Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон сол аз сол рӯ ба афзоиш аст. 1-уми июли соли 2004-ум Қарори алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба тасвиб расида буд.
Тибқи ин қарор мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла вазорату кумитаҳо ва раисони вилояту ноҳияҳо барои ба таври мунтазам андешидани чораҳои пешгирикунанда вазифадор карда шудаанд.Таҳлилҳои прокурорӣ нишон доданд, ки фаъолияти сохторҳои сатҳи вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ дар мавриди иҷрои қарори мазкур самарабахш нест ва афзоиши ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон мушоҳида мешаванд.
Қаблан бояд қайд намоям, ки худкушии шаҳрвандон муаммои нав нест. Аз азал, яъне аз ибтидои пайдоиши инсон ҳодисаҳои худкушӣ ҷой дош-танд ва барои кам кардани чунин ҳолатҳо одамон доимо мубориза мебурданд.
Дар қарнҳои пайдоиш ва паҳн гардидани дини мубини Ислом ҳам ин муаммо ҷой дошта, дар бораи ба инсон нораво будани амалҳои худкушӣ оятҳои Илоҳӣ нозил шудаанд. Мутаассифона, дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои худкушии шаҳрвандон мушоҳида мешаванд.
Агар дар соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 122 воқеа ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2012 ин адад ба 136 расидааст, яъне 14 ҳолати ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон зиёд шудааст. Дар ин давра дар 74 (соли 2011-82)- ҳолат занҳо ва дар 62 (соли 2011-40) ҳолат мардҳо худкушӣ ва суиқасди худкушӣ кардаанд. Аз ин 45 нафарашон ноболиғон, аз он ҷумла 23 нафар духтарҳо ва 22 нафари дигарашро писарбачаҳо ташкил медиҳанд , ки аз инҳо 33 (соли 2011-19) нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар натиҷа 86 (соли 2011-71) нафар фавтидаанд, ки 40 нафарашон мардҳо ва 46 нафарашон занҳо буданд. Миёни 37 нафар ноболиғони фавтида 17 нафар писар ва 20 нафар духтарҳо буданд.
50 (соли 2011-51) нафари дигар бошанд, аз марг наҷот дода шудаанд.
Усулҳои худкушӣ ҳам дигаргуна ва васеъ шудаанд. Тахлили вазъ нишон медиҳад, худкушӣ омилҳои обективӣ ва субъективӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, криминалӣ ва психологиро доранд.
Дар тамоми ҳолатҳое, ки гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, занҳо дар натиҷаи ба таври мунтазам ҷой доштани хушунат аз ҷониби шавҳар, ё хушдоман ба вазъияти ногувор гирифтор шуда, роҳи халосиро дар маҳрум кардани худ аз ҳаёт дидаанд.
Санҷишҳои прокурорӣ муайян карданд, ки аз тарафи муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ошкор кардани шахсони ба бемориҳои рӯҳӣ гирифторшуда ва табобати доимии онҳо корҳои профилактикӣ гузаронида намешаванд. Дар натиҷа теъдоди зиёди ин гуна беморон, ки ба ғамхорӣ ва табобат ниёз доранд, аз қайд берун мондаанд ва беморони дар қайд қарордошта бошанд, дар лаҳзаҳои хуруҷи беморӣ мавриди табобати зарурӣ қарор намегиранд.
Таҳлилҳо муайян карданд, ки аз 136 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасди худкушии шаҳрвандон 54 нафарашон гирифтори бемориҳои рӯҳӣ буда, аз ин 21 нафар дар қайди маркази равонпизишкӣ ва духтурони минтақавӣ нестанд. Волидайни ин шаҳрвандон бошанд, аз бемории фарзандонашон ба мақомоти тандурустии ҷойи зист хабар надодаанд.Маҳз чунин камбудиҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба афзоиши худкушӣ мусоидат кардааст.
Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон ва ҷавонон низ ташвишовар буда, дар пешгирии онҳо кормандони муассисаҳои маорифи вилоят бетарафӣ зоҳир менамоянд.
Мутаассифона, тарбияи онҳо дар рӯҳияи қавииродагӣ ва ҳаётдӯстдорӣ дар сатҳи паст қарор дошта, беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Дар мактабу донишгоҳҳо ноболиғону ҷавонон ҳангоми дучор шудан ба мушкилиҳои зиндагӣ ба сустиродагиву кӯтоҳандешӣ роҳ дода, дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкушӣ мезананд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки 33 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 нафар донишҷӯ даст ба худкушӣ задаанд.
Санҷишҳои прокурорӣ муайян карданд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба худкушии ноболиғон ва хурдсолон хизмати психолог ва равоншинос ташкил карда нашудааст.
Академик-прокурор А.Ф.Кони дар рисолаи таҳлилии худ вобаста ба худкушии ҷавонон ва наврасон диққати ҷиддӣ дода менигорад:
“Дар бисёр ҳолатҳо дар Аврупо ва Русия кинематография ба филмҳои фаҳшу зӯроварӣ, пур аз яъсу ноумедӣ рӯ овардаанд. Наврасон ва ҷавононро тамошои ин филмҳо ба роҳҳои бад ва хато мебаранд.
Педагоги барҷаста Сухомлинский ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода, қайд менамояд, ки дар наврасон ва хурдсолон бояд завқи табиии дӯстдории ҳаёт, меҳнат, инсондӯстӣ, боварӣ ба ояндаи худро тақвият бояд дод.Таълими нодуруст ва сухани ноҷои омӯзгор ва падару модар метавонанд дар шуури наврас яъсу ноумедӣ ва нобовариро нисбат ба худ ва муҳити ӯро фарогирифта ҷой диҳанд. Ин ҳолат метавонад ба бадбахтиҳои азим,ҳатто ба худкушӣ расонад.
Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ боз як ҳолати ташвишовар дар ҳудуди вилоят ошкор карда шуд, ки ин вазъият ягон нафари моро бе тараф монда наметавонад. Аниқтараш соли 2012 ду воқеаи аз ҷониби хешу табор ва наздикони шахсони ба худкушӣ даст зада пинҳон намудани ҳолати мазкур аниқ карда шудааст. Яке аз сабабҳои асосии пинҳон намудани воқеаҳои худкушӣ ва сари вақт ба қайд нагирифтани онҳо, ин набудани ҳамкорӣ миёни раисони маҳал, ҷамоат ва нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Сари вақт ошкор накардан ва санҷиш нагузаронидан, боиси мушкилоти зиёд мегарданд.
Қайд кардан зарур аст, ки пешгирии худкушии шаҳрвандон танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, набуда, тибқи Қарори алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳою кумитаҳо вазифадор карда шудаанд. Вале аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудаанд. Бинобар ин, лозим аст, ки вохӯриву мулоқотҳоро бо мардум бештар намуда, дар мактабу донишгоҳҳо ёрии психологиро бояд ҷорӣ кард. Хеле бамаврид мебуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, шаҳрвандони камбизоат ва инчунин бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои имконпазир андешида шаванд.
Оид ба гуноҳ будани худкушӣ дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Ислом, навиштаҳои фақеҳони бузурги олами ислом, асарҳои бузургони классики адабиёти форсу тоҷик панду ҳикмати зиёде оварда шудаанд ва хуб мешуд, ки ходимони дини вилоят дар такя ба ин фармудаҳо таблиғотро барои ҳаёти солим ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бештар мекарданд.
Соли равон, 19 март Қонуни ҶТ ”Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ таҳти рақами 954 қабул гардид. Қонун аз 4 боб ва 26 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар оила танзим менамояд. Вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. Риоя ва иҷроиши бечунучарои ин қонун, бешубҳа, имконият медиҳад, ки ин падидаи номатлуби ҷомеа то андозае кам гардад.
Варқа Зайниддинов, ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ
ва таблиғотӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум