Аксар дар он андеша буданд, ки муносибатҳои оиладорӣ дар муҳити хонавода кори шахсии ҳар инсон аст ва дахолат ба он норавост. Аз ҷониби дигар ҳамин гуна ақида ҳам буд, ки муносибатҳои ноҷури муҳити оилавӣ наметавонанд ба раванди фарҳанг ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Ҳатто асрори оилавиро ифшо кардан аз нигоҳи меъёрҳои оиладории суннатӣ айб меҳисобиданд. Миёни мардум мақоли маъмуле ҳам ҳаст, ки чунин мефармояд: «Сари кафида зери тоқӣ».
Воқеан, дар ин мақол як фалсафае ниҳон аст. Албатта, дар муҳити хонаводагӣ ихтилофу ноҷуриҳо ва баъзан ҳамдигарнофаҳмӣ рух медиҳанд ва касе аз ин ноҷуриҳо эмин буда наметавонад. Ва ҳама асрори хонаводагӣ ҳам набояд дастраси умум гардад, яъне масоили сирф марбути оила бояд дар доираи оила ҳаллу фасл гардад. Аммо вақте хушунат ҳуқуқу манфиатҳои як тарафро поймол месозаду оиларо чун асоси ҷомеа нопойдор мекунад, барои андешидани чораҳои дигар зарурат пайдо мегардад. Дар таҷрибаи мардуми мо барои ҳалли масъалаи ихтилофҳои оилавӣ шахсони рӯзгордида, хешу табор ва руҳониён чун миёнаравҳо нақш мебозанд. Ин тадбир натиҷаи мусбат ҳам ба бор меорад ва то имрӯз як усули маъмули аз миён бардоштани низоъҳои хонаводагӣ маҳсуб меёбад. Чунин тадбир ва усул бештар дар русто роиҷ аст, аммо дар муҳити шаҳр ихтилофу низоъҳои оилавӣ то ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасанд ва баъзан моҳу солҳо идома меёбанд. Ҳама даъвою ситезаҳои аъзоёни як хонавода, ки ба ҷурми бетадбирӣ ва хушунат рух додаанд, аз доираи оила берун омада дар нишастҳои судӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Нигоҳи аҳли ҷомеа имрӯз ҳам ба ин раванд манфӣ аст, яъне аксар дар он ақидаанд, ки масоили оилавӣ набояд аз остонаи хона ба берун барояд ва дастраси умум гардад. Ва боз мегӯянд, ки ихтилофу низоъҳои оилавӣ кирои суду судбозӣ нестанд ва ба амнияту осудагии ҷомеа халале ворид намесозанд.
Аммо гузашти вақт ва ҳаводиси чанд соли охир нишон дод, ки ин назарфиребӣ будааст. Баръакс, муҳити ноҷури як хонавода метавонад вазъи як маҳалларо нигарон созад. Вазъи ноҷури руҳию равонӣ, таҳқиру таҳдидҳо ва ҳатто маҳдудсозии хуқуқҳои баъзе аъзоёни хонавода метавонанд амалҳои ғайрро дар муҳити берун аз оила тавлид созанд. Дар ин миён хушунат чун зуҳуроти бисёр бади вақт сарчашмаи ҳамин ноҷуриҳо гашта буд. Ин масъала тайи чанд муддат аз ҷониби мутахассисон ва коршиносон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Бо вуҷуди ба роҳ мондани чораҳои пешгири кунанда, ин зуҳурот аз миён нарафт. Ҳатто ба ҷурми зуроварӣ дар оилаҳо ҷиноятҳои вазнин ҳам содир шуданд. Бо назардошти вазъияти ба амаломада зарурати қабули як санаде ба миён омад, ки пеши роҳи хушунатро дар хонавода бигирад. Ҳамин тавр, 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Мақсади асосии ин санад ҳимояи ҳуқуқ ва пойдории оила ҳамчун асоси ҷамъият муаррифӣ гардид. Хуб, қонун қабул шуд ва онро татбиқ мебояд! Аммо дар ҷомеаи анъанавӣ ва суннатие, ки муносибатҳои вижаи хонаводагӣ ҳукмрон ҳастанд, дигар кардани низоми муносибату муомила ва рафтору гуфтор ба осонӣ нахоҳад буд. Пушида нест, ки дар хонаводаҳои мардуми мо низоми мардсолорӣ роиҷ аст ва танзими ҳама муносибатҳо дар ин поя сурат мегиранд. Ин ҳеҷ бадие надорад, аммо дар таҷриба гоҳ-гоҳе мардҳо бо сӯистифода аз ин мақомашон ба амалҳои ноҷо даст мезананд. Масалан, хушунатро дар оила чун меъёри тарбия ва низом ба кор мебаранд. Агар қаблан ин амалҳои онҳо подоше намегирифтанд, аммо имрӯз тибқи қонун тадбирҷӯӣ мешаванд. Ҳуқуқҳои ҷабрдидагон имрӯз мутобиқи санади мазкур ба низом дароварда мешаванд. Ба ҷабрдидагон кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонда мешавад. Мақомоти ваколатдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оилаҳо муваззаф шудаанд, то дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешанд. Тибқи қонун мақомоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои офиятбахшии тиббию иҷтимоии хушунатдидагон вазифадор шудаанд.
Хуб, имрӯз вазъият чӣ гуна аст? Ҳанӯз ҳам маърифати хонаводагии бархе аз оилаҳо, муносибату рафтору гуфтор, усули таълиму тарбияи фарзандон нигаронкунанда аст. Дар бисёр ҳолатҳо дар ин гуна оилаҳо вазъи ногувори руҳию равонӣ ба миён меояд, ки оқибаташ беморию ҷудоию ноҷуриҳои дигар аст. Бисёре аз мутахассисон дар он назаранд, ки имрӯз аксари мардону занон бояд ба зиндагӣ ва оиладорӣ нигоҳи дигар дошта бошанд. Ин маънии онро надорад, ки расму ойинҳои миллии оиладорӣ сарфи назар шаванду низоми дигаре ҷорӣ шавад. Не! Танҳо фарҳангу маърифат ва фаросати хонаводагиро дар ҳошияи он ҳама меъёрҳои миллию авлодӣ ва суннатӣ таҳким бахшидан лозим, то эҳтирому эътиқод ва муҳаббату садоқат дар оилаҳо пойдор бимонад. Аз ҳама муҳим меъёрҳои ҳуқуқиро риоя бояд кард! ХУШУНАТ маразест, ки МУҲАББАТРО мекушад ва ҶАҲОЛАТРО эҷод месозад. Пас, дурр будан аз хушунат ва бо ишқу орзуҳои нек зиндагӣ кардан мояи асосии таъмини низом ва маром дар оилааст.
Бонувони Тоҷикистон