,зеро дунё ба умед аст!
Камол