Бо ибтикори ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе - «Имконият» имрӯз, 29 март маъюбони шаҳри Душанбе гирди хони наврӯзӣ ҷамъ омаданд. Бархе аз ин маъюбон мегӯянд, ҳадаф аз ташкил кардани маъракаҳои оммавӣ ва таҷлили суннатҳои миллӣ аз ҷониби эшон расонидани паёмҳоест, ки аз ҷониби ҷомеа баъзан нодида гирифта мешаванд.
Сановбар Раупова, як маъюби дараҷаи 2 аз вазъи худу афроде мисли ӯ нигарон аст. Вай мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон биноҳо сохта мешаванд, мактабу мағоза сохта мешавад, аммо бидуни дар назар гирифтани имконияти маъюбон.
- Моро набояд дар ҷамъият сарфи назар кунанд. Агар чи имконияти ҷисмонии мо кам аст, вале аз дигар инсонҳо камӣ надорем. Ҳич нафар кафолат надорад, ки то охири умр бардаму солим боқӣ мемонад. Бино бар ин, ҳар сохтмоне, ки мешавад, сар аввал бояд имконияти афроди маъюбро ба инобат гирифт, - меафзояд Сановбар.
Сановбар мегӯяд, дар хӯрдӣ гирифтори бемории гангрена (фосид, пӯсидани ҷисм) шуда, дар натиҷа пои чапашро комилан буридаанд. Ҳоло бо асобағал роҳ меравад ва дар нақлиёту сохтмонҳо ба сахти болову поин мешавад.
Танҳо набуди шароити вижа дар нақлиёту сохтмонҳо нест, ки Сановбарро нигарон кардааст. Балки муносибати ҷамъият низ боиси руҳафтодагӣ ва дилозурдагии ӯст.
- Масалан, вақте ман ба назди манзиламон наздик мешавам, ҳамсояҳо мегӯянд, «ана шал омад» ё «чулоқ омад». Ин тарзи муносибат барои ман бисёр сахт мерасад. Афроде мисли моро бояд маъюб ё дорои норасоии ҷисмонӣ бигӯянд. На шалу кару гунгу чулоқ, - мегӯяд Сановбар.
Дар ҳамин ҳол Саида Иноятова, раиси созмони занони маъюб бо исми «Иштирок» мегӯяд, бояд талоши бисёр кард, то ин навъи муносибат бо афроди маъюб бартараф гардад.
- Набояд инсонҳои маъюбро аз ҷомеа дур бидорем. Хуб аст, ки чунин маъракаҳои махсус барои маъюбон ташкил мешавад. Аммо ин ҳоло кам аст. Маъюбон ҳақ доранд дар дилхоҳ ҷамъомадӣ омавӣ ширкат кунанд, - меафзояд Саида Иноятова.
Ё. Ҳалимов