Дар вилояти Суғд никоҳҳои барвақтии духтарону писарон беш аз пеш меафзояд ва ин падида ба тадриҷ ба як навъ анъана табдил меёбад.
Назар ба суханони Маърифат Шокирова, мудири бахши гендерии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, никоҳҳои бармаҳал ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ алҳол яке аз масъалаҳои умда ба шумор меравад.
– Волидайн саъй менамоянд, ки ҳарчи зудтар фарзандони хешро хонадор кунанд, – мегӯяд Маърифат Шокирова. – Вале онҳо дар мавриди ин ки ҷавонон то чи андоза метавонанд мустақилона зиндагии хешро пеш бубаранд, камтар меандешанд.
Дар таъйиди суханони ӯ Барно Муҳаммадиева, мушовири бахши гендерии созмони байналмилалии «Занони Созмони Милали Муттаҳид» дар Тоҷикистон, иброз медорад, ки пажӯҳишҳо ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки яке аз омилҳои асосии ба зинаи савуми таҳсил фаро гирифта нашудани духтарон маҳз никоҳҳои бармаҳал ва ё иҷборӣ мебошанд.
– Он андеша, ки гӯё асосан хонаводаҳои камбизоат ба никоҳи бармаҳал розӣ мешаванд, ғалат аст, – иброз медорад Барно Муҳаммадиева. – Ин гуна духтаронро дар байни оилаҳои доро низ бисёр дидан мумкин аст. Ин дар ҳолест, ки онҳо медонанд, дар Тоҷикистон синни никоҳ аз 18-солагӣ муқаррар шуда, барои бунёди оила на танҳо омодагии ҷисмонии духтарон, балки камолоти ахлоқию равонии онҳо низ зарур аст.
Аз рӯйи маълумоте, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман интишор додааст, соли 2011 теъдоди ақди никоҳ нисбат ба соли 2008 11% кам шуда, теъдоди талоқ 1,3% афзудааст. Соли 2011 6760 ҳодисаи талоқ ба қайд гирифта шудааст. Агар дар соли 2008 ба ҳар як ҳазор ақди никоҳ 48,7 талоқ рост ояд, пас соли 2011 он ба 71,4 ҳодиса расидааст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як 14-умин оилаи бунёдшуда, аз ҳам пошидааст.
Ба андешаи Раъно Бобоҷонова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, никоҳҳои бармаҳал бештар дар ноҳияҳои кӯҳистону дурдаст ба назар мерасанд. Қисме аз ин никоҳҳо расман сабт нагардида, ҳамсарон вақте кӯшиши ба расмият даровардани никоҳи хешро мекунанд, ки ба онҳо санади расмие лозим шавад.
– Дар аксар маврид никоҳҳои барвақтӣ байни хешовандон баста мешаванд, – таъкид медорад Раъно Маҳмудовна. – Ҷонибҳо намехоҳанд сарват ва мероси хешро бегона кунанд. Гузашта аз ин, байни хешовандон як навъ эътимоду боварӣ мавҷуд аст ва онҳо мутмаинанд, ки ҳамсарони ҷавон баъд аз ба 18-солагӣ расидан, издивоҷи хешро ба расмият хоҳанд даровард.
«Рӯмол ба сар»- у «қайчиқудоӣ» русуми нав?!
Соли гузашта созмони байналмилалии «Занони Созмони Милали Муттаҳид» дар чаҳорчӯбаи як лоиҳа дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Ғазантараки ноҳияҳои Исфараю Ғончӣ назарпурсие дар мавзӯи «Ҳуқуқи занони Тоҷикистон аз нигоҳи никоҳҳои барвақтӣ» ба анҷом расонид, ки дар он 50 нафар ширкат варзид. Назар ба суханони коршиноси байналмилалӣ Зумрад Салдорбекова, ки натиҷаи он пажӯҳишро чанде қабл дар як ҳамоиш муаррифӣ кард, никоҳи барвақтӣ, ҳарчанд қонунан манъ аст, вале бо вуҷуди он чун як амри табиӣ дар бисёр минтақаҳои кишвар арзи вуҷуд дорад:
– Никоҳи барвақтӣ яке аз шаклҳои маъмули хушунат алайҳи духтарон аст, – арз медорад Зумрад Салдорбекова. – Зеро то лаҳзаи никоҳ аҳёнан майлу хоҳиш ва ризоияти духтар ба арӯсӣ пурсида мешавад. Яке аз омилҳои никоҳи барвақтӣ ин сатҳи пасти зиндагии баъзе аз хонаводаҳо аст, ки духтар барояшон як навъ сарборӣ маҳсуб мешавад. Ҳар қадар барвақт ӯро ба шавҳар бидиҳанд, ба ҳамон андоза зудтар аз як «нонхӯр» халос мешаванд. Илова бар он, никоҳи барвақтии духтар барои бархе аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам муфид аст.
Дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара анъанае роиҷ аст, ки духтарони 12-13-соларо ба писарон номзад мекунанд. Ин таомули нав «рӯмол ба сар» ном дорад. Зане аз ҷониби домоди ба хонаи духтардор омада, ба сари «арӯси оянда» рӯмоле меафганад. Чунин расм духтарро водор месозад, ки минбаъд ӯ ба мактаб бо рӯймоли сар биёяд ва аз иштирок дар ҳар гуна маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ даст бикашад. Ҷониби домод мекӯшад духтарро пас аз хатми синфи нуҳум аз мактаб бигирад ва маҳфили арӯсиро дар синни 17-солагӣ барпо намояд.
Хостгории духтарони ноболиғ як навъ нишонаи бозоргир будани онҳост. Аз рӯйи тафаккури қолабии мардуми русто духтари 20-сола гӯиё аз қатори духтарони серхаридор монда, ба гуруҳи «пирдухтарон» шомил мешавад. Одамон мекӯшанд ҳарчи зудтар духтарони худро «бо обрӯву номи нек» «хона ба дар» кунанд. Зеро ин барояшон як навъ нишонаи соҳиби иззату эҳтиром будан миёни мардум аст.
Симин (ном шартӣ) дар синни 17-солагӣ ба як ҷавони рустоӣ шавҳар кардааст. Ҳамсинфонаш ҳоло донишҷӯянд. Вале ӯ тайи ду сол ду кӯдак ба дунё овард. Ваъдаҳои то базми арӯсӣ додаи шавҳараш, аз қабили «ман туро ҳатман мехононам» дар ҳаво муаллақ мондаанд. Шавҳар муҳоҷири меҳнатист ва беш аз як сол аст, ки пул нафиристодааст. Симин ягон ҳунар надорад. Вай намедонад, ки бо ду кӯдаки хурдсол ба куҷо равад, чӣ кор кунад ва аз кӣ мадад ҷӯяд. Никоҳи осемасари онҳо гӯиё ба хотири ба дунё овардани ҳамин ду нафар фарзанд буд, ки домоди ҷавонро аз хидмати сарбозӣ наҷот дод.
– Яке аз омилҳои умдаи никоҳҳои бармаҳал ин бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ аст, – идома медиҳад Зумрад Салморбекова. – Муҳоҷират ва дар кишварҳои бегона издивоҷ намудани ҷавонон тавозуни ҷинсиро барҳам задааст. Дар баъзе деҳкадаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар деҳаи Ворух анъанаи «қайчиқудоӣ» маъмул аст. Иддае аз волидайн бар он андешаанд, ки қайчиқудоӣ, яъне табодули духтарҳо байни қудоҳо, оилаҳои ҷавонро устувор месозад. Вале дар амал на ҳамеша чунин будааст. Як нафар ҳамсуҳбати мо, ки раиси яке аз маҳаллаҳои Ворух буд, самимона иқрор шуд, ки тақрибан ҳар як дувумин оилаи кайчиқудошуда, дер ё зуд аз ҳам мепошад.
Як зани ворухӣ, ки қайчиқудо аст, иқрор шуд, ки аз қишри миёнаҳоли аҳолӣ аст. Шахси сарватманде барои хостгории духтараш омадааст ва як шарт гузоштааст: «Духтаратонро бо он шарте келин мекунам, ки ба писаратон духтари маро арӯс кунед».
