Дар гузашти на он қадар дур никоҳи хешутаборӣ миёни мардум чун оини вижа муҳтарам буд ва хонаводаҳо баъзан фарзандони худро аз гаҳвора бо ҳам ба истилоҳ «ҷуфт» мекарданд. Як расме ҳам буд бо номи «гаҳвора-бахш», яъне волидон кӯдакони худро қаблан шарики якдигар мекарданд.Чун онҳо бузург мешуданду аз ин «қарор»-и волидон огаҳ мегардиданд, тааҷҷуб мекарданд. Гоҳе шудааст, ки ба ҷурми ин оин миёни хешу табор низоъ бархоста, баъзе духтарон бешав-ҳар ҳам мондаанд. Гоҳи дигар ин аҳду паймонҳо боиси бунёди оилаҳои маҷбурӣ гашта, оқибат номуродию бадбахтиҳо овардааст. Як мақоли маъмули мардумиро ҳама дар ин ҳолатҳо чун далели муътамади хушбахтии фарзандон медонанд.Онро медонем, яъне «Модар розӣ, Худо розӣ».
Воқеан, хеле олӣ фармудаанд.Дуою ризоияти модар, фотеҳаи неки волидон барои фарзандон мушкилкушои ҳама кору пайкорашон аст. Ин анъанаи хеле неку дар зиндагӣ исботшударо касе инкор нахоҳад кард, аммо чаро ин гуфтаҳоро дар пайванди фарзандон, бунёди оилаҳои ҷавон ҳатмӣ ва ногузир мешуморем? Бале, ҳангоми хонадоршавӣ ризоии падару модарро гирифтан неку савоб аст ва онро калиди некбахтию хушрӯзӣ медонанд, аммо боз саволҳои дигар пеши рӯ меоянд, ки посухи амиқу муътамад мехоҳанд. Масалан, чаро баъзан ба писарамон духтари дӯстдоштаашро хонадор намекунем, ё баръакс? Чаро пофишорӣ карда маҷбурашон месозем, ки духтари интихобкардаи шуморо (шояд духтари амма, тағо, амак, хола) ба занӣ гиранд? Ин якравию боз ҳам далел овардани ҳамон мақоли маъмул «Модар розӣ, Худо розӣ»-ро чун охирин шарт пешашон мегузорем? Албатта, фарзандон наметавонанд алорағми қавоиди ҷомеаи суннатӣ, ки эҳтирому ҳукми волидонро болотар аз ҳама медонанд, амал намоянд. Сипас, баъди чанд муддат ё соле оила вайрон мешавад ва шумо иштибоҳи худро хоҳед фаҳмид, зеро дар ин гуна оилаҳои ҷавон, ки ба ҳукми шумо бунёд шудаанд, меҳру муҳаббат набуд. Ва ё фарзандони носолим ба дунё меоянду шумо онро боз аз қазову қадар медонед.
Дар ҷомеаи суннатӣ расму оинҳо, анъанот ва одатҳои вижа асрҳо аз насл ба насл мерос монда пояи фарҳангу тамаддуни миллиро асос гузоштаанд. Воқеан, миллати мо бо фарҳангу тамаддуни ҷаҳонофаринаш дар Машриқу Мағриб мақоми хосе дошт ва дорад, аммо имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар пояи ана ҳамин фарҳангу тамаддун ва беҳтарин расму оинҳо боз аз рушди илму техника ва воқеияти зиндагӣ бархурдор бошем. Мавзуъ, ки сари никоҳи хешутаборӣ аст, аз он дур намешавем. Пас, биёед, андеша кунем, ки ҳаёти солими хушу гуворо беҳтар аст,ё ноҷӯрию бадбахтию мушкилот?
Албатта, ҳеҷ як падару модар бадбахтии фарзандони худро намехоҳанд, аммо зиндагӣ на ҳама вақт бар муроди мост. Дар бисёр ҳолатҳо бетадбирӣ, осемасарӣ ва якравию худхоҳии мо боиси ҳамин бадбахтиҳо мешаванд. Чаро мо андешаи худро дигар кардан намехоҳем, чаро воқеиятро эътироф намекунем ва чаро поӣбанди одатҳои солҳо дар зеҳну зиндагиамон муҳршуда ҳастем? Оё каме дигар шудан ва ҳамқадами замон будан душвор аст?
Шояд ба ин саволҳо шумо хоҳиши посух додан надошта бошед ва боз бигӯед, ки ҳамааш «сафсата», то имруз бобою бибиҳоямон ҳамин хел зиндагӣ карданд, «осмон ба замин начаспид-ку?». Ихтиёр доред ба қазовату ҳукм! Аммо ба далелҳои муътамади олимони соҳа чӣ мегуфта бошед?
Дар ҳазорсолаи сеюм илми тиб исбот кард,ки аксари бемориҳои хусусияти ирсидошта аз насл ба насл мегузаранд. Сироят ёфтан аз чунин бемориҳо миёни оилаҳое, ки бо никоҳи хешутаборӣ бунёд шудаанд, хеле зиёд аст. Эҳтимолияти таваллуди кӯдакони носолим дар ин оилаҳо ба фоиз болост! Генҳое, ки дар ҳар ду хешони зану шавҳаршуда носолим ҳастанд, боиси тавлиди тифли носолим мегарданд. Дар кишварҳои Исроил ва Ҷопон олимон ба хулосае омадаанд, ки насли аз никоҳи хешутаборӣ тав-лидшуда умри дароз намебинад ва қадашон аз дигар кӯдакон аз 5 то 7 см кӯтоҳтар хоҳад буд!
Ба андешаи баъзе олимон, агар аз никоҳи хешутаборӣ фарзандони солим таваллуд шаванд ҳам, аммо дар ҷараёни камолот ва ба воя расидан эҳтимолияти гирифторӣ ба бемориҳои гуногун зиёд мешавад. Аз қабили камақлӣ, инкишофи сусти орга-низм, каҷшавиии устухонҳо ва ғайра…
Никоҳи хешутабориро имрӯз аз паҳлуҳои мухталифаш бояд таҳқиқ ва тадбир кард, зеро сухан на танҳо оид ба кӯдакони носолим аст, балки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангии онро матраҳ сохт. Ин омил танҳо раванди хурди биологӣ ё психологӣ набуда, ба сохтори ҷамъиятӣ низ таъсир мерасонад. Агар як кӯдаки носолим тав-лидшуда, ё нуқси ҷисмонидошта бузург шаваду бо дигар хешу табор издивоҷ кунад, носолимҳо зиёд мешаванд. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе бемориҳо на дар насли аввали издивоҷи хешу таборӣ, балки дар насли баъдӣ хурӯҷ мекунанд. Гоҳе аз издивоҷ бо бегонагон ҳам тифлони носолим ба дунё меоянд, аммо вақте ташхис мешаванд, маълум мешавад, ки онҳо 1-2 насл қабл аз ин пайванди хешутаборӣ доштаанд. Олимони тиб мегӯянд, ки бештар одамони издивоҷи хешутаборидошта ба ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ, ошуфтаҳолӣ, хашму ғазаб, асабоният гирифтор мешаванд. Имрӯз дар дунё 3-4 ҳазор намуди бемориҳо мавҷуданд. Аксари онҳо ирсӣ буда табобатнашаванда ҳастанд, зеро онҳо дар натиҷаи нодуруст инкишоф ёфтани генҳо ба вуҷуд омадаанд.Илми тиб дар табобати ин гуна бемориҳо оҷиз аст. Муҳаққиқон ва олимон ҳанӯз дар қарни гузашта далелҳои муътамад оварда буданд, ки байни аъзои авлодҳое, ки хеши ҳамхун ҳастанд, насли ҷисману рӯҳан солим тавлид шуда боз ба дигарон омезиш ёфта насли боқуввати дигареро ба миён овардаанд.Ба ин маънӣ, ки никоҳи бегона барои тавлиди наслҳои бошууру пурқувват ва ҷисману рӯҳан солим бо хуни тоза ва ақлу заковати баланд мусоидат менамояд. Никоҳи хешутаборӣ решаҳои таърихӣ дорад. Ҳанӯз дар Мисри Қадим миёни фиръавнҳо барои тоза нигоҳ доштани насли худ издивоҷи хешони наздик роиҷ буд. Натиҷаашро баъди ҳазорсолаҳо олимон исбот кардаанд, ки аксари онҳо нуқсҳои модарзодӣ дошта, умри кӯтоҳ дидаанд. Имрӯз никоҳи хешутаборӣ дар кишварҳои Ҷопон, Ҳиндустон, Индонезия, Африқои Шимолӣ, Қафқоз, Афғонистон, Покистон, Сурия ба чашм мерасад, аммо дар қисми зиёди иёлоти ИМА, Ҷумҳурии халқии Чин, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Тайван ва Украина никоҳи хешутаборӣ манъ шудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои чунин издивоҷҳо дар қисме аз давлат-ҳои пешрафта машваратгоҳҳои махсуси тиббию генетикӣ фаъолият доранд, то арӯсу домод қаблан аз ташхис гузашта оилаи солим бунёд созанд. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди таблиғоту дастурҳо ва ҳидоят-ҳои пайваста никоҳи хешутаборӣ коҳиш намеёбад. Машваратгоҳи махсуси тиббию генетикӣ ҳам таъсис ёфтааст, аммо шаҳрвандон ба ҷурми боз ҳамон мафкураи қаблӣ машварат гирифтан намехоҳанд. Ҳанӯз ҳам донистан намехоҳем, ки издивоҷи хешутаборӣ метавонад паёмадҳои нохуш биёрад. На танҳо ба як хонавода, ё хонаводаҳо, балки ба ҷомеа, давлат ва оқибат ба миллат!
«Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад!» мегӯянд. Пас, қабл аз ба қароре ё ҳукме омадан дар бунёди оилаҳои фарзандон, тадбир ҷӯед ва садои қалби онҳо, орзую ниятҳошонро ҳам бишнавед, зеро онҳо ояндаи шумо ва давлату миллатанд. Чӣ хеле мегӯянд «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» Пасон, дуои нек диҳед, то хушбахту хушрӯз бошанд. Дар он сурат, барҳақ метавонем бигӯем: «Модар розӣ, Худо розӣ!»
Бонувони Тоҷикистон