Аз 26 ҳазор аҳолии ноҳияи Балҷувон 13 ҳазору 953 нафарро бонувон ташкил мекунанд, ки аз ин теъдод 6 ҳазору 737 нафарашон занҳои қобили меҳнат мебошанд.
Зан дорои чунин қудрате аст, ки метавонад башарро
аз пастиву гумномӣ ба баландиву иззат бирасонад.
Андре Моруа
Маълумоти оморӣ
Тибқи иттилои бахши Кор бо занон ва оилаи ноҳия имрӯз теъдоди бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба 36 нафар мерасад. Ҳамчунин, 12 нафар бону дар ноҳияи Балҷувон роҳбарии хоҷагиҳои дехқониро ба уҳда дошта, 33 нафар ба соҳибкорӣ машғуланд. Дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва маориф шумораи бонувон наздики 200 нафарро ташкил медиҳад. Намояндаи халқ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби бонувон 8 нафар аст. Теъдоди умумии бонувони фаъол дар соҳоти гуногун наздики 900 нафар арзёбӣ мешавад.
Балҷувон аз лиҳози нуфуси аҳолӣ дар радифи яке аз ноҳияҳои хурди вилояти Хатлон номнавис шуда бошад ҳам, саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаву фаъолият дар соҳаи хидмати давлатӣ чашмрас аст.
Яке аз дастовардҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, ин расидагӣ ба мушкилоти аҳолӣ аст, ки дар он роҳбарияти ноҳия нақши занонро арзанда унвон мекунад. Мувофиқи маълумот дар соли 2012 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ номаи шикоятие аз ҷониби сокинони ноҳия ба унвонии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ирсол нашудааст.
Дар хусуси бонувони роҳбар
Аз рӯйхати пешниҳодшудаи сарварбонувони ноҳия нахуст исми Зулфия Кобулова, мудири раёсати молияи ноҳияро интихоб карда, ба суроғаш рафтем. Аз рӯйи суханони ҳамкасбонаш ин бонуро дар ҷойи кор на танҳо чун роҳбар эҳтиром мекунанд, балки чун устоду роҳнамо эътироф намудаанд. Аз суҳбат огоҳ гаштем, ки ӯ фаъолияти касбиро аз вазифаи ҳисобчии одӣ сар карда, дар вазифаҳои сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Балҷувон, сардори шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Балҷувон фаъолият доштааст.
– Баъди хатми мактаби миёна курси кӯтоҳмуддати ҳисобчигиро дар шаҳри Кӯлоб хатм намуда, ба кори амалӣ гузаштам. Баъди гузаштани солҳо ва каме соҳиби таҷриба шудан, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳисоби бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа супурда, онро соли 2004 хатм намудам, – мегӯяд мусоҳибам.
Ин ҷо суханони муовини раи-си ноҳияи Балҷувон Мавлуда Оймаҳмадова дар хусуси ӯ ба хотирам омад, ки мегуфт: «Зулфия Кобулова дар кор серталаб ва дар муносибат шахси беҳтаринанд. Дар соҳаи фаъолияти ин бону на ҳар кас байни мардон муваффақу соҳибэҳтиром мегардад. Ӯ андешаҳои қолабии «зан ба ҳар кор қодир нест»-ро шикастааст».
Худи Зулфия Кобулова муваффақияти касбиашро аз муҳити хубу созанда дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бонувон медонад. Ин бону ҳаётро бо ҳама пастию баландиҳояш имтиҳоне ҳисобида, сабру таҳаммулро дар зиндагӣ аз беҳтарин фазилати инсонӣ меҳисобад.
Қудрату тавони мардонаи бонувони балҷувониро дар вазифаҳои роҳбарикунанда занҳои зиёд бо кору пайкори хеш дар соҳаҳои гуногун собит намудаанд. Файзигул Маҷидова, раиси Ҷамоати деҳоти Бал-ҷувон яке аз он бонувонест, ки қаблан роҳбарии идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияро ба уҳда доштааст.
– Раиси деҳот будан, масъулияти ҷиддиро аз роҳбар талаб мекунад. Ин масъулиятест, ки инсон чун саркору пешво ва роҳнамо бояд ҳамеша барои рафъи мушкили мавҷудаи мардум саҳмгузор бошад. Ба хусус, дар ҳамин давру замоне, ки масъалаҳои ҳалталаб дар деҳот бештар шудаанд, – мегӯяд Файзигул Маҷидова.
Ба гуфти вай бештари мушкилоти сокинон имрӯз рабт бо камии замини наздиҳавлигӣ ва масъалаҳои дигари хонаводагӣ дорад.
Пешрафт дар муқоиса маълум мешавад
Агар ба таърихи чанд сол пеши ноҳия назар андозем, дар вақти интихоби бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда масъулин бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Як мисоли одӣ ин аст, ки соли 2010 барои ишғоли вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кадри маҳаллӣ пайдо нашуд ва Шарофат Отаеваро аз вилоят сафарбар карданд. Ҳамчунин, соле пеш Маърифат Зоирова, муовини раиси ноҳия, ба ҳайси раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят таъйин гардиду бо сабаби тайёр набудани кадрҳои маҳаллӣ Мавлуда Ояҳмадоваро, ки раисии кумитаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҲХДТ-ро ба уҳда дошт, ба Балҷувон фиристоданд.
Бо дарки мушкили кадрӣ аз ҳисоби бонувон, муовини раиси ноҳия Мавлуда Ояҳмадова, занони кордонро аз гӯшаву канори ноҳия ба кори хидмати давлатӣ ҷалб намуд. Ҳоло ӯ бо боварӣ мегӯяд, ки дигар дар ҳолатҳои тағйироти кадрӣ онҳо мушкили норасоии кадрҳои маҳаллиро эҳсос нахоҳанд кард.
Сокинони ноҳия аз ташаббуси наҷибонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсису бунёди Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии сайёҳӣ - хидматрасонӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон, изҳори сипос менамоянд. Тибқи нақша дар баробари ба фаъолият оғоз намудани ин омӯзишгоҳ 400 нафар сокинони ноҳия дар шароити муосир ба таълиму тадрис машғул хоҳанд шуд.
Дастгирии кадрҳои маҳаллӣ
Қобили тазаккур аст, ки духтарони тариқи Квотаи президентӣ дар омӯзишгоҳу донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, ба ноҳия баргашта, дар беморхонаи марказии Балҷувон ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ба фаъолият машғуланд. Вақте атрофи масоили тайёр кардани кадрҳои худӣ аз ҳисоби бонувон бо Мавлуда Ояҳмадова, муовини раиси ноҳия, суҳбат доштем, гуфт, ки тобистони соли гузашта духтари рустоие баъди хатми факултаи дандонпизишки ДДТТ ба ноҳия ба кор омад. Аммо дар беморхонаи марказӣ ягон шароит барои фаъолияти ҳуҷраи духтури дандон вуҷуд надошт. Табиби ҷавон борҳо дар суҳбат бо ман иҷоза мепурсид, ки: «Муаллима, ризоят диҳед то ба Душанбе баргардам, наметавонам ин ҷо бо дипломи олӣ бекор нишинам». Оқибат аз ҳисоби буҷети ноҳия таҷҳизоти зарурии дандонпизишкиро дастрас намуда, як ҳуҷраи кории хубе барои ин дандонпизишки ҷавон муҳайё кардем, ки имрӯз бо дасту дили гарм ба мардум хидмат мерасонад, – қайд мекунад, М.Ояҳмадова.
Имрӯз барои таъмини бонувони ноҳияи Балҷувон бо ҷойи кор ва омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ имкониятҳо зиёданд. Дар таъмини бонувон бо ҷойи кор дар баробари мақомоти давлатӣ соҳибкорони инфиродӣ низ саҳмгузоранд. Баъди ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Ширкати «Ҳасан-компания» 50 нафар бонувон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Боиси зикр аст, ки дар Балҷувон барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва иҷроиши барномаи давлатии омода намудани мутахассисон аз ҳисоби бонувони маҳал диққати махсус дода мешавад. Зеро масъулин дарк кардаанд, ки роҳи раҳоӣ аз бештари мушкилоти иҷтимоӣ дар тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ва ҷалби занҳои хонашин дар истеҳсолот ниҳон аст.