Соли 1978 баъди хатми омӯзишгоҳ барои кор ба парки трактории колхози Ленинград омад. Шавқу завқаш ончунон зиёд буд, ки ҳанӯз дар овони таҳсил, фориғ аз дарсҳо, ки шуд, бо трактори шудгоркунандаи тасмачархи Т-54 ба шудгору чапар кардани замини пахта машғул мешуд.
«Устодам амаки Тағай шабона замини пахтаро барои чапар задан тайёр мекараданду рӯзона кори шудгору чапарро ба ман бовар мекарданд. Вақте бо номаи камол ва ҳуҷҷати тракористӣ ба колхоз омадам, маро чун механизаторбонуи рақами 13 -ум ба қайд гирифтанд, яъне то ман шумори бонувони тракторист дар колхоз ба 12 нафар мерасид», - ёдовар мешавад апаи Эркиной.
Соли 1980 бо Сафар Холиқов ном ҷавони ҳамкасбаш ҳамхона шуду бо хости Худо соҳиби 6 тифлаки дӯстрӯ ҳам шуданд.
«Кори механизаторӣ бисёр мушкил аст. Хушбахтона, мо зану шавҳар якдигарро хуб мефаҳмидем. Тракторам вайрон, ки шуд, шавҳарам дарҳол ба кӯмакам меомад ва ба зуд онро ба кор медаровард. Дар ҷуфт кардани заминҳои калон ман ҳам ба ӯ кӯмак мекардам. Натиҷа ин шуд, ки аз бонувони механизатори ҷамоат ва ноҳияву минтақа ман ягона бонуе будам, ки муддати дароз, то соли 2008 дар паси чанбари трактор нишаставу кор кардам», - бо ифтихор мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Хоҷагии онҳо соҳиби 50 га замин буда, 30 гектари он барои кишти пахта ҷудо шудааст. Ҳамчунин, дорои боғ ва замини ғаллаву сабзавотҳои полезист.
«Имрӯз хоҷагии деҳқонии мо оилавист. Занҳои хоҳишмандро низ муттаҳид кардаем. Барои он маро саркори бригада таъин карданд, ки ман дар кори худ таҷриба ҳосил кардам ва ҳамаи роҳу усул ва қоидаҳои пахтакориро хуб медонам» – бо табассум мегӯяд апаи Эркиной.
Моҳбону Олимова яке аз он бонувонест, ки нони худу чаҳор фарзанди бепадарашро аз ҳисоби меҳнати ҳалолаш дар хоҷагии деҳқонии таъсисдодаи Эркиной Қодирова меёбад. Аз саркорхонумаш бисёр розист ва миннатдор аст, ки барои пеш бурдани зиндагиаш ба ӯ имконият додаст.
Воқеан мушкил аст кор дар замин. Аммо барои онҳое ки мисли апаи Эркиной умри бобаракати худро пайи корҳои саҳроӣ гузаронидаву солҳои ҷавониро маҳз бо меҳнат сипарӣ намуда, замин муқаддас аст. «Як рӯзи дурӣ аз кори саҳро бароям баробар бо як сол аст»- мегӯяд дар фарофарди сӯҳбат ва меравад думболи кору бори ҳаррӯзааш.
Билоли Шамс