«Духтари беақл! Беақлӣ аз ин зиёд намешавад! Бо ин кирдораш ба кӣ ҷабр кард? Ба худаш! Обрӯи авлода резонд! Сари ҳамаро хам кард»,- арақи ҷабинашро поккунон гуфт ронанда, ки аз гапҳон Назокат ва «Ба маҳаллаи дуюм ҳай кун!»- гуфтанаш, мақсадамонро пай бурда буд. Баъдан, ронанда, худро Асрор муаррифӣ карда, ба ман рӯ оварда афзуд: «Ҳамин шумо журналист-а? О, дар матбуот аз хусуси ҳамин гуна духтарони эркатулфори сабукфикр нависед намешавад? Ака ҳаққи ҷанг кардан надорад магар? Наход, ба як гапи ака: «Чаро баъди дарсҳо сар-сарӣ мегардӣ? Ба хона тезтар омада, ба саранҷоми корҳои рӯзгор, ба янгаҳоят кӯмак кунӣ намешавад?»-гуфтанаш духтари эрка «Чаро ман дар хона кор кунам? Мо янгаро барои чӣ овардаем? Ман падар дорам, зани худатро насиҳат кун!»- гӯён ба оғили гов рафта, сӯзишвориро аз сараш рехта, худро оташ занад? Ба ин духтар чӣ намерасид?»
-Зинда аст? Ӯро чӣ гуна аз коми оташ халос карданд?- кунҷкобӣ мекардам ман.
-Мо дар ҳамсоягии амаки Иброҳим истиқомат мекунем, хешу табор ҳам ҳастем. Доду фиғони ҳамсояҳоро шунида ҳамагӣ ба берун давидем. Чӣ манзараи даҳшатангезе дидем: Дар рӯи ҳавлии амакам гӯё як даста оташ медавид- ин сӯ он сӯ ва оқибат худро ба ҳавзи пури об партофт. Занони ба даҳшат афтода, фиғон мекарданд. Бародари ба балои азим дучоршуда худро ба ҳавз афканда, хоҳаршро берун овард. Ман дарҳол «Ёрии таъҷили»-ро даъват кардам…
Хонаи акаи Иброҳими носфурӯш бо идораи ҷамоат ҳамшафат буд. Тамоми кормандони ҷамоат, якчанд нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони мактаби маҳалла, ҳамсояҳо ба хонааш даро-баро карда, аз ду канори роҳи мошингард мошинҳои хурду калон қарор доштанд.
Хуллас, аз мошин пиёда шуда, осемасар ба ҳавлии носфурӯш даромадем. Баъзеҳо умуман ба мо эътибор намедоданд, баъзеҳо сӯямон нимнигоҳе афканда, ба пичир-пичири худ идома медоданд. Дар саргаҳи полез келини хурдии акаи Иброҳимро дида, ба наздаш рафтам. Вай гирякунон ба ҷавонзанҳои ҳамсолаш қиссаи худсӯзии хоҳаршӯяшро нақл мекард. Бо сарҷунбонӣ «одоби салом» ба ҷо овардаму дар наздашон нишастам.
Баробари маро дидан, келини хурдӣ оҳи бадарде кашида гуфт, ки ин ҷо шавҳараш гуноҳ надорад, ӯро милисаҳо беҳуда бурданд. Ва баъд афзуд: «Моҳира ба ман гоҳ-гоҳе аз ишқу ошиқиҳояш мегӯяд. Вай чанд рӯз боз бо димоғи сӯхта мегашт. Дирӯз, бегоҳӣ гуфт, ки он бача ба духтари дигар дил бастааст. «Худамро мекушам»,-гуфт. Насиҳаташ кардам, фаҳмондам, ки муҳаббати он ҷавон самимӣ набуда, ӯ булҳавас будааст ва аз ин ишқи ҳасакӣ сари вақт халос шудани Моҳира беҳтар аст. Ба гӯши духтар гапе намедаромад, бо димоғи сӯхта мегашт» …
Рӯзҳову ҳафтаҳо мегузаштанд. Худсӯзии духтараки 16-соларо ҳар кас ба таври худ тафсир мекард. Ман бо модари Моҳира ва бародараш дар беморхона вохӯрда, сӯҳбат кардам, ба шӯбаи корҳои дохила ва прокуратураи ноҳиявӣ рафтам. Касе касеро гунаҳкор намекард. Ба ақидаи ҳама гунаҳкор худи духтар буд. Мегуфтанд, ки ин ҳама аз бесаводӣ, надонистани ҳуқуқҳои худ, зудранҷӣ, сустиродагӣ сар мезанад. Ҷавонон кам китоб мехонанд, ба кори рӯзгор кам ҷалб карда мешаванд, волидайн «Аз қатор намонад»,-гуфта ба фарзандон телефонҳои қиматбаҳо, айнаку чувздонҳои қимат, пойафзолу либосҳои қимат мехаранд, ба дасташон пул медиҳанду намепурсанд, ки ба чӣ масраф мекунанд. Бисёр мехостам, бо худи Моҳира дар сӯҳбат шавам, аммо моҳҳо мегузаштанду вай ҳамоно дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона мехобид. Аз модари зору гирёни духтар гоҳе мешунидам, ки докапечашро кушодаанд, гоҳе мешунидам, ки ҷарроҳӣ карда пӯстҳои сӯхтаро бо пӯсти солими мавзеи думба ё ронаш иваз намудаанд. Чӣ азоби алиме! 80 фисади бадан сӯхта бо талошу ҷонбозиҳои духтурони ҳозиқу кордон духтар зинда мондааст. Ин ҷо гапи ронанда- Асрор ба ёдам мерасад: «Бо ин кирдораш Моҳира ба кӣ ҷабр кард?» Ҳайфи ҷавонӣ!
Ҳусния Ҳафизова