Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кор бо занон ва оила Хайринисо Юсуфӣ
- Имрӯз Ҳукумату давлати Тоҷикистон барои беҳдошти ҳаёти бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чӣ чораҳо андешида истодаанд ва дар ин самт кадом санадҳои хуқуқӣ ба тасвиб расидаанд?
- Аз ҷониби давлату ҳукумат ҷиҳати беҳдошти рӯзгори бонувон муттасил тадбиру тасмимҳои муҳиму муассир роҳандозӣ мешаванд, ки бешак дар тақвияту густариши саҳму нақши бонувон дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Ҳанӯз 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки дар шинохти асолату рисолати занон ва таҳкими мақоми онҳо дар умури роҳбарӣ нақши созанда дошт. Ин фармон қутбнамое буд, ки бонувони талошгару ибтикормандро дар ҷодаи сарварӣ ва доштани нақши муассир дар раванди ҷомеа роҳнамоӣ кард ва рӯҳбаланд сохт. Фармон имкони мусоид фароҳам овард, то бонувон дар қабули қарору қонунҳои сарнавиштсоз саҳм дошта бошанд. Баъдан Барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» қабул гардиданд, ки чун давоми мантиқии фармони зикршуда барои фаъолияти густурдаи бонувон дар низоми роҳбарӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд. Хушбахтона, имрӯз бонувон ба таъсиси созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Давлату ҳукумат дар ин ҷода низ онҳоро дастгирию пуштибонӣ мекунад. Маҳз бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.07, 2006, таҳти № 307 «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2008, №448 дар бораи «Барномаи грантҳои президентӣ» барои занони соҳибкор аз соли 2008 то соли 2010» ба тасвиб расид, ки барои иҷрои он ҳар сол аз буҷаи давлат як миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон ба хотири тавсеаи саҳми бонувон дар рушди кишоварзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2004, №196 «Дар бораи дастрасии занони деҳот ба замин» қабул гардид, ки ин фаъолияти баробари бонувонро бо мардон дар ин соҳа таъмин менамояд.
- Имрӯз на ҳама духтарон имкон доранд, ки баъди хатми мактаб таҳсили худро идома диҳанд ва касб омӯзанд.
- Мусаллам аст, ки бонувонро ба фаъолияти созандаи ҷамъиятиву сиёсӣ маҳз аз замони таҳсил дар мактабу донишгоҳ бояд омода кард. Вале дар деҳоти дурдаст духтарони лаёқат-манди зиёде ҳастанд, ки имконоти маҳдуди рӯзгорашон дар таҳсили минбаъдаи онҳо монеа эҷод мекунад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 19 апрели соли 2001, таҳти №199 барои ин духтарон имкон фароҳам овард, ки бидуни супоридани имтиҳон ба донишгоҳҳо дохил шаванд. Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ифтитоҳ ёфт, ки дар он беш аз сад нафар ятимдухтарон аз хонаводаҳои камбизоат бо манзил, ғизо, либос, компютер ва мошинҳои дарздӯзӣ таъмин гардида, бо машғулиятҳои омӯзишиву тафреҳӣ фаро гирифта шуданд.
- Шумо ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кор бо занон ва оила кору фаъолият доред. Иртиботи шумо бо бонувони Тоҷикистон дар мавриди баррасӣ ва ҳалли масоили рӯзгорашон чӣ гуна аст?
- Ман талош меварзам дар қабули қонунҳое, ки ба беҳдошти рӯзгори афроди ҷомеа дар ин самтҳои муҳим мусоидат мекунанд, саҳм дошта бошам. Яке аз қонунҳои муҳиме, ки бевосита зери назари ман таҳия ва пешниҳод гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ аст. Ин қонун дар ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода, ки мутаассифона, солҳои охир бештар ба назар мерасад, таъсири мусбат хоҳад дошт. Ҳоло ба таҳияи қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак машғул ва масъул ҳастам ва умедворам, ин қонун низ санади хубе дар ҳифзи ҳақи атфол хоҳад буд. Қабули аризаҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон аз рисолатҳои аслии намояндагони мардумист ва банда низ дар рӯзҳои қабул ба муроҷиатҳои шаҳрвандон посух мегӯям. Мекӯшам дар ҳалли мушкилоту масоили зиндагии хусусиву иҷтимоияшон ва ба мақомоти масъул расондани арзи ниёзашон саҳм гирам.
- Ба бонувон чӣ таманно доред?
- Таманнои ман ба бонувони тоҷик рӯзгори сабзу шукуфони онҳост. Мехоҳам онҳо дар зиндагӣ ҳамеша ҳақталош, маърифатҷӯ ва ибтикорманд бошанд. Доштани ин сифатҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд гарданд.
- Ташаккур барои суҳбат! Муваффақ бошед!
Бонувони Тоҷикистон