Зеро тамоми дастоварду мушкилиҳои ҷомеа ба оила бастагӣ дошта, шароити иқтисодию иҷтимоӣ, муҳити маънавию солимии хонавода ба вазъи ҷомеа ва давлат таъсир дорад. Лутфия Ҷӯраева, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, иброз медорад, ки дар бартараф намудани мушкилиҳои ҷомеа бевосита бо оилаҳо, ки маркази маданию ахлоқи ҷомеа маҳсуб меёбанд, кор хоҳанд кард:
– Тамоми ҷаласаҳои назди раиси ноҳия аз масоили маънавиёт оғоз гардида, дар онҳо ҷалби оилаҳои намунавӣ дар бартараф намудани мушкилиҳои ҷомеа матраҳ мешаванд. Дар ин самт имомхатибон ва дигар неруҳои ҷомеа, ки робитаи мустаҳкам бо мардум ва обрӯмандони маҳаллаҳо дошта, суханашон байни мардум таъсиргузор аст, сафарбар шудаанд.
Қонун, ҳокимият ва халқ
Масъулони соҳаи маънавиёти ноҳияи Шаҳритус иброз медоранд, ки афзоиши қонунвайронкунӣ дар ҷомеа нишони заъфи воситаҳои фарҳангию иттилоотӣ дар минтақа аст, зеро иллати риоя накардани қонунҳо камсаводию беит-тилоотии шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, танҳо ҷазо додани вайронкунандагони қонун роҳи ҳалли масъала нест ва масъулони риштаи маънавиётро мебояд, ки дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб миёни сокинон саҳим бошанд.
Ба гуфти Лутфия Ҷӯраева, як роҳи ба низом даровардани ахлоқи ҷомеа ин риояи қонунҳо аз ҷониби худи мансабдорон аст, ки мардум аз онҳо ибрат мегиранд. Бубинед, вақте сокинони ноҳия дар пайравӣ ба мансабдорон баргузории ҷанозаро дар масҷид риоя мекунанд, дар муддати кӯтоҳ расми маросими ҷаноза аз хона ба масҷид кӯчид.
– Албатта, дар шикастани баъзе қолабҳои хурофотӣ, ки боиси норизоии мардум шуда метавонад, бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Зеро, гарчанде баъзе тасмимҳо аз лиҳози динию иқтисодӣ ба манфиати халқ бошад ҳам, аммо баъзан мардум аз ноогоҳӣ нисбат ба мақомот ҳисси норозигӣ пайдо мекунанд. Мисоли рӯшан мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки дар оғоз андешаҳои зидду нақиз ба бор оварда буд. Аммо бо гузашти вақт шаҳрвандон моҳияти қонуни мазкурро дарк намуданд, – мегӯяд ӯ.
Роҳ бар дили мардум
Таҳкими робита бо ҷомеа ва расидагӣ ба мушкилоти мардум муҳимтарин омили ба даст овардани эътимоди шаҳрвандон аст. Таҳлилу пурсишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки барои ҳокимияти иҷроия ва ҳар сиёсатмадор «хол»-и асосӣ ё худ боварии мардумро сазовор шудан, ин таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Дар ин самт роҳбарияти ноҳияи Шаҳритус бештар такя ба соҳибкорони маҳаллӣ дорад.
Умриннисо Мадмӯсоева, соҳибкори маъруфи ноҳия, таъсиси коргоҳ барои занони хонанишинро як воситаи муҳими ҳалли мушкилиҳои ҷомеа меҳисобад:
– Дар ноҳияи мо имконият барои таъсиси коргоҳ зиёд аст, аммо мавсими бебарқӣ монеи пешрафт мешавад. Зимистони гузашта бинобар норасоии неруи барқ 50% - и коргаронро ба рухсатии бемузд фиристодем, аммо дар баробари бартараф шудани мушкил теъдоди коргарон ва ҳамзамон ҳаҷми истеҳсолотро ба нишондодҳои пешин расондем. Зеро талаботи сокинони ноҳия ба 15 намуд либос ва дигар лавозимоти рӯзгоре, ки мо истеҳсол мекунем, рӯз ба рӯз меафзояд. Завқи баланди бонувони шаҳритусӣ ба сару либос буд, ки мо пайваста ҷаҳду талош мекардем, то талаботи онҳоро қонеъ намоем. Соли гузашта дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ-2012» сазовори ҷоизаи дизайнери беҳтарини сол гардиданамон маънои онро дорад, ки бонувони ноҳияи Шаҳритус дар интихоби либос завқу табъи баланд доранд.
