Дар бораи ӯ бисёр навиштаанду менависанд, вале ҳар дафъа ҳам паҳлуи дигари рӯзгораш накшуда мемонад. Чаро ки ҳеҷ як нависандаи бузург ҳам қодир нест, ки зиндагӣ ва рӯзгори ӯро, ҳамон тавре ки ҳаст, тасвир намояд. Ин зан рисолати дигаре низ дорад, ки он посдорӣ ва ҳифзи ҳама суннату анъаноти неки мардуми кӯҳистон аст.
Ин расму анъанаҳо ва суннатҳои миллӣ дар яке аз мавзеъҳои дурдасттарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҷамоати деҳоти Даштиҷум то ҳанӯз поку тоза ва беолоиш боқӣ мондаанд. Зеро занҳои ин ҷо дар пос доштану пеш бурдани назокатҳои ҳунарҳои мардумӣ пешдастиҳо доранд…
Суҳбати мо бо Сабзагул Саидова, як тан аз бонувони рӯзгордидаи ин диёр, сари масоили умдаи рӯзгор сурат гирифт:
- Барои як зан дар зиндагӣ доштани чӣ ҳунар муҳим аст?
- Мегӯянд, ки барои як мард чил ҳунар кам аст. Ба ин ҳикмати роиҷу раво афзуданиям: «Барои як зан сад ҳунар ҳам кам аст». Агар зан ҳунар надошта бошад, дар зиндагӣ азоби зиёд мекашад.
Модарам ва дигар пирони рӯзгор мегуфтанд, ки зан бояд ҳама ҳунарро дошта бошад. Ҳунарманд бори зиндагиашро бемалол мекашад ва ҳеҷ гоҳ ба мушкилие рӯ ба рӯ намешавад. Худам шоҳид будам, модарам дувоздаҳ фарзандро ба воя расонд.
Вақте ки соҳиби ақл шудем, моро ҳам ба зиндагӣ омода сохт. Бисёр сахтгир буд, намегузошт, ки вақтро барҳадар диҳем. Доимо моро ба коре банд ва асрори ҳунареро ифшо мекард. Тамоми корҳои хурду резаи рӯзгорро мо аз ӯ ёд гирифтем. Худоро шукр, ки ҳоло дар зиндагӣ ҳеҷ мушкилие надорам ва ҳар ҳунаре, ки барои як зан лозим аст, соҳибам. Нақш медӯзам, қалам мезанам, кокул мебофам, гулбаст мебандам, куртаву ҷома омода мекунам ва корҳои дигар.
- Шумо ҳам ин рисолатро барои фарзандони худ анҷом додаед?
- На танҳо ба фарзандони худ, балки ба келинҳо низ омӯзондаам. Имрӯз онҳо дар пеш бурдани рӯзгори худ душворие намекашанд. Шодам, ки озодона «ароба»-и худро мекашанд.
- Шумо аз модари худ ёд кардед, ки ӯ ҳунарманди хубе буд. Аз занҳои дигари ҳунарманди деҳа ҳам хотираҳо доред?
- Дар деҳа ҳунармандон хеле зиёд буданд. Бибиҳо - Лаълбегим, Савлатмоҳ, Занҷирамоҳ, Хайриннисо ва ҳунармандони дигар. Онҳо кони ҳунар, панду насиҳат буданд. Зане ба сар мебурд, ки мо момои Барг мехондем. Ин зани ҳунарошно кори як деҳаро буд мекард. Ҳунари табибӣ ҳам дошту косибӣ ҳам. Ҳама кор аз дасташ меомад.Чӣ мушкиле, ки меафтод, мардум ба вай рӯ меовард.
Вақт меёфту ҳунарҳоша ба духтаракон, ба онҳое, ки ҳавас доштанд, ёд медод. Мегуфт, ки мо рӯзе меравем, корҳои моро бояд дигарон давом диҳанд. Оини қишлоқдорӣ ҳамин аст.
Ҳазор раҳмат ба Пешвои миллат, ки ҳунарҳои мардумиро зинда карду ҳунармандонро шод. Дар Даштиҷум зани беҳунар нест. Ҳар кадом дар ҳунаре дасти расо дорад. Маҳсулоти ҳунармандӣ ҳам бисёр. Ҳунарманд ҳис кард, ки қадру манзалат дорад ва маҳсули ҳунараш даркор аст. Аз ин мо бисёр хурсандем.
- Завқи духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ чӣ гуна аст?
- Агар росташро гӯям, духтарони имрӯза ба ҳунарҳои занона он қадар шавқи зиёд надоранд. Пештар ин тавр набуд. Духтаре, ки ин ҳама ҳунарҳоро аз бар намекард, ҳеҷ гоҳ андешаи арӯс шуданро надошт. Аввал ҳама ҳунарҳои занонаро ёд мегирифт, ҷиҳози арӯсиашро бо дастони худаш медӯхт, баъд дар бораи издивоҷ фикр мекард. Хубии кор дар он аст, ки духтарон ҳоло зиёд ба мактабҳои олӣ мераванд, муаллима, духтур, раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, яъне мутахассисанд.
- Ба андешаи Шумо чун пири кор ҷавонон имрӯз шаби тӯй чӣ гуна либос пӯшанд? Куртаи чакану атлас ё фата?
- Духтари тоҷик, вақте ки атласу чаканро ба бар мекунад, чеҳраи аслиаш рӯшан мешавад, мисле ки гул дар чаман. Мо бояд либоси миллии худро дӯст дорему эҳтиром кунем. Боз интихоб аз худи ҷавонон аст.
- Баҳси бисёр куҳнае ҳаст, ки хушдоман аз келину келин аз хушдоман ризо нест, андешаи Шумо дар ин хусус?
- Дар ҳамоише чун намояндаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштирок доштам ва он ҷо сари ин масъала баҳс сар зад. Ҳама иштирокдорон хушдоманҳоро гунаҳгор карда, гуфтанд, ки маҳз онҳо боиси ҷанҷолҳои оилавии ҷавонон мешаванд. Аз ҷой хестаму гуфтам: «Эй мардум, инсоф ҳам лозим аст! Духтарро, ки шӯ додед, чаро қаблан ба ӯ ҳунар наомӯхтед, то фардо гапшунав нашавад? Агар зан ҳунарманд бошад, аз касе забонкӯтоҳ нахоҳад шуд».
Хушдоманҳо ҳам бегуноҳ нестанд. Ба сунҳор бояд чун ба фарзанди худ муносибат кунӣ.
- Барои пойдории хонавода аз ҳама бештар чӣ лозим аст?
- Аз ҳама муҳим - якдигарфаҳмӣ, муҳаббат, дӯстдорӣ, одаму одамгарӣ, адл, инсоф, раҳму шафқат. Ҳеҷ кас аз модар комил ба дунё наомадааст. Ҳама чиз оҳиста – оҳиста ташаккул меёбад, таҷрибаандӯхта, ки шудӣ, ҳамааш хуб мешавад. Зиндагӣ бо муҳаббату дӯстдорӣ ширин аст.
Ҳар ҷавоне, ки оила бунёд кард, бояд зиндагиро худ бисозад. Ҷигарбандон падару модарро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд. Охир, онҳо ҳам ба умед фарзанд калон мекунанд.
А. Зарифӣ,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин