Ба назар мерасад, ки имрӯз бонувон барои дарёфти маблағ бештар ба омӯзиши ҳунар рӯ меоранд. «Беҳтарин касб барои зан дӯзандагист», – мегӯянд таҷрибадорони маҳал.
Ба андешаи Марҳабо тамоми мушкили молии оилаашонро апаҳояш аз ҳисоби дӯзандагӣ ҳал мекарданд. Апаи калониаш ба шавҳар баромаду масъулияти таъмини оила бар зиммаи апаи дуюмаш гузашт. Ӯ ҳам ба қавле то «соҳибдор» шудан рисолати таъмингари оила буданро бе каму кост ба иҷро расонид.
Аммо баъди ин шароити моддии оила вазнин шуду Марҳабо ҳам аз деҳаи Аловуддин ба маркази ноҳияи Фархор омада, ҳунари дӯзандагиро аз худ намуд.
Мижгона Раҳимова, хонандаи синфи 11-и шаҳраки Фархор, низ барои омӯхтани касби дӯзандагӣ ба ин ҷо омадааст. Ӯ гуфт:
– Хоҳари калониам ҳам замоне дар ин ҷо курси думоҳаи дӯзандагиро хатм кард. Барои пеш бурдани зиндагӣ ба шавҳараш мадад мерасонад.
Ноҳияи Фархор 150 000 аҳолӣ дорад, ки қисмати зиёди онро бонувон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия ҳамагӣ чанд ҷойи омӯзиши касби дӯзандагӣ фаъолият мекунаду наметавонад ҳамаи хоҳишмандонро фаро бигирад. Дар деҳот бонувони чевар ангуштшуморанд. Бо сабаби гаронии иҷорапулӣ онҳо маҷбуранд фаъолияти хонагӣ дош-та бошанд.
Зебогул Ҷӯраева мегӯяд, ки аз ноилоҷӣ дар хона либос медӯзад.
– Дӯхти як куртаи одии матояш арзон 15 сомонӣ, матои гаронарзиш 30 сомонӣ аст. Ҳастанд шахсоне, ки мехоҳанд дар дӯхти либос аз гулкорӣ истифода баранд. Арзиши он вобаста ба дӯхт аз 120 то 200 сомонӣ мешавад. Ростӣ, бекор намемонам.
Шукрона Иброҳимова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Насима», мегӯяд, ки дар даврони шӯравӣ танҳо дар шаҳраки Фархор ва марказҳои ҷамоатҳо зиёда аз 300 бону ба кори дӯзандагӣ фаро гирифта шуда буданд. Аҳолии ноҳия қариб 30 фоиз камтар будааст. Ҳамсуҳбатам афзуд, ки эҳтиёҷоти бонувонро ба назар гирифта, дар назди ТҶ «Насима» сехи дӯзандагӣ ташкил карда бошад ҳам, аммо ин ҳанӯз кам аст.
– Ташкилоти ҷамъиятии «Насима» бо истифода аз грантҳои президентӣ ташкил ёфта, баъдан соҳиби се садяк замин шуд. Инак, соли сеюм аст, ки бонувон дар назди ин ташкилот ҳунари дӯзандагиву қаннодӣ ва кор бо компютерро меомӯзанд. Дар маҷмуъ 400 бону курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо ба итмом расонидаанд, – қайд кард Ш.Иброҳимова.
Мушкинисо Сангинмадова, сокини деҳаи Иттифоқ, аз бонувони хушбахтест, ки баъд аз хатми курси кӯтоҳмуддати ТҶ «Насима» соҳиби касб ва ҷойи кор шудааст. Модари чаҳор фарзанд аз он қаноатманд аст, ки моҳҳое, ки шавҳараш аз Россия пул намефиристад, метавонад фарзандонашро таъмин намояд.
Ба гуфти Гулрӯ Абдуллоева, муовини директори ТҶ «Насима», онҳо мақсад доранд бо истифода аз бонувони дар ин ташкилот омӯзишдида, дар маркази ҷамоати деҳоти ноҳия филиалҳои дӯзандагӣ ташкил намоянд.
– Ният дорем дӯхти либосҳои мактабиро ба роҳ монда, бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши харидорон намоем. Кӯшиш мекунем духтаронро аз оилаҳои камбизоат ба омӯзишу кор ҷалб созем, то барои пешбурди зиндагӣ омода бошанд. Бар замми ин, аксари духтарон, агар ба мактабҳои олӣ дохил нашаванд, ҳатман касби дӯзандагиро интихоб мекунанд.
Замоне филиалҳои фабрикаҳои дӯзандагӣ дар маркази ноҳияҳо фаъолият доштанд. Дар ҷамоатҳо ва деҳаҳои калон комбинатҳои хизмати маишӣ фаъол буданд. Сару либоси мактаббачаҳо низ истеҳсоли фабрикаҳои дӯзандагии ватанӣ буданд. Имрӯз ҳам бояд дар маҳалҳо аз ин тарзи корбарӣ истифода кард.
Агар дӯхти либосҳои мактабиро аз тариқи фабрикаҳои дӯзандагӣ ба роҳ монем, ҷойҳои кории доимӣ барои занҳо муҳайё мешаванд. Сафи занҳои муҳоҷир кам гашта, буҷети шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби даромади фабрикаҳо ғанӣ мегардад, – қайд кард Г.Абдуллоева.
Масъулини ТҶ «Нафиса» тасмим гирифтаанд оянда сехҳои қаннодӣ ташкил карда, қисмате аз бонувони ноҳияро бо кори доимӣ таъмин намоянд. Бошад, ки сафи бонувони фаъол дар маҳалҳо зиёд шаванду фардо рақибони арзандае пайдо кунанд, то бо ин роҳ ҳама соҳиби ҷойи кори арзанда ва зиндагии шоистае гарданд.
Билоли Шамс