Бону Умриннисо ташкили коргоҳҳои навро беҳтарин хидмати ҳар фард дар роҳи ватансозӣ арзёбӣ намуда, иброз медорад, ки таъсиси як ҷойи кор метавонад мушкили як оиларо бартараф намояд. Ман низ мекӯшам, ки бо дарёфти имкон доираи фаъолияти коргоҳро васеъ намуда, сехи нонпазиву кулчақандро сохта ба истифода диҳам.
Ӯ ният дорад баъди фаъол намудани сехҳои дӯзандагию қаннодӣ даст ба таъсиси дӯкони гилембофӣ занад. Зеро дар Шаҳритус ва ноҳияҳои атрофи он ҳунармандони қолинбоф сукунат доранду талаботи бозорҳои маҳаллӣ ва берун аз он ба қолин зиёд аст.
Солимии ҷомеа
Омили дувуми эътимоди мардум нисбат ба ҳокимияти иҷроия ин таваҷҷуҳ ва таъмини шароити хидматрасонии тандурустӣ ба мардум мебошад, мегӯянд сокинони ноҳия. Дар воқеъ таъмини табибони баландихтисос бо шароити мусоид аз муҳимтарин хостаҳои сокинони русто аст.
Бинобар гуфтаи Муҳаббат Тӯрақулова, мудири шуъбаи таваллудхонаи сохтори госпиталии ноҳияи Шаҳритус, дар баробари таъминоти аҳолӣ бо шароити солимгардонӣ, шаҳрвандон ба иттилоъ оид ба мавзуъҳои пешгирӣ аз бемориҳои ҷоғар, гурда, камхунӣ ва дигар бемориҳои занона ва роҳҳои дурусти танзими оила эҳтиёҷ доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошту солимии ҷомеа, рушди соҳаи тиб ва тайёр намудани мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи хосса дорад, – мегӯяд мусоҳиби мо.
– Таъмини ниёзмандон бо дору ва воситаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб, табобати ройгони бемориҳои равонӣ, диабети қанд ва баргузории вохӯриҳои воқифгардонии аҳолӣ оид ба масоили ташаккули ҳаёти солим, масоили ҳалталаби ҷомеа мебошанд. Хушбахтона, бо таъмин намудани беморхонаҳои ноҳия бо момодояҳо сатҳи таваллуди хонагӣ дар ноҳияи Шаҳритус 20 дар сад коҳиш ёфтааст.
Худшиносӣ аз мушкилот мераҳонад
Аз ҷониби дигар, ба қавли масъулони риштаи маънавиёти ноҳияи Шаҳритус, таъмини фазои иттилоотӣ ва фаъолияти воситаҳои фарҳангӣ роҳнамои мардум дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аст. Дар баробари беҳдошти сифати матбуоти маҳаллӣ ва кушодани маҳфилҳои фарҳангӣ-сиёсӣ, масъулони сохторҳои марбута бо баррасии мавзуъҳои ҳалталаби ҷомеа миёни мардум кор мебаранд.
Дар баробари ин мақомоти ноҳия ба рушду беҳдошти мавзеъҳои таърихии ноҳия таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус 11 ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Хоҷа Дурбод, Хоҷа Сарбоз, Тилло Ҳаллоҷӣ, Ҷоми Ҷам, Хоҷа Машҳад мавҷуд аст, ки ҳар яки он инъикосгари тамаддуни қарнҳои гуногуни таърих аст. Ҷалби таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон ба мавзеъҳои таърихӣ василаи хубест барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии шаҳрвандонамон.
Тибқи иттилои Лутфия Ҷӯраева дар доираи ҷалби насли наврас ба китобхонӣ, дар тамоми мактабҳои ноҳия ҳамоиши «Кӣ бештар китоб мехонад?» идома дорад. Тасмим гирифтаанд доираи ин чорабиниро васеътар намуда, насли калонсолро низ ба мутолиаи китоб ҷалб намоянд. Зеро неруи пешбарандае, ки ҷомеаеро ба роҳи созандагӣ роҳнамоӣ мекунад, мардумони босаводу худогоҳанд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов,
Душанбе-Шаҳритус-Душанбе