Танҳо чизе, ки аз он рӯзи шум ба хотири Зубайдулло мондааст, ин садои баланду ногаҳонии таркиши зери пояш аст. Баъдан табибон як пои ӯро аз зону боло ва пои дигарашро аз зону поён буриданд…
Аз рӯи гуфти коршиносон ноҳияи Рашт ҳанӯз солҳои 1991-1992 дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ минакорӣ шуда, мутаассифона, то ҳол қисмати бештари заминҳои хавфноки он тоза ва ё муайяну ишорашуда нестанд. Сокинони минтақа ҳангоми овардани об, чарронидани чорво, ҳезумчинӣ тез-тез аз минаҳо осеб дида, аз дасту по ва баъзан ҳатто аз ҳаёт маҳрум мешаванд.
Ба андешаи Райҳон Мӯминова – роҳбари бахши Кӯмак ба ҷабрдидагони минаи Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо аслан майдонҳои минаҳо дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуда, ҳоло куллан 25 ноҳияи кишвар чун ноҳияи хавфнок ҳисобида мешудаанд.
– Аз соли 1992 то имрӯз 478 нафар аз таркиши минаҳо захмӣ ва 368 нафар ҳалок шудаанд. Шояд қурбониҳои мина зиёдтар аз ин омор бошанд, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сабабҳои марг аксар вақт дақиқ карда намешуданд. Танҳо соли 2012 дар кишвар 12 ҳолати осеб дидан аз мина ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи нишондиҳандаҳо бештар вақт дар Тоҷикистон кӯдакон қурбонии мина мешаванд, – мегӯяд Р.Мӯминова.
Минтақаҳои хавфноки минакоришудаи кишвар асосан сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон (вилоятҳои Хатлону Бадахшон), ноҳияҳои тобеи Марказ (водии Рашт) ва сарҳади Тоҷикистону Ӯзбакистон (вилояти Суғд) ҳисобида мешаванд. Аз ҷамъи умумии ҷабрдидагони мина 54 фоизашон сокинони ноҳияҳои тобеи марказанд.
Тоҷикистон чун аъзои Созишномаи Оттава аз санаи 1-уми апрели соли 2000 то санаи 1-уми апрели 2010 «Барномаи мушаххаси поксозии минаҳо»-ро бо кӯмаки созмону ташкилотҳои байналхалқӣ рӯи даст гирифтааст, аммо бо сабаби мавҷуд будани мушкилоти фанниву молӣ ва ба иҷро нарасидани корҳои ба нақшагирифта, ин мӯҳлат барои 10 сол, яъне то соли 2020 тамдид карда шуд.
Муҳаббат Иброҳимов, директори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо мегӯяд, ки аз рӯзи ба фаъолият оғоз кардани ин марказ, яъне аз соли 2003 то имрӯз дар маҷмӯъ 88 майдон пурра аз мина тоза карда шуда, барои истифодабарӣ ба масъулини маҳалҳо супорида шудааст. Мушкили асосии безараркунандагони мина дар Тоҷикистон, ин дар шароити кӯҳистон мавсимӣ будани кор дониста мешавад.
– Безараргардонии минаҳо кори басо мушкил аст. Фаъолияти мо аз боду ҳаво вобастагӣ дорад. Дар баъзе минтақаҳо имкони фақат 3-4 моҳ кор карданро дорем. Бар замми ин бо фаромадани ярчу кӯчиши кӯҳпораҳо ва ё зери об мондани заминҳо ҷои минаҳои ба қайдгирифта иваз мешаванд, ки ин кори моро вазнинтар месозад, мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Созишномаи Оттава, соли 2000 ба имзо расида, то имрӯз зиёда аз 160 давлати ҷаҳон онро қабул намудаанд. Мувофиқи ин созишнома захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қӯшунии пиёдагард манъ аст.
Дар моддаи 1-и Созишнома гуфта мешавад:
1. Ҳар як давлати узв ӯҳдадор мешавад ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолатҳо:
а) минаҳои зидди қӯшуни пиёдагардро истифода набарад;
б) минаҳои зидди қӯшуни пиёдагардро ихтироъ, истеҳсол накунад, бо роҳҳои дигар ба даст наорад, захира накунад, нигоҳ надорад ва ба ҳеҷ кас, бевосита ё бавосита надиҳад;
в) ягон касро кӯмак, ҳавасманд накунад ва ба ягон тариқ ба амалӣ намудани фаъолияте, ки тибқи ҳамин Конвенсия ба давлати узв манъ шудааст, таҳрик намояд.
2. Ҳар як давлати узв ӯҳдадор мешавад тамоми минаҳои зидди қӯшуни пиёдагардро нобуд созад ё нобудсозии онҳоро тибқи муқаррароти ҳамин Конвенсия таъмин намояд.
Дар Тоҷикистон ҳам барои муваффақ амалисозии шартҳои Созишномаи Оттава ва поксозии минаҳо аз соли 2003 Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мина таъсис дода шудааст. Вазифаҳои асосии Марказ инҳоянд: безарарсозиву аз байн бурдани захираҳои мина, тоза намудани заминҳои минакоришуда, огоҳии аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок, кӯмак ба зарардидагони мина.
Бояд қайд кард, ки тӯли 10 соли фаъолияти Марказ 34,5 ҳазор минаҳо ва дигар намуди маводи тарканда дарёфту безарар гардонида шудааст.
Гулноза Б.