Ҳақиқати талх
Имрӯз аз пешравиҳо бештар гуфтан расм шудааст, хусусан вақте сухан дар бораи бонувон меравад. Агар ба зиндагӣ, талошу бозёфтҳои илмию адабӣ, муваффақиятҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа назари нек афканем, мебинем, Истиқлолият ба бонувони тоҷик шароити хубе фароҳам овардааст. Сол ба сол беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ, баланд рафтани мақому мартабаи зан дар ҷомеа, такмил ёфтани дунёи маънавии онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз минтақаҳои дурдаст, шинохти рисолати зан-модарро, ки ҳама файзи сулҳу субот дар кишвар ва дастгирии падаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, нодида гирифтан беинсофист. Мутаассифона, дар қатори ин ҳама муваффақияту созандагиҳо мушкилоте вобаста ба ҳаёти бонувон ба чашм мехӯранд чун ғуборе ба оинаи равшани хотир. Ҳарчанд ҳақиқат талх аст, вале онро гуфтан оини одамгарӣ ва бедории номусу виҷдон аст.
Баҳонаҳои беасос
Падидаи номатлубе, ки байни ҷомеаи мо чун доғи сиёҳ ба чашм мехӯрад, доман паҳн кардани беҳаёӣ, фисқу фуҷур ва ба кӯйи фоҷиабори фоҳишагӣ афтодани баъзе бонувон аст. Бо чунин бонувони гумроҳ борҳо ҳамсуҳбат гаштааму бо даҳшат эҳсос намудаам, ки барои эшон ҳаё, иффат, латофату назокати занона, оила, обрӯ, номусу эътибор барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҷаве арзиш надоранд. Чанде пеш бо чор ҷавонзане, ки фоҳишагиро «касб» меҳисобанду ба қавли худашон ғайри ҳамин «ҳунар»-и дигар надоранд, ҳамсуҳбат шудам. Яке мегуфт, ки шавҳарашро дар Русия куштанду бо чор фарзанди ноболиғ танҳо мондааст. Дигаре модарашро гунаҳгор меҳисобид, ки баъди ҷудоӣ аз падараш шавҳари нав карда тарбияи ӯро ба бибию бобояш ҳавола намуд, савум ба ҷойи ҷавоб бо тундӣ гуфт, ки бароям коре пайдо намоед, то дигар бо ин роҳ наравам , чорумӣ аз ҷавоб додан худдорӣ кард. Баҳонаҳои ин чоргонаи ба селоби мурдори фоҳишагӣ афтидаро шунида дар навори хотирам симои момои Паримоҳи ҳамдеҳаам зинда шуд, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ арӯс будаасту аз шавҳараш Саидраҳмон хати сиёҳ гирифтааст. Ба хотири руҳи шавҳари ҷавонмаргаш Паримоҳи 20- сола дигар шавҳар накарда, то охири умр вафодори ёри шаҳидаш монд. Ӯ барои волидонамон модар буду барои мо модаркалон. Ин зани наҷиб дар синни мубораки 85 оламро падруд гуфт, аз маргаш бист-биступанҷ сол сипарӣ гашта бошад ҳам, номаш чун рамзи покию вафодорӣ аз забони мардум канда нест.
Ҳаё аз гӯшаи имон аст
Солҳои ахир гусастани риштаи шарму ҳаё, ки анбиёи мо онро аз гӯшаи имон номидаанд, бисёр ба назар мерасад. Маҳз ҳамин беҳаёӣ ва гаравидан ба анъаноти ноҷойи Ғарб бархе аз бонувони моро аз роҳи рост берун кардааст. Агар таърихи вафодорию як умр интизори роҳи шавҳари дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон гаштаи занҳои тоҷик каме аз ёдҳо рафта бошад, садҳо нафар бонуро ба хотир биёред, ки имрӯз байни мо зиндагӣ мекунанду шавҳарҳояшон қурбони ҷанги бародаркушӣ гаштаанд. Ман аз ҳисоби ин гуна бонувон шинос-ҳои зиёде дорам ва мебинам, ки дар оила онҳо ҳам масъулияти падарӣ ва ҳам модариро ба ҷо меоранд. Маҳз тарбияи хуби оила, савод, маърифат ва фарҳанги воло дастгири онҳо гаштаву нотарсона монеаҳои зиндагиро аз сари роҳ бардоштаанд. Зани покдоман дар лаҳзаҳои мудҳиштарини зиндагӣ низ аз роҳи порсоӣ берун по нахоҳад монд. Ба хотири пайдо намудани як пора нони фарзандони аз меҳри падар маҳрум монда, худро ба кӯйи фоҳишагӣ задан на танҳо гуноҳ дар назди Худо, балки хиёнат ба ояндаи фарзандон аст. Зеро ин гуна беобрӯйиро халқ фаромӯш намекунаду он чун тавқи лаънат дар гардани набераю аберагони зани сабукпо овезон мемонад. Беҳуда гузаштагонамон нагуфтаанд, ки «Обрӯро бо зар харида намешавад» ё «Обрӯи рехтаро баргардондан амри муҳол аст». Акнун тасаввур кунед, ки фарзандон аз ин гуна модарон чӣ тарбияе мегиранд?
Мардон низ гунаҳгоранд…
Дар ин фоҷиа мардон низ гунаҳгоранд. Чаро? Ҳангоме ки духтар дар хонаи падар зиндагӣ мекунад, такя ба сутуни қомати падар намуда, баъд аз Худо ӯро соябону балогардони хеш медонад. Пас аз сари падар умеди апаю хоҳар ба бародар баста мешавад.Чун оиладор шуд худро дар паноҳи шав-ҳар орому осуда мебинад. Зан ҳар қадар бузург, сарватманд, оқила ва мансабдор бошад ҳам, бе мард як қаноти худро шикаста медонад. Мутаассифона, имрӯз ёфт мешаванд бародароне, ки ба хоҳари бадбахти худ бо меҳру дилсӯзӣ не, балки бо назари танқиду эрод нигоҳ мекунанд. Ёд дорам, боре ба як намояндаи ин «пеша»-и нанговар, ки маълумоти олӣ ҳам доштааст, эрод гирифтам, ки наход ҳамин қадар ҷавонзани хушрӯйи маълумотдор ба фоҳишагӣ машғул шавӣ? Ӯ дар ҳолате, ки аз нигоҳаш нафрат меборид, посух дод: «Ман аз акаи занкалони «подкаблучник»-ам қасд мегирам, охир, ӯ ба гапи занаш рафта маро аз хонаи волидон ронд! Бигузор шарманда шавад!». Ман ҳаргиз тарафдори ин бонуи ба фиреби қисмат афтода нестам, аммо аз тарафи дигар ӯро мефаҳмам. Охир, куҷо шуд он нангу номуси мусалмонию тоҷикӣ?! Оё бародар намедонист, ки хоҳари соҳибҷамолаш дигар ҷойи рафтан надораду баъди сари волидон такягоҳаш танҳо ӯст? Солҳои пеш мардон барои ҳифзи номусу шарафи на танҳо хоҳари хеш, балки духтари ҳамсояву ҳамдеҳа, ҳаммиллату шинос ба майдони набард мебаромаданд. Имрӯз бошад онҳо бетарафиро пеша месозанд. Бадбахтии дигар дар он аст, ки аз ҳисоби мардони тоҷик миёнаравҳои даюсе низ пайдо шудаанд, ки хоҳарони худро ба ивази маблағе ба аҷнабиён мефурӯшанд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси қудсӣ фармудаанд: «Тарс аз Худо дилро ҷило медиҳад». Худо кунаду ин ҷило дар қалби ҳар яки мо маскан дошта бошад.
Ҷавҳари Саидназар