Санавбар Рауфова яке аз 160 ҳазор маъюби Тоҷикистон аст, ки бо ду асобағал ва як доман печидагиҳову маҳдудиятҳо роҳ меравад. Ӯ дар тифлӣ ба бемории гангрена (фасод шудани ҷисм, пӯсидани бадан) гирифтор шуда, аз пойи чап маҳрум гардидааст. Мегӯяд, барояш сахт аст, вақте аз кӯча мегузараду ба ӯ бо нидои «чӯлоқ омад» ишора мекунанд. Таҳаммули маъюбият дар чунин лаҳазот як паҳлуи тарозу ва тоқати бардошти ин писханду истеҳзо дар паҳлуи дигари тарозу қарор мегирад. Мегӯяд, нигаҳ доштани тавозун агарчи сангин аст, ба ҳар сурат аз уҳдааш мебарояд, аммо андак-андак қоматаш дар натиҷаи бори гарони паллаҳои тарозу хамидаву шикаста мешавад.
– Нофаҳмиҳо дар ҷамъияту хонавода мавҷуданд. Ман наметавонам ҷомеаро айбдор кунам, ки маъюбонро на ба таври бояду шояд қабул доранд. Аз як ҷиҳат хуб аст, ки барои маъюбон мактабҳову парваришгоҳҳои алоҳида бунёд шудаанд, аз ҷониби дигар ҳамин муассисаҳои махсус боис мегарданд, ки маъюбон як қишри ҷудо аз ҷамъият шумурда шаванд. Азбаски бо ҷомеа иртиботи қавӣ надоранд, дар паси чордеворе зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа миёни ҷамъияти солим ва қишри маъюб фосила падид меояд, – меафзояд Санавбар Рауфова.
Танҳо Санавбар нест, ки ба ин ранҷу нофаҳмӣ гирифтор аст. Тибқи омори расмӣ 2 дарсади аҳолии Тоҷикистон ва ё бештар аз 160 ҳазор нафар гирифтори шаклҳои мухталифи маъюбият ҳастанд. Саида Иноятова, раиси созмони занони маъюб бо номи «Иштирок», мегӯяд, ки дар ҷаҳон аз 5 то 10 дарсад чунин сарнавишт доранд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон ин нишондод ҳамагӣ 2 дарсади аҳолиро дар бар мегирад, –мегӯяд ӯ.
– Наметавонам бигӯям, ки ин омори расмӣ то чӣ ҳад дақиқ аст, вале ба ҳар сурат шукр, ки он хеле кам аст. Созмони мо талош меварзад аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ин тоифа пуштибонӣ кунад. На танҳо занони маъюб, балки тамоми маъюбон аз набудани шароити мусоид ранҷ мебаранд. Вале занони маъюб тазйиқи бештар мебинанд. Дар оилаҳои суннатии шарқӣ ҷойгоҳи занро дар ошхона дидан мехоҳанд. Тасаввур кунед, ки як нафар ба маҳзи зан будан боз маъюб бошад, ҳоли ӯ чӣ мешавад?! – бо суол хитоб мекунад С. Иноятова.
Мавридҳои тазйиқ ва тамасхур ба занони маъюб аз ҳар ҷониб садо медиҳанд, – мегӯяд Саида Иноятова. Ҷомеа қабул надорад, ки зани маъюб модар ва ҳамсар бошад.
– Бархе занҳои маъюб барои машварат назди гинеколог мераванд. Ба хотири он ки бифаҳманд, оё метавонанд фарзанд таваллуд кунанд? Посухи гинекологҳо ин занҳоро ба даҳшат меоварад. Баъзе мутахассисон гуфтаанд, ки шумо маъюб ҳастед, ба шумо чӣ даркор муносибати маҳрамона, чӣ лозим аст ба шумо фарзанд? Бале, зан маъюб аст, аммо ин далел шуда наметавонад, ки фарзанди таваллудкардаи ӯ ҳам маъюб ба дунё меояд. Дуруст мегӯед, ки имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд доранд, вале ҳақ доранд ҳамсару соҳибхона бошанд, мис-ли дигарон зиндагӣ кунанд, корманд ва роҳбар бошанд, - илова мекунад ӯ.
Чунин занҳоро мустаҷоби дуо мепиндоштаанд ва мудом хайру садақот нисорашон мекардаанд. Ин ҳолат ҳам боиси тазйиқи занони маъюб будааст. Эшонро дар маҷмуъ як нафари муқаррарӣ намедонанд.
Аммо на ҳама чунин назар доранд. Бо мусоидати мақомоти давлатӣ ҳоло чанд созмони дохиливу хориҷӣ занони маъюбро дастгирӣ мекунанд. Яке аз чунин созмонҳо «Анҷумани ҳимоят ва кумаки Ҷопон» аст, ки давраҳои омӯзиши касбро барои чунин тоифа ба роҳ мондааст. Алеса Нормуродова, ҳамоҳангсози ин Анҷуман дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло давраҳои омӯзиши ройгони пазандагӣ, дӯзандагӣ ва ороишро барои занҳои дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта ба роҳ мондаанд.
– Омӯзиши баъзе касбҳо 6 моҳ ва бархи дигар 8 моҳ тӯл мекашад. Ба маҳзи омӯзиши касб, ин занҳо метавонанд ҳам аз ҷиҳати моддӣ худро таъмин кунанд ва ҳам ба ҷомеаи муқаррарӣ қадам бигзоранд. Ҳоло бархе аз хатмкардаҳои давраҳои омӯзишӣ дар муассисоти гуногун фаъолият мекунанд. Таббох ҳастанд, ё дар манзили худ ба дӯзандагӣ машғуланд, – меафзояд хонум Нормуродова.
Агар ба зиндагии ин занҳо жарфтар назар биафканем, онҳо на танҳо қобилияти аз худ кардани касбҳои гуногунро доранд, балки метавонанд соҳиби маълумоти олӣ бошанд. Санавбар Рауфова соҳиби маълумоти олӣ аст. Ӯ хидмат карданро барои ҳамтақдирони худ фаъолияти асосӣ меҳисобад. Ҳоло дар созмони «Иштирок» кор мекунад ва ба занони маъюб ёрӣ мерасонад. Неруяшро сарфи он хоҳад кард, ки назари ҷомеа ба маъюбон ба сӯйи мусбат тағйир ёбад.
- Маъюб калимаи арабӣ буда, маънояш дорои айб, ё боайб мебошад. Аз ин нигоҳ, агар назар кунем, кадом инсон беайбу комилан мубаррост? Бинобар ин, ҷомеа бо тазодҳояш устувору пойдор аст. Аз ин набояд фоҷиа бисозем. Набояд гуфт, ки «шал омад, кӯр омад, кар омад». Агарчи вожаҳои маъюбу дорои имкониятҳои маҳдуд дар нисбати афроди маъюб сад дар сад барои ман қобили қабул нест, вале аз ибораҳои фавқуззикр беҳтар аст. Аз тарафи дигар, зани маъюб ҳамонест, ки худро ҳамон тавр тасаввур ва қабул кардааст. Агар ман худамро одами барои ҷамъият нодаркор эҳсос созам, дигарон ҳам ба ман ҳамин гуна муносибат хоҳанд кард. Бо занони маъюб мо кор мебарем, ки худро шахси комили ҷомеа эҳсос намоянд, - мегӯяд Санавбар Рауфова.
Кӣ ҷуръат дорад ин гуфтаҳоро инкор кунад? Ҷомеа бо гуногуниаш ҷолиб аст. Ин ҳақиқат ҳам вуҷуд дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад доим солим бимонад. Пас, ҳар муомилае, ки нисбат ба ин тоифа раво медорем, қарз аст, ки рӯзе ба худамон бармегардад.
Ё. Ҳалимов