– Хеле андешидем, – мегӯяд ӯ. – Охир, писари мо ҳанӯз мактабхон асту духтари қудошаванда мактабро се сол қабл хатм карда ва хонашин аст. Вале пас аз маслиҳат ба шарти қудошаванда розӣ шудем. Зеро, фикр кардем, шояд ин имконият дигар бароямон муяссар нашавад…
Никоҳҳои барвақтӣ ва анъанаи «рӯймол ба сар» боиси афзудани теъдоди ҳодисаҳои худкушӣ дар байни духтарони наврас низ гардидааст. Дар деҳаи Ворух тайи солҳои ахир ду духтари «рӯймол ба сар» даст ба худкушӣ заданд. Ҳамсуҳбатҳо мегӯянд, ки он духтарҳо аз тасмими волидайни хеш норозӣ будаанд.
Чунончи Мадина Саидхоҷаева, момодоя, иброз дошт, бинобар никоҳҳои барвақтию иҷборӣ занони ҷавон дар бисёр маврид ба бемориҳои гуногун, чун камхунӣ, асабоният ва ихлоли руҳию равонӣ мубтало мегарданд. Ҳодисаҳои исқоти ҳамли бармаҳал, марги кӯдаку модарон низ ба назар мерасад.
Ба андешаи Зумрад Салморбекова барои ҷилавгирӣ аз никоҳҳои барвақтию иҷборӣ бояд ба Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти давлатии ҳолати шаҳрвандӣ» илова ворид шавад, ки тибқи он барои ақди никоҳи духтарони ноболиғ волидайни ҳар ду ҷониб масъулияти яксон дошта бошанд ва дар назди қонун баробар ҷавоб гӯянд.
–Бояд ба қонунгузорӣ ҳамчунин иловаи дигаре дар мавриди бастани созишномаи ҳатмии никоҳ ворид карда шавад, то ҳуқуқ ва манфиатҳои молумулкии занону фарзандони онҳо қонунан ҳифз гардад, – хулоса мекунад коршиноси байналмилалӣ.
Домодҳои 16-сола?
Чунончи Муқаддама Ҳошимова, мудири шуъбаи САҲШ-и вилояти Суғд, иброз дошт, соли 2012 дар вилоят 26 689 ақди никоҳ сабт шудааст. Ҳамзамон 3165 оила аз ҳам пошидаанд. Соли гузашта тавассути қарори додгоҳ ба 260 нафар иҷозаи никоҳи барвақтӣ дода шудааст. Ин рақам дар соли 2010 27 ва соли 2011 90 ададро ташкил додааст. Қобили тазаккур аст, ки соли 2011 23 нафар духтарони 16-17-сола фарзанд таваллуд карда, дар шуъбаҳои САҲШ ҳамчун модарони танҳо сабти ном шудаанд.
– Ҳодисаҳои дар синни 16-17-солагӣ издивоҷ кардани писарон низ вуҷуд доранд, – иброз медорад Муқаддам Ҳошимова. – Ин никоҳҳо аксар байни хешовандон сурат гирифта, онҳо ин корро ба хотири бешавҳар намондани духтарони синнашон аз бист боло ба анҷом расонидаанд.
Назар ба суханони Абдуғаффор Шоназаров, муовини раиси суди вилояти Суғд, моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон дар ҳолатҳои истисноӣ иҷозат додани никоҳи барвақтиро кафолат медиҳад. Вале судя дар асоси аризаи воридшуда, ҳама ҳолатҳоро баррасӣ намуда, қарор қабул мекунад. Соли гузашта аз 12 аризаи воридшуда барои додани иҷозат ба никоҳи барвақтӣ ба 7 адад посухи рад дода шуд.
Ба андешаи соҳибназарон заминаҳо, сабабҳо ва оқибатҳои никоҳи барвақтӣ пажӯҳиши густурда ва фарогиреро мехоҳад ва хулосаҳои таъҷилию сатҳӣ вазъро дигаргун нахоҳад кард.
Тилав Расулзода